Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Ноябрь
2019

Намояндаи КДАМ: Баъзе тафсилоти ҳамла ба дидбонгоҳи "Ишқобод"

0
Намояндаи КДАМ: Баъзе тафсилоти ҳамла ба дидбонгоҳи

Як намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) дар нишасте бахшида ба вазъи занон рӯзи 26-уми ноябр дар Душанбе баъзе ҷузъиёти ҳамла ба дидбонгоҳи "Ишқобод" дар марзи Тоҷикистону Узбекистонро ошкор кард. Қаблан танҳо як изҳороти КДАМ дар ин бора нашр шуда, мақомоти ин ниҳод аз шарҳи бештари воқеа худдорӣ мекарданд. 

Муҳаммад Саидов, намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ҳангоми суханронӣ дар мавзӯи "Тақвияти фаъолияти идеологӣ дар самти мубориза бо зуҳуроти экстремистӣ ва террористӣ" гуфт, дар ҳодисаи 6-уми ноябр "9 мард, 11 зан ва 13 ноболиғ иштирок кардаанд". Вале нагуфт, ки ноболиғон дар ин ҳамла чӣ масъулият доштаанд. Ин иттилоъ бо изҳороти аввали мақомот, ки гуфтанд, ҳамлаварон бист нафар буданд, тафовут дорад.   

Радиои Озодӣ иттилое ба даст овардааст, ки яке аз ҳамлаварон 15-сола буда, дар синфи ҳашт мехонд ва аз мудири мактаб бо баҳонаи дидорбинии наздиконаш дар минтақаи дигари Тоҷикистон рухсат гирифтааст. Ин наврас ҳаргиз дар хориҷа набудааст.

Дар ҳамлаи 6-уми ноябр ба дидбонгоҳи "Ишқобод" дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ 15 ҳамлавар ва чанд тан аз нерӯҳои марзбонӣ ва милиса кушта, панҷ ҳамлавар дастгир шудаанд. Мақомот гуфтанд, ҳамла кори ҷангҷӯёни гуруҳи ваҳшатафкани "Давлати исломӣ" аст ва ба иттилои расмӣ "онҳо аз ноҳияи Қалъаи Золи Афғонистон омадаанд".

ДОИШ низ масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифт, вале ҳамчунон фарзия ва гумонзаниҳои дигаре дар ҷомеа ва расонаҳо вуҷуд дорад. Мақомоти Афғонистон ва чандин манбаи боварбахш дар мақомоти Тоҷикистон убури ҳаросафканонро аз марз рад кардаанд.

Намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар нишасти рӯзи сешанбе гуфт, "ин афрод фаъолияти худро дар Суғд ба роҳ монда, як моҳ дар хонае дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ зистаанд. Раиси маҳалла онҳоро дид, нозири минтақавӣ дид, вале бетаваҷҷуҳӣ кардаанд", -- афзуд ӯ.

Муҳаммад Саидов гуфт, "дар ҳодисае, ки сурат гирифт, ҳарчанд хунукназарии мақомоти амният бошад ҳам, аз тарафи дигар сохторҳои маҳалла ва деҳаву оила бетаваҷҷуҳӣ зоҳир кардаанд."

Вай афзуд, бисёриҳо сабаби ифротишавии сокинонро камбизоатӣ унвон мекунанд, "вале ҳодиса нишон дод, ки оилаҳо шароити хуби зиндагӣ доранд." Ба қавли намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, тафтиши гуруҳ нишон додааст, ки дороии роҳбари гуруҳи ҳамлаварон Ғафуров Шуҳрат Аъзамович беш аз 1 миллион сомонӣ будааст. Тасдиқи дурустии ин хабар аз манобеи дигар ҳоли ҳозир ғайриимкон аст.

Бо гузашти бист рӯз аз ҳодиса мақомот тафсилоти ҳодисаро дар ихтиёри хабарнигорону ҷомеа нагузоштаанд. Хабарҳо дар бораи ҳодиса аз манобеи гуногун пароканда ба даст меояд ва фарзияҳое матраҳ мешаванд, ки хабари расмиро зери суол мегузоранд.

Шоҳиди ҳодисае шудед, манзараи ҷолиберо дидед ва ё хабари муҳим шунидед? Аз роҳи осон ва амн бо рақами Телеграми мо +420 724 053 959 фиристед. Ба канали Телеграми мо ҳамроҳ шавед.





Губернаторы России
Москва

Собянин рассказал об открытии нового перехода на вокзал Зеленоград-Крюково





Москва

Всеармянский союз «Гардман-Ширван-Нахиджеван» осуждает лживое заявление президента Азербайджана Алиева


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин рассказал об открытии нового перехода на вокзал Зеленоград-Крюково



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Желдорреммаш

Уссурийский ЛРЗ расширяет форматы промышленных экскурсий на предприятие




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Два проекта Первый Бит отмечены дипломами финалистов конкурса «BPM-проект года»

В Москве 1 июня стартует чемпионат по игре «Камень, ножницы, бумага»

На ВДНХ пройдет Удмуртский национальный праздник Гербер


Надежда Петрова

Теннисистка Петрова: Карацеву не хватает игровой уверенности



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


News Every Day

‘Please don’t play that at matches next season’, beg Luton fans after Coldplay reveal new song for Hatters at festival



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России