Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Ноябрь
2019

Сорбон Латифов дар қаҳрамонии самбои ҷаҳон медали биринҷӣ гирифт

0
Сорбон Латифов дар қаҳрамонии самбои ҷаҳон медали биринҷӣ гирифт

Сорбон Латифов, гуштигири тоҷик, дар қаҳрамонии самбои ҷаҳон медали биринҷӣ ба даст овард ва бо ҷоизаи молӣ ба маблағи 1500 доллари ИМА мукофотонида шуд. Ӯ дар мусобиқот, ки дар шаҳри Чҳонҷуи Кореяи Ҷанубӣ 10-уми ноябр, ба поён мерасад, дар рақобатҳо оид ба самбои размӣ дар вазни то 62 кило рақобат кард.

Ин ягона медали варзишгарони тоҷик дар ду рӯзи рақобатҳо (8-9-уми ноябр) дар қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбои варзишӣ ва самбои размӣ дар Кореяи Ҷанубӣ ба шумор меравад.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ довари дараҷаи байналмилалӣ Маҳмуд Абдуллоев, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, субҳи 10-уми ноябр хабар дод. Ӯ гуфт, ки дар қаҳрамонии ҷаҳон ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон нӯҳ гуштигир дохил аст: Акмалиддин Каримов (вазни то 57 кг), Хушқадам Хусравов (то 62 кг), Парвиз Додов (то 68 кг), Мирзоҷамил Рамазонов (то 74 кг), Зафар Олимшоев (то 90 кг), Одилҷон Сафаров (+100 кг) оид ба самбои варзишӣ ва Сорбон Латифов (то 62 кг), Ҷамшед Умаров (то 57 кг), Худоёр Раҷабзода (то 68 кг) оид ба самбои размӣ.

“Шаш гуштигири тоҷик - Парвиз Додов, Зафар Олимшоев, Ҷамшед Умаров, Акмалиддин Каримов, Мирзоҷамил Рамазонов ва Сорбон Латифов – қувваозмоиҳои худро ба анҷом расониданд. Аз байни онҳо танҳо Сорбон ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон медал овард. Зимнан, ӯ соли гузашта низ дар қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Бухарести Руминия дар сабқати самбои размӣ дар вазни то 62 кило медали биринҷӣ гирифта буд”, - гуфт Маҳмуд Абдуллоев.

Ба иттилои ӯ, се паҳлавони дигари тоҷик  - Хушқадам Хусравов, Одилҷон Сафаров ва Худоёр Раҷабзода – дар рӯзи охирини қаҳрамонии ҷаҳон дар Кореяи Ҷанубӣ – имрӯз, 10-уми ноябр – вориди рақобатҳо шуданд.   

Чунонки сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) хабар додааст, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбои варзишӣ ва самбои размӣ дар Чҳонҷуи Кореяи Ҷанубӣ варзишгарон (мардону занон) аз 70 кишвар барои 27 маҷмӯи медалҳо (9 маҷмуъ миёни мардон, 9 маҷмуъ миёни занон, 9 маҷмуъ дар самбои размӣ) мубориза мебаранд.

Маблағи умумии ҷавоизи мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон 216 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Барои ҷойи якум 3000 доллар, барои ҷойи дуюм 2000 доллар ва барои ҷойҳои сеюм 1500-долларӣ муқаррар шудааст.

Барномаи рӯзи охирини қаҳрамонии самбои ҷаҳон-2019 дар Чҳонҷуи Кореяи Ҷанубӣ

10-уми ноябр (якшанбе)

06:00 – Қувваозмоиҳои пешакӣ

Занон: 56, 68, +80 кг;

Мардон: 62, 82, +100 кг;

Самбои размӣ: 52, 68, 90 кг

14.00 – Қувваозмоиҳои ниҳоӣ. Маросими ҷоизасупорӣ

Эзоҳ: Замони оғози қувваозмоиҳо - бо вақти Душанбе

Ёдовар мешавем, гуштигирони тоҷик соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо, ки моҳи ноябр дар пойтахти Руминия – шаҳри Бухарест – доир шуд, чаҳор медал (1 тилло ва 3 биринҷӣ) ба даст оварда буданд.

Хушқадам Хусравов дар сабқати самбои варзишӣ дар вазни то 62 кило барои аввалин бор ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф гашта, бо медали тилло мукофотонида шуд. Зимнан, дар таърихи варзиши тоҷик ӯ баъди Саидмуъмин Раҳимов ва Беҳрӯзи Хоҷазода сеюмин варзишгар аз Тоҷикистон аст, ки медали тиллои қаҳрамонии ҷаҳонро оид ба самбои варзишӣ ба даст овардааст.

Дар рақобатҳо оид ба самбои варзишӣ дар Бухарест Акмалиддин Каримов дар вазни то 57 кило ва Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни то 74 кило бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд. Медали сеюми биринҷиро ба мунтахаби Тоҷикистон Сорбон Латифов дар сабқати самбои размӣ дар вазни то 62 кило овард.

Ғолибон ва ҷоизадорони ду рӯзи қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Чҳонҷуи Кореяи Ҷанубӣ ( 8-9 –уми ноябр): 

 

Самбои варзишӣ

 

Мардон

 

52 кг

1. БЕГЛЕРОВ Игор (Русия)

2. РАИМҚУЛОВ Болатбек (Қазоқистон)

3. НАДАРЕИШВИЛИ Гиви (Гурҷистон)

3. ШИН Лаёнг (Kореяи Ҷанубӣ)

 

57 кг

1. ЧИДРАШВИЛИ Вахтанги (Гурҷистон)

2. ХЕРТЕКСаян (Русия)

3. ЧИМЕДДОРҶ Mарал-Эрдене (Mуғулистон)

3. АБДУҶАЛИЛОВ Авазбек (Узбекистон)

 

68 кг

1. ДОВДОН Алтансух (Mуғулистон)

2. ЛУЛУАШВИЛИ Mиндия (Гурҷистон)

3. ВОРОБЁВ Михаил (Русия)

3. ҲАСАНОВ Эмил (Озарбойҷон)

 

74 кг

1. КУРЖЕВ Уалӣ (Русия)

2. ПОПОВ Степан (Беларус)

3. НАХУТСРИШВИЛИ Леван (Гурҷистон)

3. НАРАНХУУ Хадбаатар (Mуғулистон)

 

90 кг

1. РЯБОВ Сергей (Русия)

2. ГВИНИАШВИЛИ Паата (Гурҷистон)

3. ЁҚУБОВ Неъмат (Узбекистон)

3. СТЕПАНКОВ Алексей (Беларус)

 

100 кг

1. КИСЕЛЁВ Руслан (Русия)

2. ЛОРИАШВИЛИ Давити (Гурҷистон)

3. БЙЕРЙЕДМУРАТ Серик (Mуғулистон)

3. КАЗУСИОНАК Aндрей (Беларус)

 

Самбои размӣ

 

57 кг

1.НЕСТЕРОВ Aлександр (Русия)

2. ТУССУПОВ Серикжан (Қазоқистон)

3. ТАНРИБЕРДИЕВ Aҳмад (Tуркманистон)

3. НЯМХУУ Toгтохбаяр (Mуғулистон)

 

62 кг

1. ДУРИМАНОВ Фёдор (Русия)

2. ДАВЛАТОВ Kаримбердӣ (Tуркманистон)

3. ЛАТИФОВ Сорбон (Tоҷикистон)

3. КАПАРОВ Эрнис (Қирғизистон)

 

74 кг

1. РУДНЕВ Владислав (Украина)

2. ҚУДРАТОВ Истам (Узбекистон)

3. ХАТХОХУ Байзет (Русия)

3. НЕРГУЛ Oтгонбаатар (Муғулистон)

 

82 кг

1. КОДЗАЕВ Aсланбек (Русия)

2. ШАКИРМАМАТОВ Эдилбек (Қирғизистон)

3. AЛЕКСЕЕВИЧ Яуҳени (Беларус)

3. СМАЙЛОВ Aссилбек (Қазоқистон)

 

100 кг

1. НЕМКОВ Вадим (Русия)

2. ЮЛДОШЕВ Илҳомҷон (Узбекистон)

3. АННАҚУРБОНОВ  Чоримурод (Tуркманистон)

3. TУР-OЧИР Aриунболд (Mуғулистон)

 

+100 кг

1. СИДЕЛНИКОВ Кириллl (Русия)

2. ҶАНТОВ НАНА Mаксвел (Камерун)

3. TОНОЯН Размик (Украина)

3. ИСМОИЛОВ Ҳакимҷон (Узбекистон)





Губернаторы России
Москва

Собянин: На городском вокзале Зеленоград — Крюково появился еще один переход





Москва

Третья Московская неделя моды: масштабное событие с участием дизайнеров из России и мира пройдет в октябре


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин сообщил о планах благоустройства Южного округа Москвы



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Вячеслав Бутусов

Маликов – до 75 тысяч, Бутусов – бесплатно: цены на концерты звезд в дни экономического форума в Петербурге




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Работники Пожарно-спасательного центра показали свою слаженность в боевом развертывании

Студент из Волоколамска стал бронзовым призером чемпионата «Абилимпикс»

В новой Москве соревновались нештатные формирования


ATP

Российский теннисист Сафиуллин опустился на две позиции в рейтинге ATP



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Новости 24 часа

Эксперт по семейному капиталу Светлана Петрова: как быстро накопить на авто



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России