Номи муттаҳамон дар суқути ҳавопаймои Малайзия эълон шуд
Додситонии Ҳолланд гуфт, се шаҳрванди Русия ва як шаҳрванди Украина бо иттиҳоми куштор ва нақши онҳо дар ҳамла ба ҳавопаймои Малайзия дар фарози Украина ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд. Дар ин ҳодиса дар соли 2014-ум 298 нафар ҷон бохтанд.