Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Ноябрь
2019

Мулоқоти Эммануэл Макрон ва Эмомалӣ Раҳмон дар Париж. ВИДЕО

0
Мулоқоти Эммануэл Макрон ва Эмомалӣ Раҳмон дар Париж. ВИДЕО

Эммануэл Макрон, президенти Фаронса, рӯзи 8-уми ноябр бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кардааст. Хабаргузории "Ройтерс" навишт, дидори раҳбарони ду кишвар дар Қасри Елисейи Париж баргузор шуд. Ҷузъиёти суҳбат маълум нест.

Сафари расмии президент Раҳмон ба Аврупо, ки рӯзи 4-уми ноябр аз Швейтсария оғоз шуда буд, то 12-уми ноябр идома хоҳад кард. Раисиҷумҳур рӯзи ҳафтуми ноябр ба Фаронса рафт ва дар Париж бо роҳбари исмоилиёни ҷаҳон Оқохони 4 ва тоҷирону роҳбарони ширкатҳои азими Фаронса ҳам суҳбат дошт.

Дар остонаи дидори раиси ҷумҳури Фаронса бо Эмомалӣ Раҳмон, дастикам ду созмони муътабари дифоъ аз ҳуқуқи башар ва озодии матбуот аз Эммануел Макрон хостанд, ки ба масъалаи саркӯбу ҳабси мунтақидон, шиканҷа, маҳдудияти озодии баён ва маргумири боздоштшудаҳо дар Тоҷикистон "чашм напӯшад".

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар рӯзи 6-уми ноябр бо нашри номае гуфт, мутмаинан Эмомалӣ Раҳмон аз Фаронса пуштибонии сиёсӣ ва иқтисодиро дархост хоҳад кард ва "Макрон бояд ба усули худ содиқ бошад ва раиси ҷумҳур Раҳмонро аз сиёсатҳои саркӯбгароёна огоҳ кунад".

Созмони Хабарнигорони Бидуни Марз ҳам дар номаи расмӣ аз раҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла Эммануел Макрон хост, дар ивази равобити хуб бо Тоҷикистон аз ин кишвар эҳтиром ба озодии матбуотро тақозо кунанд.

Ин созмон тасмими Макронро барои мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон "фурсати хуб" барои матраҳ кардани масъалаи озодии баён дар Тоҷикистон номидааст. Ба иттилои созмон, аз соли 2016 ба ин тараф беш аз 20 хабарнигор зери фишор Тоҷикистонро тарк кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, гуруҳе аз мухолифони тоҷик, бо шумули намояндагони "Паймони Миллӣ", ки дар Тоҷикистон бар асоси қарори додгоҳ мамнуъ ва ифротӣ эълон шудаанд, рӯзи 8-уми ноябр дар Париж таҷаммӯи эътирозӣ баргузор карданд ва пазироии Фаронсаро аз президенти Тоҷикистон дар остонаи Инқилоби Кабири Фаронса "нанговар" номиданд. Онҳо озодии маҳбусони сиёсӣ, хатми шиканҷа дар зиндонҳо ва баргузории интихоботҳои озоду шаффофро талаб карданд.

Дар баёнияи мухолифон ибрози умед шудааст, ки Фаронса аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон хоҳад хост, "ба таъқибу фишори дигарандешон дар кишвар поён дода шавад ва аҳзоби сиёсӣ дар дохили кишвар озодона фаъолият кунанд ва ниёз ба паноҳ бурдан ба кишварҳои дигарро надошта бошанд."

Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз ба ин талабҳо вокуниш накардаанд. Вале онҳо дар гузашта гуфта буданд, ки баъзе аз намояндагони мухолифин ва вакилони мудофеъ на барои фаъолиятҳои касбии худ, балки ба гуфтаи онҳо "чанд ҷиноят" маҳкум шудаанд. Ҳамчунин мақомоти Тоҷикистон борҳо гуфтаанд, фаъолони сиёсие, ки ба кишвар бармегарданд, мавриди афв қарор хоҳанд ёфт.

Бино ба хабари расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ, шоми гузашта ҷамъе аз намояндагони "Гуруҳи 24", созмони дигари мамнуъ дар Тоҷикистон, дар назди макони баргузории мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва соҳибкорону сармоягузорони Фаронса бо муҳофизони раисиҷумҳури Тоҷикистон вориди муноқиша ва задухӯрд шудаанд. Ин моҷаро, ки бо муштзанӣ ва дашномҳои қабеҳ ҳамроҳ будааст, бо дахолати пулиси Фаронса поён ёфтааст. Намояндагони бахши муҳофизати президенти Тоҷикистон воқеаро шарҳ надодаанд.





Губернаторы России
Москва

Собянин: В июне в Москве пройдет цикл мероприятий для собак и их владельцев





Москва

Лидер движения «Всеармянский фронт» Аршак Карапетян 24 мая 2024 года встретился с членами Координационного совета российско-армянских организаций России и политологами


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: Трасса Солнцево — Бутово — Варшавское шоссе будет готова в 2026 году



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Бато Багдаев

Театрально-кукольные вести из Бурятского театра "Ульгэр": Россия, Культура, Театр, Дети - Серебряные звездочки засветились в буддийском дацане в Иволге




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

При поддержке MR Group прошел полумарафон «ЗаБег.РФ»

Марафон серий «Команды МАТЧ» на телеканале «СуперГерои» ко Дню защиты детей

САРАТОВСКИЕ СОТРУДНИКИ РОСГВАРДИИ ЗАНЯЛИ ПРИЗОВЫЕ МЕСТА НА ЧЕМПИОНАТЕ ПО СПОРТИВНОМУ ОРИЕНТИРОВАНИЮ


WTA

Касаткина опустилась на 13-ю строчку в рейтинге WTA, Рахимова поднялась на 18



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге о развитии сети платных дорог на Дальнем Востоке



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России