Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Ноябрь
2019

Волидонаш мегӯянд, Бахтовари беморро ба артиш бурданианд. ВИДЕО

0
Волидонаш мегӯянд, Бахтовари беморро ба артиш бурданианд. ВИДЕО

Волидони як сарбоз, ки пас аз аз чанд рӯзи хизмат ҷарроҳӣ шудааст, аз талошҳои масъулин барои дубора ба артиш баргардонидани фарзандашон изҳори нигаронӣ мекунанд.

Наздикони Бахтовар Қурбонов, сарбози як қисми ҳарбӣ дар шаҳри Душанбе иддао доранд, ки фарзанди беморашон барои табобат аз Русия ба Тоҷикистон омад, вале ӯро боздошт карда ба артиш бурданд. Онҳо мегӯянд, дар комисариати ҳарбии Бохтар Бахтоварро солим нишон дода, ба хизмат бурданд, аммо ба қавли масъулин Бахтовар солим будааст.

Бахтовар Қурбоновро рӯзи дуюми октябр баъд аз 7 рӯзи хизмат бо дарди шадиди шикам аз қисми ҳарбӣ ба беморхонаи Ёрии таъҷилӣ овардаанд. Табибон мегӯянд, ӯро ҷарроҳӣ карда ва кӯррудаашро гирифтаанд. Ҳоло вазъашро миёнаи вазнин арзёбӣ мешавад. Ба гуфтаи табибон, ӯро пас аз 14 соати хуруҷи беморӣ ба беморхона овардаанд.

Аммо худи Бахтовар, ки 20 рӯз боз бистарӣ аст, рӯзи 22-уми ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дарде дар қисми шикамаш чанд моҳ боз азияташ медод. Ҳамин дард ҳам сабаб шуд, ки ӯ тобистони имсол баъди ду моҳи муҳориҷат аз Русия ба Тоҷикистон баргашт.

У мегӯяд:  “Дар Русия боркаш будам, вазни зиёд сабаб шуд, бемор гаштам ба духтур афтидам. Духтурони он ҷо гуфтанд бояд ҷарроҳӣ кунӣ, аммо маблағи калон даркор буд ва ман гуфтам, ба хона меравам. То фурудгоҳ қариб 10 навъи дору барои таскини дард хӯрда омадам, ин ҷо табобат доштам. “

Ҷавони 20-сола моҳи октябр боздошт шуд ва мегӯяд, дар комиссариати ҳарбӣ ба шикояти ӯ, ки мегуфт, сиҳатиаш хуб нест ва табобат мегирад, гӯш надоданд ва дар посух гуфтаанд, “сад фоиз ҳастӣ”. Наздикони Бахтовар мегӯянд, аз масъулини комиссариати ҳарбӣ хостанд, ҳади аққал 4 моҳ ба онҳо муҳлат диҳанд, то Бахтоварро табобат ва агар зарур буд, ҷарроҳӣ кунанду баъдан ба хизмат баранд.

Аммо ин хоҳишҳои онҳо ҳам рад карда шуд. “Облава”-и ҷавон ҳам дар ҳоле сурат гирифтааст, ки Шодигул Қурбонова, модари сарбоз мегӯяд: ”Хирург дида, гуфта буд, грижа дорад. Бори вазнин бардоштаст ва аз дарун даридааст.  Духтурон гуфтанд, бояд инро табобат кунем. Вале дар комиссариати ҳарбӣ бовар накарданд, гуфтанд, сиҳат аст, мӯҳр зада, фиристоданд.”

Волидони сарбоз аз ҷарроҳии писарашон пас аз ду рӯз огоҳ шуданд. Наздикони сарбозро талошҳои масъулин барои дубора ба қисми ҳарбӣ баргардонидани Бахтовар нигарон кардааст. Шодигул Қурбонова мегӯяд, ду бор барои бурдани писараш омаданд. “Имрӯз омаданд, мошин оварданд, ки мо мебарем, вале духтур иҷоза надод. Писарам хӯрда наметавонад, роҳ гашта наметавонад, хеста наметавонад, куҷо мебаранд, ӯро?”

Дар ҳоле, ки волидони ҷавон мегӯянд, барои исботи бемории ӯ санад пешниҳод кардаанд, масъулини қисми ҳарбие, ки Бахтовар дар он хизмат мекард, мегӯянд, ташхиси пеш аз хидмат муайян кард, ки ӯ солим аст. Бемори илтиҳоби кӯрруда ҳам ба гуфтаи онҳо оҷилӣ аст ва ҳар кас метавонад ба он ногаҳонӣ гирифтор шавад.

Абдусалом Тураев, сардухтури қисми ҳарбии 6593, ки Бахтовар дар он хизмат мекунад, мегӯяд: “Вақте зимни ташхис муайян мешавад, ки сарбоз бемории чура ё грижа дораду ҳолаш хуб нест, аз комиссариати ҳарбӣ ӯро ҷавоб медиҳанд ва ӯ таҳти назорат мемонаду баъди табобат ё 6 моҳ дубора даъват мешавад. Онҳоро комиссияи калоне аз ташхис мегузаронад ва имкон надорад, ки ҷавони бемор ба хизмат бурда шавад. Ин сарбоз ҳам вақте омад, сиҳат буд.”

Волидони Бахтовар мегӯянд, алайҳи кормандони комиссариати низомӣ дар Бохтар ба Додситонии ҳарбӣ шикоят бурдаанд. Бар асоси қонун, дар Тоҷикистон хидмат дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ ҳатмист ва ҷавонони аз 18 то 27-сола бояд дар сафи артиш ва дигар нерӯҳои мусаллаҳ ду сол хидмат кунанд. Истисно барои донишҷӯён, гурӯҳе аз ҷавонони сарпарасти хонавода, соҳиби ду фарзанд, бемор вуҷуд дорад. Номгӯи бемороне, ки аз хизмат озоданд, мушаххас аст, аз ҷумла ҷавонони мубталои сил ва ВИЧ ҳам аз хизмат озоданд.





Губернаторы России
Москва

Собянин анонсировал большую летнюю спортивную программу





Москва

В Подмосковье сотрудники Росгвардии задержали подозреваемого в краже товаров из магазина


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин анонсировал большую летнюю спортивную программу



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Мариинка

Мариинка представит в Большом две версии постановки оперы Глинки «Жизнь за царя»




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Сделано в СССР. Первое историческое ралли в Москве стартует 2 июня

ТАСС: Паралимпийский комитет России провел урок и мастер-классы для участников СВО

В преддверии Международного дня защиты детей подмосковные росгвардейцы провели спортивное мероприятие для школьников


Сюзанн Ленглен

Последний танец Надаля и юбка Сюзанн Ленглен: 6 важных фактов о «Ролан Гаррос»-2024



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Симферополь

Наркокурьер изобретательно спрятал «товар» в машине, но это не помогло (видео)



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России