Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Ноябрь
2019

Боздошти 60 афвшуда. Гумонбаршудагони дуздӣ ва таҷовуз. ВИДЕО, САДО

0
Боздошти 60 афвшуда. Гумонбаршудагони дуздӣ ва таҷовуз. ВИДЕО, САДО

Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон хабар доданд, ки танҳо баъд аз ду ҳафтаи ба иҷро даромадани қонуни афв ва озодии ҳазорҳо зиндонӣ аз маҳбас, 60 нафари онҳо дубора дастгир шудаанд. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи вазорат, рӯзи 21-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин афрод асосан ба дуздӣ ва як нафар ба таҷовуз ба номус муттаҳам аст. Бархе аз коршиносоне, ки ин мавзуъро пайгирӣ доранд, тахмин мезананд, ки ба эҳтимоли зиёд бекорӣ ва набуди шароит барои ба ҳаёти маъмулӣ баргаштани маҳбусони пешин ба ин вазъ сабаб шудааст.

"Чанд нафар афвшуда аллакай ҷиноят содир кардаанд. Баъзе аз ин ҳодисаҳо баъд аз як рӯзи татбиқи қонуни афв рӯй додааст. Дар ноҳияи Вахш ҳатто таҷовуз ба номусро сабт карданд. Ин шумора аз 50-60 нафар гузаштааст. Ин рақамест, ки то ду ҳафтаи баъд аз иҷро шудани афвро дар бар мегирад," – гуфт Умарҷони Эмомалӣ. 

Сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон сабабҳои дубора ба ҷиноят даст задани зиндониёни афвшударо ба "омода набудани онҳо ба зиндагии маъмулӣ" рабт дод.

Дар ҳамин ҳол, маълум нест, мақомоти Тоҷикистон барои ба ҳаёти маъмулӣ баргаштани зиндониёни афвшуда чӣ барномаеро рӯйи даст гирифтаанд ва дар муддати тақрибан як моҳи иҷрои ин қонун чӣ қадар аз маҳбусони пешин бо кор таъмин шудаанд ва ё кумакпулӣ гирифтаанд.

Ду сол пеш, Додситони кулли Тоҷикистон мақомоти маҳаллиро муваззаф карда буд, ки маҳбусони пешинро ба кор таъмин намоянд. Аммо баъзе аз маҳбусони собиқ аз он нигаронӣ доранд, ки аксари идораҳо бо ишора ба доғи судии онҳо ҷойи кор нахоҳанд дод. 

Наргис Зокирова, мудири Бюрои ҳуқуқи башар ва риояи қонун, шаш сол боз ба мушкили баргашти маҳбусони пешин ба зиндагии маъмулӣ сару кор дорад. Ӯ дар оғози моҳи ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, "давлат ёрӣ мерасонад, вале барои ҳалли муассири масъала барномаи комил зарур аст."

Ба гуфтаи ӯ, маҳбусон баъди раҳоӣ аз зиндон асосан бо ин масоил рӯ ба рӯ мешаванд:

Дарёфти шиноснома, зеро аксари онҳо хона надоранд ва хешованд барои сабтиноми онҳо дар манзилашон розӣ намешаванд;

Мушкили пайдо кардани кор. Онҳоро ё ба кор намегиранд ё баъди он ки фаҳмиданд зиндонии собиқ ҳастанд, аз кор меронанд;

Бо табъйиз аз сӯйи наздикону пайвандон. Ҳангоме онҳоро хуб намепазиранд ва баъзан гузаштаи онҳоро ёдовар мешаванд, ки ин вазъи равонии маҳбусони собиқро бад мекунад.

Мувофиқи таҳқиқоте, ки пештар аз сӯйи Бюрои ҳуқуқи башар ва риояи қонун гузаронида шудааст, беш аз 300 маҳбуси собиқ гуфтаанд, баъд аз зиндон ба шароити сангини зиндагӣ сар ба сар мешаванд ва худро одами “дувумдараҷа” эҳсос мекунанд.

Хидматчиёни давлатӣ ба ин назар, ки давлат барои беҳбуди вазъи маҳбусони собиқ талоше намекунад, розӣ нестанд. Баҳром Самадов, масъули Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар дар оғози моҳи ноябри имсол ба Радиои Озодӣ гуфт, "ёрии давлат ба маҳбусони пешин аз ёрдампулӣ барои бекорӣ ва ёфтани ҷойи кор иборат аст."

Қонуни нави афв дар Тоҷикистон рӯзи 25-уми октябри имсол қабул ва мавриди иҷро қарор гирифт. Бино ба он, беш аз ҳафт ҳазор нафар аз зиндон озод ва муҳлати ҳабси бархеи дигар кам карда хоҳад шуд. Дар маҷмуъ, қонун нисбат ба 20 ҳазор нафар татбиқ мегардад.

Ҳафтаи гузашта мақомоти идораи зиндонҳои Тоҷикистон дар гузорише ба раиси ҷумҳур гуфтаанд, ки то ин дам беш аз шаш ҳазор нафар аз маҳбасҳо раҳо карда шудаанд.

Шоҳиди ҳодисае шудед, манзараи ҷолиберо дидед ва ё хабари муҳим шунидед? Аз роҳи осон ва амн бо рақами Телеграми мо +420 724 053 959 фиристед. Ба канали Телеграми мо ҳамроҳ шавед





Губернаторы России
Москва

Сергей Собянин назвал победителей конкурса «Педагоги года Москвы»





Москва

Доктор Кутушов назвал болезни, которые поджидают отдыхающих у водоёмов


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин рассказал об открытии нового перехода на вокзал Зеленоград-Крюково



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Баста

60 сосисок и чёрный хлеб: раскрыт райдер рэпера Басты




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

VK Fest 2024: Музыка и Развлечения на Открытых Площадках России

Волонтеры Президентской академии в Санкт-Петербурге вносят свой вклад в развитие и повышение доступности спорта для граждан

Представители KAMA TYRES приняли участие в 57-й легкоатлетической эстафете


Елена Рыбакина

Елене Рыбакиной поставили неожиданный «диагноз»



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Game News

Мафия-НН: отличная команда сплоченных коллег, которые стали друг другу почти как семья.



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России