Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Ноябрь
2019

Тоҷикон то "Шкода" нарасиданд. Миёнаравҳо зиндонӣ ва фирорӣ

0
Тоҷикон то

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Товус Хушқадамова ва Бахтиёр Арбобов, ду масъули ширкати "Гардуна"-ро бо гуноҳи фиреби даҳҳо нафар ва аз худ кардани 90 ҳазор доллари онҳо 8 сол зиндонӣ кардааст. Ҳоли ҳозир ду намояндаи дигари ширкати "Гардуна", ки якеаш шаҳрванди Ҷумҳурии Чех аст, дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доранд.

Ба қавли мақомот, масъулони "Гардуна" ваъда карда будаанд, ки корҷӯёнро дар ширкати мошинбарории "Шкода"-и Ҷумҳурии Чех ду сол бо ҷойи кор таъмин мекунанд. Вале баъд аз гирифтани ҳаққи хидмат ва харҷи сафар натанҳо бо ҷойи кор таъмин накардаанд, балки пулашонро барнагардондаанд.

Наздикони маҳкумшудаҳо ба бегуноҳии онҳо пойфишорӣ доранд ва бозбинии ҳукмро талаб кардаанд. Баъзе аз афроди фиребхӯрда мегӯянд, ҳадафи онҳо аз шикоят бозпас гирифтани пулҳои ба ширкат додаашон буд, чизе, ки ба он сахт ниёз доранд.

Ҳукми додгоҳ нисбат ба Товус Хушқадамова ва Бахтиёр Арбобов дар охири моҳи октябри имсол содир шуда, ҷузъиёти он 21-уми ноябр ба Радиои Озодӣ маълум шуд. Бар асоси қонуни афв, муҳлати ҷазои онҳо ду сол кам гардидааст. Дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, вакилони мудофеи айбдоршавандаҳо аз рӯи ҳукм шикоят карда, бозбинии онро талаб доранд. 

Зоиршо Юнусов, яке аз даҳҳо нафарест, ки мегӯяд, бо гузашти даҳ моҳ ҳанӯз натавонистааст пули ба ширкат додаашро пурра бигирад. Ӯ мегӯяд, ба ваъдаи ҷойи кору маоши баланд ва шароити беҳтар дар Ҷумҳурии Чех бовар карда, ба ширкати "Гардуна" 1300 доллар дода буд.

"Умед доштам, аз кори сахту камдаромади Русия озод мешавам, аммо дар ниҳоят фиреб хӯрдам ва чанд моҳ боз бекору қарздор ҳастам. Ба мо акси хобгоҳ ва ҷойи корро нишон дода, гуфта буданд, ки моҳона 960 евро аст ва ҷойи хобу хӯрок бепул", -- нақл кард ӯ.

Юнусов мегӯяд, бо умеди дарёфти кори хуб дар Аврупо аз дигарон қарз гирифта буд ва то ҳанӯз натавонистаст онро баргардонад: "Як қисми пули маро муҳосиби ширкат то боздошт шудан баргардонда буд. Агар боздошту зиндонӣ намекарданд, шояд маблағҳоро бармегардонд ва мо ҳам қарзи дигаронро медодем."

Афроде, ки ба мисли Зоиршо Юнусов худро ҷабрдида мешуморанд, беш аз 200 нафар будаанд. Аммо вакили мудофеи масъулони ширкати "Гардуна" гуфт, дар парванда шикояти 34 нафар сабт шудааст.

Наздикони Товус Хушқадамова, яке аз ду масъули ширкати “Гардуна”, ки ҳоло ба зиндон маҳкум шудааст, ба бегуноҳии ӯ таъкид доранд. Онҳо мегӯянд, Хушқадамова “ягон кори ғайриқонунӣ накардааст” ва ӯ то охир бовар доштааст, ки корҷӯён бо кор дар Чехия таъмин мешаванд. “Баъд аз фирори Ватслав Скоҳоутил, шаҳрванди Чехия ва Тоҳир Рустамов, муовини ширкати “Гардуна”, ки ҳамзамон шавҳари Товус Хушқадамова аст, корафтодагони ширкат маблағро аз ӯ талаб кардаанд”, -- гуфт яке аз наздикони ӯ.

Абдукарим Абдуҳамидов, вакили дифои ду корманди маҳкумшудаи ширкати мазкур мегӯяд, “ин ду нафар маблағро тасарруф накардаанд. Бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи бонкӣ маблағро фиристодаанд. Тафтишоти пешакӣ инро ба назар нагирифт ва бо вуҷуди он ки ӯ кӯдаки ширмак дошт, боздошт шуд.”

Товус Хушқадамова модари 4 фарзанди ноболиғ будааст. Кӯдакони ӯро ба пайвандонаш тақсим кардаанд. Гулхизо Ашӯрбекова, модари Товус Хушқадамова рӯзи 21-уми ноябр гуфт, бо вуҷуди он ки духтараш худро гунаҳкор намедонад, талош кардааст 30 дарсади маблағи сокинонро баргардонад. "Агар ӯ гуноҳ медошт, суроғаашро иваз мекард. Гурехта, ба пеши шавҳараш мерафт, вале нарафт. Ӯ то охир фикр мекард, мушкил ҳал мешавад. Дар охир хонаашро ба гарав монд,” – гуфт ӯ.

Ширкати “Гардуна”, ба гуфтаи вакили мудофеи масъулини он, бо иҷозатномаи идораи муҳоҷирати Тоҷикистон кор мекардааст ва ин ҳам бовари корҷӯёнро барои дарёфти кор дар Чехия бештар кардааст. Ҷалби даҳҳо нафар барои кор дар Чехия дар ҳолест, ки ба таъкиди афроди огоҳ пайдо кардани ҷойи кори қонунӣ дар Ҷумҳурии Чех ҷараёни содаву осон нест.

Ҷомеашиносон мегӯянд, бекории аз ҳад зиёд дар кишвар ва маоши кам дар корхонаҳои дохилӣ сокинонро ба кору маоши муносиб дар хориҷа умедвор кардааст ва васвасаи кор дар Аврупо ё кишварҳои дигари пешрафта баъзан онҳоро ба дом меафтонад. Бекорӣ яке аз мушкилҳои асосии мардуми Тоҷикистон аст.

Шоҳиди ҳодисае шудед, манзараи ҷолиберо дидед ва ё хабари муҳим шунидед? Аз роҳи осон ва амн бо рақами Телеграми мо +420 724 053 959 фиристед. Ба канали Телеграми мо ҳамроҳ шавед





Губернаторы России
Москва

Собянин рассказал об открытии нового перехода на вокзал Зеленоград-Крюково





Москва

Выгодно ли покупать квартиру в новостройке?


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин анонсировал большую летнюю спортивную программу



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Людвиг ван Бетховен

Юные туляки сыграли с филармоническим оркестром Бетховена и Вебера




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Волонтеры Президентской академии в Санкт-Петербурге вносят свой вклад в развитие и повышение доступности спорта для граждан

На ВДНХ пройдет Удмуртский национальный праздник Гербер

Представители KAMA TYRES приняли участие в 57-й легкоатлетической эстафете


Надежда Петрова

Теннисистка Петрова: Карацеву не хватает игровой уверенности



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Крупный пожар в Москве: сгорел склад на площади 4000 кв м



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России