Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Ноябрь
2019

Новости за 28.11.2019

Наврасони тоҷик дар боздоштгоҳ. Танҳо бошанд ё бо калонсолон?

Ozodi.org 

Порлумони Тоҷикистон тарҳеро қабул кард, ки бар асоси он нигоҳ доштани ноболиғон бо калонсолон дар боздоштгоҳҳо манъ шуд. То ин дам масъулони боздоштгоҳҳо бо иҷозаи додситон метавонистанд, ноболиғонро бо калонсолоне, ки ҷинояти вазнин накардаанд, дар як ҷой нигоҳ доранд. Мавлуда Мирзозода, вакили Маҷлиси Намояндагон, рӯзи 28-уми ноябр ҳангоми муаррифии тарҳ гуфт, бар асоси тағйироти дигар минбаъд дар ҳолати шикояти ноболиғон аз шиканҷа дар боздоштгоҳҳо табибони мустақил онро месанҷанд. “Ҳангоми... Читать дальше...

Тоҷикистон дар раддабандии нави FIFA панҷ зина поин шуд

Ozodi.org 

Тоҷикистон дар раддабандии нави FIFA (Федератсиони байналмилалии футбол), ки 28-уми ноябр нашр шуд, панҷ зина поин рафта, дар байни 211 кишвар бо 1152 имтиёз дар ҷойгоҳи 121-ум қарор гирифт. Дар феҳристи нави FIFA Белгия бо 1765 имтиёз ҷойи аввалро касб намудааст. Фаронса бо 1733 имтиёз дар зинаи дувум ва Бразилия бо 1712 имтиёз дар зинаи севум ҷойгир шудаанд. Ба даҳгонаи аввал, инчунин Англия (1661 имтиёз), Уругвай (1645 имтиёз), Хорватия (1642 имтиёз), Португалия (1639 имтиёз), Испания (1636 имтиёз)... Читать дальше...

Нишасти раҳбарони ОМ дар Тошканд. Раҳмон ба Узбекистон рафт

Ozodi.org 

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 28-уми ноябр баъд аз адои ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ дар Қирғизистон, ба шаҳри Тошканд рафтааст. Ӯ рӯзи 29-уми ноябр дар мулоқоти дувуми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар пойтахти Узбекистон иштирок мекунад. Интизор меравад, дар нишаст ҳамкориҳои минтақаӣ дар бахши сиёсату тиҷорат ва нақлиёту фарҳанг баррасӣ шавад. Нишасти аввали раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ моҳи марти соли гузашта дар шаҳри... Читать дальше...



Ба тавофи Каъба рафтанӣ буд, ба ҳавопаймо роҳаш надоданд

Ozodi.org 

Даҳҳо сокини Тоҷикистонро, ки нияти ҳаҷҷи умра доштанд, аз дохили ҳавопаймо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе гардондаанд. Мақомот мегӯянд, роҳбаладон иҷозаи расмии Кумитаи динро надоштанд. Сокинон мепурсанд, ки агар мушкил сари роҳбаладон аст, чаро нагузоштанд, ки онҳо ба Арабистони Саудӣ бираванд.

"Гуфтанд, ин сафар ғайриқонунӣ аст". Чаро мақомот монеи рафтани зоирон ба Арабистон шуданд?

Ozodi.org 

Ба даҳҳо нафар, ки қасди сафари ҳаҷҷи умра доштанд, ахиран дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе иҷозаи сафар дода нашуд. Ба ин афрод, ки қарор буд ҳафтае пеш дар ду гурӯҳ барои адои ин маросим ба Арабистони Саудӣ бираванд, чанд лаҳза пеш аз парвоз гуфтанд, ки сафарашон "ғайриқонунӣ" аст. Марҳабо Давлатова, сокини 63-солаи Ҳисор, ки дар як гурӯҳи иборат аз 16 нафар бояд рӯзи 23-юми ноябр барои адои ҳаҷҷи умра сафар мекард, мегӯяд, ӯ ин сафарро 4 сол боз интизор буд ва лағви он ӯро ноумеду нороҳат кард. Читать дальше...

Ҳизби ҳокими Озарбойҷон мехоҳад, порлумон пароканда шавад

Ozodi.org 

Ҳизби ҳокими Озарбойҷон қарор кардааст, ки порлумони кишварро пароканда кунад, чун ба гуфтаи ҳизб “таркиби феълии ниҳоди қонунгузор ба сиёсатҳои пешгирифтаи раиси ҷумҳур Илҳом Алиев мувофиқат намекунад.” Шӯрои сиёсии Ҳизби Озарбойҷони нав ба раҳбарии худи Алиев, рӯзи 28-уми ноябр ҷаласа баргузор кард ва гуфт, ки аз раиси ҷумҳур тақозо хоҳанд кард, ки  то интихоботи зудраси порлумонӣ эълон кунад.  Қарор аст, сабабҳои чунин тасмимро дар ҷараёни рӯз дар як нишасти хабарӣ шарҳ бидиҳанд. Масъалаи... Читать дальше...

Ҳимояти Амрико аз эътирозгарони Ҳонгконг Чинро нигарон кард

Ozodi.org 

Чин аз сафири Иёлоти Муттаҳида Терри Бранстад даъват кардааст, аз Вашингтон бихоҳад, ки фавран дахолатро ба корҳои дохилии он боздорад, то дар оянда ба муносибатҳои дуҷониба зарар нарасад. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Чин рӯзи 28-уми ноябр бо пахши изҳорот хабар дод. Ин изҳорот як рӯз пас аз он садо дод, ки президенти Амрико Доналд Трамп ду лоиҳаи қонунро имзо кард ва он аз тарафи Конгресс якдилона пуштибонӣ ёфт. Ин лоиҳаҳо эътирозгарони ҷонибдори демократияро дар Ҳонконг дастгирӣ мекунанд. Читать дальше...

Ҳалокати 22 нафар дар таркишҳо дар шимоли Афғонистон

Ozodi.org 

Мақомоти расмӣ мегӯянд, дар 24 соати охир дар ду ҳодисаи гуногун  дар шимоли Афғонистон, наздик ба 22 нафар, аз ҷумла 15 шаҳрванди мулкӣ кушта шуданд. Дар вилояти Кундуз рӯзи 27-уми ноябр 15 нафар, аз ҷумла ҳашт кӯдак кушта ва ду нафари дигар захмӣ шуданд, вақте ки мошини онҳо ба минаи канори роҳ бархӯрд. Ба гуфтаи ҳокими вилоят Абдуҷаббор Наимӣ, қурбоншудагон барои иштирок дар тӯйи арӯсӣ ба ноҳияи Хон Обод мерафтанд. Мақомоти расмӣ гуфтанд, минаро Толибон гузоштаанд, вале шарҳи дигаре надодаанд. Читать дальше...



Раҳбарони СПАД (ОДКБ) дар Бишкек чӣ гуфтанд?

Ozodi.org 

Нишасти раҳбарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ё ОДКБ, як созмони низомии зери назорати Русия, ки Тоҷикистон ҳам узви он аст, рӯзи 28-уми ноябр дар Бишкек бо имзои 15 санад ба поён расид. Яке аз санадҳо, ба "чораҳои иловагӣ барои кам кардани ташаннуҷ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон" рабт дорад, вале ҷузъиёти он дастрас нест.

Ахбори Озодӣ аз 28-уми ноябри соли 2019

Ozodi.org 

Сафари Президенти Тоҷикистон ба нишасти сарони кишварҳои узви СПАД, сабабҳои доир нашудани ҳаҷҷи умраи гурӯҳе аз зоиринти тоҷик, эълони захираи кони тилои дар ихтиёри Чин гузошташуда ва матолиби дигар.

Баҳси "ташаннуҷ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон". СПАД чӣ чора мебинад? ВИДЕО

Ozodi.org 

Нишасти раҳбарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ё ОДКБ, як созмони низомии зери назорати Русия, ки Тоҷикистон ҳам узви он аст, рӯзи 28-уми ноябр дар Бишкек бо имзои 15 санад ба поён расид. Яке аз санадҳо, ба "чораҳои иловагӣ барои кам кардани ташаннуҷ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон" рабт дорад, вале ҷузъиёти он дастрас нест. Қаблан Русия аз таҷаммӯи садҳо ҷангҷӯ дар шимоли Афғонистон ва наздик ба марзҳои Тоҷикистон ибрози нигаронӣ карда буд. Мақомоти Тоҷикистон низ дар ҳамлаи... Читать дальше...

Боқиев буд, Петров шуд. Набераи президенти фирорӣ чӣ гуна зиндагӣ дорад?

Ozodi.org 

Руслан – писари Марат Боқиев ва набераи раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон Қурмонбек Боқиев – дар Беларус бо насаби Петров истиқомат ва тиҷорати бузургеро идора мекунад. Дар ин бора расонаҳои Белорус хабар доданд. Руслан Петрови 25-сола яке аз моликони ширкатест, ки дар сохтмони маҷмааи Centropol дар Минск саҳм дорад. Centropol дар маркази шаҳри Минск ҷойгир буда, қарор аст, соли 2020 ба истифода дода шавад ва дар ин маҷмаа қиморхона (казино), марказҳои тиббӣ, дилхушӣ, мағоза, тарабхона ва қаҳвахонаи тобистона сохта мешавад. Читать дальше...

"64 тонна тило дорад". Ҷузъиёти ду коне, ки ба TBEA-и Чин доданд

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, конҳои "Дуобаи Шарқӣ" ва "Кумарғи Боло", ки расман ба ивази хароҷоти сохтмони Маркази барқу гармидиҳии Душанбе ба ширкати ТВЕА-и Чин дода шуд, "64 тонна тило дорад". Пештар захираи ин кон 51 тонна тило ҳисоб шуда буд. Ба тахмини геологҳо, дар ин конҳо дар ноҳияи Айнӣ беш аз 117 тонна захираи тилои собитношуда вуҷуд дорад.​

Қазоқтаборон аз азият дар Чин ҳарф мезананд

Ozodi.org 

Рӯзи чоршанбе қазоқтаборони Чин дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон конфронси матбуотӣ доир намуда, аз сарнавишти хешовандонашон дар Чин ибрози нигаронӣ карданд. Чанде аз иштирокчиёни нишаст дар бораи будубош ва азияташон дар урдугоҳҳои иҷборӣ қисса карданд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷеенбеков ба ҳалли масоили марзӣ таъкид карданд

Ozodi.org 

Масъалаи татбиқи созишномаҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба масъалаҳои вобаста ба марзи ду кишвар, яке аз мавзуъҳои меҳварии гуфтугӯи Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Ҷеенбеков будааст. Мулоқоти ду президент рӯзи чаҳоршанбеи 27-уми ноябр дар ҳошияи нишасти навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД дар Бишкек доир шудааст. Тибқи иттилои расмӣ, оқои Раҳмон дар ин мулоқот гуфтааст, ки кишвараш ба таҳкими ҳамгироӣ бо Қирғизистон аҳамияти вижа медиҳад. Ҷонибҳо ҳамчунин роҷеъ ба ҳамкориҳои ду кишвар дар арсаҳои мухталиф сӯҳбат кардаанд. Читать дальше...

Ду коне, ки ба TBEA-и Чин доданд, тилои зиёдтар доштааст. ВИДЕО, САДО

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, конҳои "Дуобаи Шарқӣ" ва "Кумарғи Боло", ки расман ба ивази хароҷоти сохтмони Маркази барқу гармидиҳии Душанбе ба ширкати ТВЕА-и Чин дода шуд, "64 тонна тило дорад". Пештар захираи ин кон 51 тонна тило ҳисоб шуда буд. Ба тахмини геологҳо, дар ин конҳо дар ноҳияи Айнӣ беш аз 117 тонна захираи тилои собитношуда вуҷуд дорад.​ Иттилои ахир аз тарафи муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон рӯзи 28-уми ноябр дар ҷаласаи порлумон садо дод. Ҳангоме ки вакилон... Читать дальше...

Тоқаев: Захираҳои оби минтақа "дороии муштарак"-и кишварҳои Осиёи Миёна аст

Ozodi.org 

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон дар ҷараёни сафари давлатиаш ба Қирғизистон нишасти хабарӣ баргузор кард. Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков гуфт, аз гуфтугӯҳо бо ҳамтои қазоқаш қонеъ аст. "Мо бо қаноатмандӣ аз густариши тиҷорат байни ду кишвар ёдовар шудем. Нисбат ба соли гузашта нишондодҳои мо 10,5% боло рафтанд. Шумори корхонаҳои муштараки Қазоқистону Қирғизистон ба 1900 адад расид. Дар поини гуфтугӯҳои имрӯз чанд ҳуҷҷат имзо шуд",-гуфт Ҷеенбеков. Қосимҷомарт Тоқаев дар ҳузури рӯзноманигорон гуфт... Читать дальше...

Эътирози сокинони Қарақалпоқистон бо талаби дастрас шудани гази табиӣ

Ozodi.org 

Наздики 70 тан аз сокинони деҳаи "Шортанбой"-и Қарақалпоқистони Узбекистон бо талаби дастрас шудани гази табӣ роҳи мошингардро бастанд. Мақомоти маҳаллӣ бо эътирозгарон мулоқот ва ба сокинон 116 тона ангишт доданд. Ба гуфтаи мақомот, 16 км лула аз кор баромад ва ба ин далел интиқоли газ ба деҳа қатъ шуд. Дар ҳоли ҳозир масъулон имкони дубора барқарор кардани интиқоли газро баррасӣ мекунанд. Дар Узбекистон дар фасли тирамоҳу зимистон қатъи интиқоли барқу гази табиӣ ба як падидади маъмулӣ табдил шудааст. Читать дальше...


Музыкальные новости
Пётр Чайковский

Фестиваль «Гений места» завершился на родине Чайковского





Rss.plus
Сергей Шойгу

В связи с «желтым» уровнем в Крыму и Севастополе не выполнили приказ Шойгу




Примадонна оперной сцены Хибла Герзмава споет в ...

Заполняемость индустриальных парков Подмосковья достигла 87%

В Волоколамском округе отреставрируют церковь Рождества Пресвятой Богородицы

Туристы стали проводить в Нижнем Новгороде вдвое больше времени




Трамп қонуни ҳифзи ҳуқуқи инсон ва демократия дар Ҳонконгро имзо кард

Ozodi.org 

Доналд Трамп, президенти ИМА рӯзи панҷшанбе лоиҳаи қонунеро имзо кард, ки нисбати афроди расмии Чину Ҳонгконг таҳрим пешбинӣ мекунанд. Бар асоси қонуни имзошуда, масъулоне таҳрим хоҳанд шуд, ки ҳуқуқи инсонро дар Ҳонконг поймол ва ё эътирозҳоро дар ин минтақа маҳдуд кардаанд. Ба ҷуз аз ҷорӣ кардани таҳримҳо, Департаменти давлатии ИМА вазифадор мешавад, ки ҳамасола сатҳи худмухтории Ҳонгконгро баҳогузорӣ кунад. Қонуни дигаре, ки дар ИМА имзо шуд, интиқоли лавозимот ва дастгоҳҳои пулисро ба Ҳонгконг манъ мекунад. Читать дальше...

Раҳбарони кишварҳои СПАД вориди Бишкек шуданд

Ozodi.org 

Раҳбарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии созмон дар рӯзи 28 ноябр вориди шаҳри Бишкеки Қирғизистон шуданд. Президенти Русия Владимир Путинро дар фурудгоҳи Бишкек ҳамтои қирғизаш Сооронбой Ҷеенбеков пешвоз гирифт. Президентҳои Тоҷикистону Белорус -- Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко, сарвазири Арманистон Никол Пашинян низ аллакай вориди пойтахти Қирғизистон шудаанд. Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев... Читать дальше...

Дар Узбекистон ронандаҳо дар эътироз ба камёфт шудани газ роҳро бастанд

Ozodi.org 

Беш аз 50 ронанда 27 ноябр дар ҳудуди маҳаллаи "Охунбобоев", дар маркази ноҳияи Сирдарёи Узбекистон дар эътироз ба камёфт шудани гази табиӣ роҳи мошингарди Гулистон-Тошкандро бастанд. Ба иттилои шоҳидон, эътирози ронандагон аз соати 9 то 11-и зуҳр идома кардааст. Маъмурони пулис бо истифода аз нерӯ эътирозгаронро пароканда карданд. Наворҳои фиристодашуда нишон медиҳанд, ки чандин нафар курсиҳоро дар миёни роҳ монда нишастаанд. "Ронандагон аз камбуди гази табиӣ хаста шуданд. Бинобар ин, онҳо ки... Читать дальше...

Ширкати ду паҳлавони тоҷик дар Ҷоми Осиё дар Ҳонконг

Ozodi.org 

Варзишгарони тоҷик Хайёмиддин Ҷабборов ва Хуршед Маҷидов дар Ҷоми бози Осиё оид ба ҷудо, ки рӯзҳои 30-юми ноябр ва 1-уми декабр дар Ҳонгконг баргузор мешавад, ширкат меварзанд. Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар ин мусобиқаи байналмилалӣ иштироки 188 варзишгар (112 мард ва 76 зан) аз 32 кишвар дар назар аст. Тоҷикистонро дар Ҷоми бози Осиё дар Ҳонконг ду гуштигири ҷавон - Хайёмиддин Ҷабборов дар вазни то 73 кило ва Хуршед Маҷидов дар вазни то 100 кило - намояндагӣ мекунанд. Читать дальше...

Зилзилазадаҳои Албания шаби дуюмро дар хаймаҳо сипарӣ карданд

Ozodi.org 

Дар Албания садҳо хонавода шаби дуюмро дар хаймаҳо ва мошинҳо сипарӣ намуданд. Заминларзаи 26-уми ноябр, ки дар 30-километрии шимолу ғарби пойтахти Албания, шаҳри Тирана ба вуқӯъ пайваст, камаш 31 нафарро куштаву 650 нафари дигарро маҷрӯҳ намудааст. Рӯзи 27-уми ноябр гурӯҳҳои наҷоти беш аз 10 кишвар ба амалиёти наҷоти мардум аз вайронаҳои биноҳо шурӯъ карданд. Аксари қурбониҳо сокинони шаҳри бандарии Дурез ва шаҳраки Туман мебошанд. Бисёре аз сокинон аз бозгашт ба хонаҳояшон хавф доранд. Баъди заминларзаи маргбори сешанбе... Читать дальше...

Талаби аз 7 то 17 соли зиндон барои чанд мансабдори пешини қирғиз

Ozodi.org 

Додситонҳои қирғиз аз додгоҳ талаб кардаанд, ки як идда мансабдорони собиқ бо ҷурми фасод ба муддатҳои аз 7 ним то 17 сол зиндонӣ шаванд. Рӯзи 27-уми уми ноябр додситонҳо аз Додгоҳи ноҳияи Свердлови шаҳри Бишкек тақозо карданд ки сарвазири собиқи ин кишвар Сафар Исоқов ба муддати 15 сол ва Ҷанторо Сатиболдиев, ки аз наздикони собиқ президенти ин кишвар Алмосбек Отамбоев ба ҳисоб меравад, ба муддтаи 11 солу 3 моҳ аз озодӣ маҳрум гардад. Ҳамин гуна додситонҳо ҳабси тӯлонии собиқ раиси ширкати энержь... Читать дальше...



Москва

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге о перспективном развитии соцполитики государства


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин сообщил о планах создания отечественной платформы электромобиля



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Булат Окуджава

Урганту не дали выступить на вечере памяти Окуджавы




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Пензенские регбистки выиграли первенство России

Собянин рассказал о ходе строительства Троицкой линии метро

"Зенит" в Москве обыграл ЦСКА и сравнял счет в серии


Арина Соболенко

Соболенко испытала проблемы после снятия Рыбакиной с турнира в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Туристы стали проводить в Нижнем Новгороде вдвое больше времени



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России