Муҳаммад Мурсӣ дар толори додгоҳи Миср даргузашт
Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури собиқи Миср дар толори додгоҳ аз ҳуш рафта ва фавтидааст. Ба гуфтаи телевизиони давлатии Миср, ӯ ҳангоми муҳокима дар додгоҳ ҷон додааст. Ҷасадашро ба шифохона бурдаанд.
Муҳаммад Мурсии 67-сола, яке аз раҳбарони асосии Ихвон-ул-муслимин яке аз созмони исломии мамнӯъ дар Миср буд. Ӯро баъди як соли раёсати ҷумҳурӣ дар Миср дар соли 2013 баъди тазоҳуроти азими мардумӣ артиши кишвар барканор кард. Ӯ аввалин раиси ҷумҳуре буд, ки аз роҳи демократӣ дар интихобот раиси ҷумҳури як кишвари арабӣ шуд. Ӯро ба хиёнат ба ватан муттаҳам мекарданд ва аз соли 2013 дар зиндон буд.