Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Ноябрь
2019

Сармураббиён: Бозии тимҳои миллии Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳалкунанда аст

0
Сармураббиён: Бозии тимҳои миллии Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳалкунанда аст

Рӯзи 18-уми ноябр дар Бишкек пеш аз бозии даври шашуми марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" миёни дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Тоҷикистон нишасти хабарӣ бо ҳузури сармураббиёни ҳарду даста баргузор шуд.

Дар ин нишаст нахуст Усмон Тошев, сармураббии мунтахаби Тоҷикистон, ба хабарнигорон гуфт, ки омодагӣ ба бозӣ аз рӯи нақша ҷараён дорад.

“Ҳолати бачаҳо хеле хуб аст. Мо мефаҳмем, ки бозӣ хеле масъулият дорад ва метавон гуфт, ки ҳам барои мо ва ҳам барои мунтахаби Қирғизистон ҳалкунанда мебошад. То имрӯз, 18-уми ноябр, ҳайати даста комил нест, ин ба баъзе мушкилиҳо бо гирифтани виза ва билетҳо бастагӣ дорад. Қисме аз бозигарон имрӯз ба Бишкек меоянд. Вале ин ба ҳеҷ ваҷҳ ба бозӣ таъсир намерасонад, бачаҳо дар Тошканд тамрин карданд ва онҳо аллакай ба Бишкек парвоз мекунанд. Мекӯшем, ки футболи хуб нишон бидиҳем ва то охир мубориза мебарем.”, - иброз дошт Усмон Тошев, мутахассиси узбекистонӣ.

Баъдан Александр Крестинин, сармураббии мунтахаби Қирғизистон, дар нишасти хабарӣ гуфт, ки ҳамаи бозигарони даста ба бозӣ муқобили мунтахаби Тоҷикистон  омода ҳастанд.

“Ҳамакнун моро ҳеҷ чиз наметавонад заиф кунад, охир мо аллакай ду бозиро бохтаем. Лаҳзаи камбаҳо додан ба рақиб ҳазф мешавад, ҳама аҳамияти бозии дарпешистодаро медонанд. Интизории ман аз ин бозӣ аз ҳама мусбат аст. Фардо бозии муайянкунанда барои ним соли наздик аст. Ҳолати майдон ба андозае вазнин аст, вале барои чунин фасли сол хуб аст. Мо бозии аввалро моҳи сентябр дар Душанбе бохтем, фардо интиқом мегирем”, - мегӯяд Александр Крестинин, мутахассиси русиягӣ.

Бозии даври шашуми марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" миёни дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Тоҷикистон 19-уми ноябр дар варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқови шаҳри Бишкек соати 20:00 бо вақти маҳаллӣ (соати 19:00 бо вақти Душанбе) шуруъ мешавад.

Ин бозиро ҳакамон аз Қатар бо сарварии довари FIFA (Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол) Абдулраҳмон Иброҳим Ал-Ҷассими 32-сола доварӣ мекунанд. Висва Натҳан Кришнан аз Сингапур нозири доварон ва Ҷаемин Шин аз Кореяи Ҷанубӣ комиссари бозӣ таъйин шудаанд.

Ба ҷуз аз бозии Қирғизистону Тоҷикистон, рӯзи сешанбеи 19-уми ноябр дар даври шашуми марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи “F” мунтахаби Мянмар дар майдони худ бо мунтахаби Муғулистон рақобат мекунад.

Баъди натиҷагирии чаҳор даври мусобиқа дар гурӯҳи “F” мунтахаби Ҷопон, ки дар ҳамаи бозиҳояш пирӯз шудааст, бо 12 имтиёз мақоми аввалро азони худ кардааст. Дастаҳои Қирғизистону Тоҷикистон бо 6-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои дувуму севум ва дастаҳои Муғулистону Мянмар бо 3-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои чаҳоруму панҷум ҷойгир шудаанд.

Ёдовар мешавем, бозии даври якуми марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи “F” миёни тимҳои миллии Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки 5-уми сентябри имсол дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардид, бо пирӯзии футболбозони тоҷик бо ҳисоби 1:0 хотима ёфт. Тӯбро Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 42-юм ба самар расонид.

Дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 ҳамагӣ 40 даста ширкат дорад. Ҳашт ғолиби гурӯҳ ва чаҳор дастаи нишондодҳояш хубтари ҷойҳои дувум ба марҳилаи севуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022  роҳ пайдо мекунанд, инчунин соҳиби роҳхатҳо ба Ҷоми Осиё-2023 мешаванд.

Қаҳрамонии ҷаҳон-2022. Мусобиқаи интихобӣ

Марҳилаи дувум. Гурӯҳи «F»

Даври 6-ум

19-уми ноябр (сешанбе)

Оғози бозӣ – соати 19:00 бо вақти Душанбе

Қирғизистон – Тоҷикистон

Сардовар: Абдулраҳмон Иброҳим Ал-Ҷассим (Қатар).

Ёварони сардовар: Толиб Салим Ал-Маррӣ, Сауд Аҳмад Ал-Макалеҳ (ҳарду аз Қатар).

Довари эҳтиётӣ: Теҷас Нагвенкар (Ҳиндустон).

Нозири доварон: Висва Натхан Кришнан (Сингапур).

Комиссари бозӣ: Ҷаемин Шин (Кореяи Ҷанубӣ).

Бишкек, варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқов

Мянмар – Муғулистон

Мандалай. Варзишгоҳи«Mandalar Thiri Stadium».

Мвқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “F”

 Ҷ

 ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Ҷопон

4

4

0

0

13-0

12

2

Қирғизистон

4

2

0

2

9-4

6

3

Тоҷикистон

4

2

0

2

5-7

6

4

Муғулистон

4

1

0

3

2-9

3

5

Мянмар

4

1

0

3

4-13

3





Губернаторы России
Москва

Сергей Собянин назвал победителей конкурса «Педагоги года Москвы»





Москва

«СВЯТОЙ ЛЕНИН» спасает население от борьбы с перенаселением, 3 серия, СЕРЬЁЗНЫЙ НОВОСТНОЙ СЕРИАЛ.


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин рассказал об открытии нового перехода на вокзал Зеленоград-Крюково



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Желдорреммаш

Уссурийский ЛРЗ расширяет форматы промышленных экскурсий на предприятие




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

В Москве задержали израильского футболиста, разыскиваемого Интерполом

В преддверии Международного дня защиты детей подмосковные росгвардейцы провели спортивное мероприятие для школьников

В новой Москве соревновались нештатные формирования


Сюзанн Ленглен

Матч Котова и Вавринки перенесли на корт Сюзанн Ленглен



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Детский шопинг в ТРЦ «Нора»



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России