Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Ноябрь
2019

Новости за 27.11.2019

Олег Дерипаска аз шаҳрвандии Қибрис (Кипр) маҳрум шуд

Ozodi.org 

Мақомоти Қибрис (Кипр) Олег Дерипаска, миллиардери 51-солаи русро, ки бо Кремл робитаҳои наздик дорад, аз шаҳрвандӣ маҳрум карданд. Дерипаска соли 2017 шаҳрвандии Қибрисро гирифта буд. Нашрияи Politis рӯзи 27-уми ноябр хабар дод, ки дар баробари Дерипаска ду зодаи дигари Русия низ аз шаҳрвандии Қибрис маҳрум шуданд. Дар оғози моҳи ноябри имсол мақомоти Қибрис гуфтанд, бо сабаби камбудҳо дар барномаи тақдими шаҳрвандӣ ба ивази сармоягузорӣ ҷараёни аз шаҳрвандӣ маҳрум кардани 26 нафарро оғоз кардаанд. Читать дальше...

Гузориши нав дар бораи Эрон. 7000 нафарро дастгир кардаанд

Ozodi.org 

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) гуфт, Эрон миқёси чораҳои саркӯбкунандаро ба зидди онҳое, ки дар рӯзҳои нооромиҳои боло рафтани нархи сӯзишворӣ ширкат кардаанд, пинҳон мекунад. Бино ба гузориши гурӯҳҳои гуногуни ҳуқуқи башар ва як вакили эронӣ, беш аз 140 нафар кушта ва дар беш аз 100 гӯшаву канори Эрон то 7000 нафар дастгир шудаанд. HRW рӯзи 27-уми ноябр дар гузориши “Эрон: Барқасдона саркӯби бераҳмонаро пинҳон мекунад” навишт, тақрибан ду ҳафта пас аз баргузории тазоҳурот... Читать дальше...



Раҳпаймоии даҳҳо сокини Қазоқистон бо талаби риояи ҳуқуқ

Ozodi.org 

Рӯзи 27-уми ноябр даҳҳо фаъоли ҷамъиятӣ дар шаҳри Нурсултон роҳпаймоӣ карда, аз Иттиҳоди Аврупо тақозо карданд, ки ба мақомоти Қазоқистон дар заминаи риояи ҳуқуқи маданиву башарӣ фишор оварад.   Дар рӯзи дуюми роҳпаймоӣ фаъолон дар муқобили қароргоҳи Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Нурсултон ҷамъ омаданд. Онҳо талаб карданд, дипломатҳои аврупоӣ ба берун бароянд ва талаби эътирозгаронро, ки ба шакли хаттӣ навишта шуда буд, бигиранд. Ҳеч нафар ба назди эътирозгарон набаромад. Дар дасти онҳо парчаму... Читать дальше...

"Кадом ҳизбҳоро медонед?" Пурсиши пеш аз интихобот

Ozodi.org 

То баргузории интихоботи порлумонии Тоҷикистон чанд моҳи дигар мондааст. Ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон гуфтанд, дар нимаи дувуми декабр барномаи интихоботии худро эълон мекунанд. Хабарнигори Радиои Озодӣ аз чанд роҳгузар дар хиёбонҳои Душанбе пурсид, ки кадом ҳизбҳоро медонанд ва ба интихоботи оянда чӣ назар доранд. Ҷавобҳо яксон набуд. Видеоро дар ин ҷо бинед.

Додгоҳ парвандаи Самариддин Раҷабовро баргардонд

Ozodi.org 

Додгоҳи Твери Русия парвандаи Самариддин Раҷабов, як зодаи Тоҷикистонро ба далели чанд камбуд, аз ҷумла муайян набудани ҷойи содиршавии "ҷиноят" барои таҳқиқи дубора ба додситонӣ фиристодааст. Раҷабовро ба он муттаҳам мекунанд, ки дар гулгашти "Светной" дар назди бинои рақами 1-и Маскав ба сӯи маъмури милиса зарфи пластикиро ҳаво додааст. Дар ҳоле ки дар ин гулгашт хонаи рақами як нест. Самариддин Раҷабов дар ҷараёни эътирозҳои тобистони имсол дар пойтахти Русия дастгир шуд ва ба "таҳдиди истифода аз зӯр" муттаҳам аст. Читать дальше...

Тоҷикон дар майдони пахтаи Арманистон. Тафовут аз куҷо то ба куҷост? ВИДЕО

Ozodi.org 

Ҳузури тоҷикон дар деҳаи Аракси вилояти Армавири Арманистон касеро дар ҳайрат намегузорад. Дар заминҳои ин минтақаи ҳаммарз бо Туркия кишти пахта ба роҳ монда шудааст ва даҳҳо коргар аз Тоҷикистон дар ин майдонҳо машғули ҷамъоварии ҳосил ҳастанд. Пахта имсол ҳосили хуб додааст. Абдулло Ҳафизов, сокини 34-солаи Қубодиён, дар заминҳои соҳили дарёи Аракс ҳамроҳ бо муҳоҷирони дигари тоҷик кор мекунад. Ӯ дар Тоҷикистон деҳқонӣ мекард ва муддате дар Екатеринбурги Русия боркашонӣ. Ҳоло  масъулияти асосии ӯ дар Арманистон ... Читать дальше...

Марги се наврас дар сӯхтор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Ozodi.org 

Бар асари сӯхтор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд се наврас ҷон бохтаанд. Ҳодиса рӯзи 27-уми ноябр дар ҷамоати ба номи Ҳайдар Усмони ин ноҳия рух додааст. Абдурозиқ Ғафуров, раиси ҷамоати ба номи Ҳайдар Усмон, ба Радиои Озодӣ гуфт, наврасон дар натиҷаи оташ гирифтани хона ба ҳалокат расидаанд. Ғафуров афзуд, феълан мақомоти идораи оташнишонӣ сабабҳои ҳодисаро муайян мекунанд. Ба гуфтаи раиси ҷамоат, наврасони ҳалокшуда аз 3 то 5 сол доранд. "Ҳамаашон аз як оила ҳастанд, ду писар ва як духтар," -- гуфт Абдурозиқ Ғафуров. Читать дальше...



Пахтакории тоҷикон дар Арманистон

Ozodi.org 

Ҳузури тоҷикон дар деҳаи Аракси вилояти Армавири Арманистон касеро дар ҳайрат намегузорад. Дар заминҳои ин минтақаи ҳаммарз бо Туркия кишти пахта ба роҳ монда шудааст ва даҳҳо коргар аз Тоҷикистон дар ин майдонҳо машғули ҷамъоварии ҳосил ҳастанд. Пахта имсол ҳосили хуб додааст.

Ахбори Озодӣ аз 27-уми ноябри соли 2019

Ozodi.org 

Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия бо терроризм муттаҳам мебошанд, тоҷикон дар Арманистон пахта мекоранд, оила вайрон, вале моли нотақсим боиси ҷанҷол мешавад ва матолиби дигар.

Даври омӯзишӣ барои мураббиёни тенниси рӯи миз дар Душанбе

Sputnik Тоҷикистон (sport) 

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар шаҳри Душанбе курси омӯзишӣ-техникии Ҳамбастагии олимпӣ барои мураббиёни тенниси рӯи миз, ки 20 ноябр оғоз гардида буд, ҷамъбаст шуд

Хонаводаи Мирзиёев ин бор ба ошпази маъруфи турк зиёфат доданд

Ozodi.org 

Дар фурудгоҳи шаҳри Тошканди Узбекистон 23-уми ноябр қассоб ва ошпази маъруфи турк Нусрет Гёкче (Nusret Gökçe)-ро, ки дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм хеле машҳур аст, бо карнаю сурнай пешвоз гирифтанд. Нусрет Гёкче аксу видеои пешвозгирии худро дар Инстаграм нашр кард. Тавре дар аксҳо дида мешавад, ӯ меҳмони хонаводаи президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев аст. Дар рӯзи дувуми сафари Нусрет Гёкче ба Тошканд, 24-уми ноябр, домоди калонии президенти Узбекистон зодрӯзи худро ҷашн гирифт. Ба гуфтаи мансабдорони узбек... Читать дальше...

Боздошти се шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми терроризм дар Русия

Ozodi.org 

Мақомоти Русия гуфтанд, се шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми терроризм ва ҳамкорӣ бо гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" (ДОИШ) дар Маскаву Иркутск дастгир кардаанд. Додгоҳи ноҳияи Тагански Маскав Нозим Азимов ва Уктамҷон Раҷабматовро то 20-уми январи соли оянда ба ҳабс гирифт. Дар ин муддат парвандаи онҳо таҳқиқ мешавад. Номи муҳоҷири боздоштшудаи тоҷик дар Иркутск маълум нест.   Ҳанӯз назари шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон ва наздикони онҳо дар робита ба ин ҳодисаҳо рӯшан нест ва иттилое нашр нашудааст... Читать дальше...

Шириншо Шотемур. Сарнавишти лабрез аз лаҳзаҳои ҷолиб ва фоҷиа

Ozodi.org 

Аввали моҳи декабри имсол ба таваллуди қаҳрамони миллии Тоҷикистон Шириншо Шотемур 120 сол пур мешавад. Шахсияте, ки дар саргаҳи давлати муосири тоҷикон ва бедориву худшиносии миллии он қарор дорад. Ӯ вафодорона ба ҳукумате хидмат кард, ки сарнавишти давлатдории тоҷиконро рақам зад, аммо ин давлатдорӣ бо қимати ҷони ҳазорон инсон, аз ҷумла ҷони худи Шириншо Шотемур ва бисёре аз онҳое, ки ӯ дӯст медошт, ба даст омад. Бо ёдоварӣ аз таърихи саркӯбҳо (ё "террори сурх") бисёриҳо дар Тоҷикистон пешниҳод мекунанд... Читать дальше...

Боздошти 2 шаҳрванди Тоҷикистон дар Маскав ба итиҳоми терроризм

Ozodi.org 

Додгоҳе дар Маскав ду шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба иттиҳоми терроризм боздошт шудаанд, барои ду моҳ ба боздоштгоҳ фиристод. Онҳо то 20-уми январи соли оянда дар боздошт нигоҳ дошта мешаванд. Хабаргузории русии ТАСС рӯзи 26-уми ноябр бо такя дафтари матбуоти додгоҳи ноҳияи Тагански Маскав хабар дод, ки ин ду шаҳрванди Тоҷикистон муттаҳам ба тамос барои фаъолиятҳои террористӣ бо истифода аз интернет мебошанд. Қарори додгоҳи Таганск дар мавриди Нозим Азимов ва Уктамҷон Раҷабматов ҳанӯз рӯзи 22-юми ноябр содир шудааст. Читать дальше...

Зариф ва муовини раҳбари Толибон дар Теҳрон мулоқот карданд

Ozodi.org 

Вазири умури хориҷии Эрон дар Теҳрон бо Мулло Абдулғанӣ Бародар, муовини раҳбари гурӯҳи Толибон ва раиси дафтари сиёсии ин гурӯҳ дар Қатар, мулоқот ва гуфтугӯ кардааст.  ИРНА - хабаргузории давлатии Ҷумҳурии исломӣ рӯзи чаҳоршанбеи 27-уми ноябр гузориш додааст, ки ин дидор бо Мулло Абдулғанӣ Бародар "дар идомаи талошҳои Эрон барои бозгашти сулҳ ба Афғонистон", анҷом шудааст. Суҳайл Шоҳин, сухангӯи дафтари Толибон дар Қатар низ дар сафҳаи "Твиттер"-и худ ин сафарро таъйид карда ва гуфтааст, ки... Читать дальше...

Ғалабаи дувуми мунтахаби Тоҷикистон дар CAFA-2019

Ozodi.org 

Мунтахаби олимпии занонаи Тоҷикистон (U-23) дар даври чаҳоруми мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2019 миёни дастаҳои мунтахаби олимпии занона (U-23) бар мунтахаби Туркманистон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Ин дувумин ғалабаи занони футболбози тоҷик дар ин мусобиқа ба шумор меравад. Бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Туркманистон 26-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардид. Ҳарду голи мунтахаби Тоҷикистонро Некӯбахт Худододова ва Рафина Нормуродова дар нимаи аввали дидор ба самар расониданд. Читать дальше...


Музыкальные новости
Сергей Шнуров

Почему мужчины возвращаются к бывшим женам через 10-20 лет: мнение С.Шнурова и Д.Нагиева





Rss.plus
ЦСКА

Гол Чалова с пенальти принес ЦСКА победу над «Зенитом» в матче РПЛ




«Балтика» — в финале Кубка России! «Спартак» обнулил все достижения Слишковича

Суд арестовал предполагаемого взяткодателя по делу начальника управления кадров Минобороны

Специалист Гринин: мошенники могут предлагать оформить льготы по телефону

21 врач по восьми специальностям начал работать в Ступинской больнице в 2024 г




Гузориши ҷанҷолбарангез аз "озори ҷинсии кӯдакон". Ғанӣ дастури таҳқиқ дод

Ozodi.org 

Раиси ҷумҳури Афғонистон дастур додааст, ки иддаоҳои озори ҷинсӣ дар бораи озори ҷинсии толибилмон дар мактабҳои вилояти Лугар, таҳқиқ шавад. Ӯ ҳамчунин аз боздошти ду фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ аз сӯи мақомоти амниятӣ, ки дар як гузориш аз кӯдакозорӣ дар ин мактабҳо гузориш таҳия карда буданд, интиқод намудааст. Ашраф Ғанӣ рӯзи 26-уми ноябр дар "Твиттер"-и худ навишт, ки аз гузориши ахир дар бораи озори ҷинсӣ дар мактабҳои вилояти Лугар нороҳат шудааст ва мақомоти вазорати маорифи он кишвар хостааст... Читать дальше...

Ҳалокати 23 нафар дар зилзилаи Албания

Ozodi.org 

Дар натиҷаи заминларза дар Албания 23 одам ҷон бохтанд. Хабаргузории AFP бо истинод ба Вазорати дифои ин кишвар иттилоъ дод, ки садҳо тани дигар захмӣ шудаанд. Заминларзаи 6,4-балӣ тақрибан дар 30-километрии шаҳри Тирана, пойтахти Албания рух додааст. Аз ҳама бештар Тирана ва шаҳри Дуррес осеб дидаанд. Дар ҳоли ҳозир корҳои наҷотдиҳӣ идома доранд. Ба огаҳии Вазорати тандурустии Албания, дасти кам 600 сокини ин кишвар ҷароҳат бардоштаанд. Ба иттилои Радиои Озодӣ, 9 нафар бо ҷароҳатҳои вазнин бистарӣ шудаанд. Читать дальше...

Ба туркманҳо гуфтанд, дар бораи мушкили гармидиҳӣ дар ҷое ҳарф назананд

Ozodi.org 

Бо фарорасии фасли сармо шикояти сокинони шаҳру навоҳии Туркманистон аз низоми гармидиҳӣ дар манзилҳои зист афзоиш ёфтааст. Тайи ҳафтаи гузашта мақомот низоми гармидиҳӣ ва таъминоти гази мактабҳои миёнаи вилояти Лебапи Туркманистонро аз санҷиш гузаронданд. Дар ҳайати санҷишгарон дар баробари кормандони маориф маъмурони амнияти миллӣ низ буданд. Ин санҷиш пас аз матлаби бахши туркмании Радиои Озодӣ дар бораи мушкили низоми гармидиҳӣ дар мактабҳои мазкур гузаронида шуд. Мансабдорони туркман гуфтаанд... Читать дальше...

Эътирозгарони Бишкек талабҳои худро ба вакилон ва президент расонданд

Ozodi.org 

Иштирокдорони тазоҳуроти осоиштаи зидди фасод талабҳои худро ба вакилони порлумон ва президенти Қирғизистон пешниҳод карданд. Зери санад 335 иштирокчии тазоҳурот имзо гузоштааст. Дар санад омадааст, "шаҳрвандони Қирғизистон талаб доранд, ки ба таҳқиқот дар бораи берун бурдани 700 миллион доллар вокуниши муносиб дода шавад". Фаъолони қирғиз ҳамчунин истеъфои раҳбарони тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ба ҷавобгарӣ кашидани онҳоеро талаб карданд, ки дар нақшаи фасодкорӣ ва берун бурдани 700 миллион доллар даст доранд. Читать дальше...

Дархости озодии пеш аз муҳлати рӯзноманигори қазоқ рад шуд

Ozodi.org 

Фаъоли қазоқ Жанболат Мамайи 31-сола, ки тайи ду соли ахир шартан аз озодӣ маҳрум аст ва қасди таъсиси ҳизби сиёсиро дар Қазоқистон дорад, дар шабакаи иҷтимоии "Фейсбук" гуфт, додгоҳ дархости озодии пеш аз муҳлати ӯро рад кард. "Ба эҳтимоли зиёд мақомот мехоҳанд, ки ман таҳти назорат бимонам ва аз ҳудуди шаҳри Алмато берун рафта натавонам. Ба назари ман, ин қарор сирф сиёсӣ аст ва барои радди дархости ман дигар баҳонае нест",-изҳор дошт Мамай пас аз берун шудан аз толори додгоҳ рӯзи 26 ноябр. ... Читать дальше...

Як оҷонси шуғл дар Узбекистон бештар аз 200 корҷӯро фиреб дод

Ozodi.org 

Дар шаҳри Навоии Узбекистон як оҷонси хусусии шуғл бештар аз 66 ҳазор доллари 211 корҷӯро аз худ кардааст. Ба иттилои вазорати меҳнати Узбекистон, корҷӯён барои пайдо кардани кор дар Кореяи Ҷанубӣ ба оҷонси мазкур муроҷиат кардаанд. Масъулони оҷонс ба узбекистониҳо шуғле бо даромади 2 ҳазор доллари ИМА дар моҳ ваъда карда, аз 211 корҷӯ бештар аз 300 долларӣ ҷамъ оварда, аммо касеро ба кор нафиристодаанд. Дар ҳоли ҳозир вазорати меҳнати Узбекистон иҷозатномаи фаъолияти оҷонси хусусии шуғли "Навоӣ хусусӣ бандлик агентлигӣ"-ро бекор кардааст. Читать дальше...



Москва

Национальный конгресс по регенеративной медицине впервые пройдет в Санкт-Петербурге: ученые и врачи обсудят достижения и перспективы развития регенеративной биомедицины


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Сергей Собянин: Обеспечим ученикам комфортные условия



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Shaman

Shaman встретился с подростком, который заработал на его концерт мытьем машин




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Никакой магии! В спортивном прогнозировании не бывает безусловных выигрышных стратегий

Сергей Лёвкин: в Митине завершат возведение физкультурно-оздоровительного комплекса

Искусство продвинутого анализа в спортивном прогнозировании


WTA

Свёнтек прошла в полуфинал турнира WTA-1000 в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Симферополь

Узбекское землячество пригласили театр кукол «Ульгэр» в Бурятии: Россия и Культура, Дети



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России