Дидори раҳбарони Амрико ва Чин дар замони “ҷанги тиҷоратӣ”
Расонаҳои давлатии Чин хабар доданд, ки президенти Амрико Доналд Трамп ва раиси ҷумҳури Чин Сӣ Ҷинпинг тавофуқ кардаанд, пас аз мулоқот дар Ҷопон музокироти тиҷоратиро аз сар мегиранд.
Хабаргузории расмии “Синҳуа” рӯзи 29-уми июн навишт, Вашингтон зидди колоҳои Чин таърифаҳои нав ҷорӣ намекунад, он тавре ки Трамп пеш аз мулоқот таҳдид карда буд.
Трамп билофосила бардоштани таърифаҳои навро тасдиқ накард, аммо гуфт, “мо бо раиси ҷумҳур Сӣ Ҷинпинг мулоқоти хубе доштем. Ман онро аъло мегуфтам.”
“Мо дар роҳи дуруст ҳастем”, --- афзуд ӯ ва гуфт, ду тараф ба зудӣ изҳороти расмии худро эълон мекунанд.
Мулоқоти раҳбарони Амрикову Чин дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои “Гурӯҳи 20” дар шаҳри Осакаи Ҷопон рӯзи 29-уми июн баргузор шуд. Доналд Трамп дар оғози суҳбат гуфт, барои муомилаи “таърихӣ”-и тиҷоратӣ бо Чин боз аст. Дар замоне ки Ҷинпинг ба президенти Амрико гуфт, “гуфтугӯ” беҳтар аз “рӯёрӯӣ” аст.
То оғози мулоқот Трамп ба гуфтугӯи “пурҳосил” умедвор буд, вале исрор мекард, ки агар дар ҳалли баҳси тиҷоратии ду кишвар пешрафте ба даст наояд, ба афзоиши таърифаҳо ба молу маҳсулоти воридотии Чин идома хоҳад дод.