Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Ноябрь
2019

Мурофиаи муҳоҷирони гумонбар ба қатли Чуев. Ташхис чиро нишон дод?

0
Мурофиаи муҳоҷирони гумонбар ба қатли Чуев. Ташхис чиро нишон дод?

Наздикони шаш муҳоҷири тоҷик, ки ба қатли варзишгари рус Сергей Чуев гумонбаранд, аз тӯл кашидани мурофиаи додгоҳии онҳо нигарон ҳастанд. Ҳодиса ним сол пеш иттифоқ афтод.

Ҷониби Русия ба гунаҳкор будани муҳоҷирон таъкид дорад, аммо наздиконашон ба бегуноҳии онҳо. Намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Маскав гуфтанд, масъаларо бодиққат пайгирӣ доранд.  

Равшан Акрамов, бародари Рустам Аминов, яке аз муҳоҷирони гумонбар дар қатли варзишгари рус, рӯзи 26-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ташхиси тиббиву додгоҳӣ ҳарчанд дер ба дасти онҳо расид, ба манфиати бародараш ва ҳамроҳони ӯ анҷом шудаст.

Сергей Чуев, устоди гуштии юнониву румӣ, шаби 7 ба 8-уми июни имсол дар минтақаи ҷанубу ғарби Маскав кушта шуд. Расонаҳои Русия навиштанд, гӯиё муҳоҷирони тоҷик устоди варзишро ба кӯл партофтанд ва ӯ дар зери об нафасгир шудааст.

Аммо дар оғоз гуфта мешуд, ки гӯиё муҳоҷирон як зани ҳомиларо азият додаанд ва Чуев ба пуштибонӣ аз ӯ бархоста, бо муҳоҷирон вориди даргирӣ шуд. Дертар шоҳидон ин фарзияро рад карданд.

Ҳодиса аз ҷониби мақомоти Русия ҳамчун қатл арзёбӣ мешавад. Натиҷаи ташхиси тиббиву додгоҳӣ, ки ҳоло ба наздикони муҳоҷирони боздоштшуда расидааст, марги варзишгари русро "ғарқшавӣ" гуфтааст.

Фаридун Сафаров, Рустам Аминов, Фирӯз Сафаров, Неъматҷон Бобоев, Мирзошавкат Тафалангов ва Меъроҷиддин Аловиддинзода аз ноҳияи Масчоҳ ним сол боз дар боздоштгоҳе дар Маскав қарор доранд.

Ин муҳоҷирон бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноии Русия – “куштор бо маслиҳати пешакӣ” ва “авбошӣ” – гумонбар ҳастанд.

Равшан Акрамов гуфт, аз ҳоли бародараш ба воситаи телефон огоҳ мешавад ва ӯву дигар ҳамроҳонаш мехоҳанд, таҳқиқи ҳодиса одилона сурат гирад. Муҳаммадшоҳ Раҳимзода, яке аз наздикони Фирӯз Сафаров, муҳоҷири дигари боздоштшуда нигарон аст, ки натиҷаи ташхис ҳанӯз ниҳоӣ нест ва метавонад дар ҷараёни мурофиа тағйир ёбад. 

Дар ҳоли ҳозир аз ҳаққи муҳоҷирон панҷ вакили мудофеъ ҳимоят мекунанд.

Игор Кайдан, вакили мудофеи Неъматҷон Бобоев, яке аз муҳоҷирони гумонбар дар қатли варзишгари Сергей Чуев, рӯзи 26-уми ноябр гуфт: "Ташхиси тиббӣ-додгоҳӣ ба фоидаи муҳоҷирон анҷом шудааст. Дар инҷо танҳо моддаи авбошӣ мемонад. Зерҳимояи ман ва ҳамроҳонаш бо қисми дуюми ин модда, яъне авбошӣ бо истифода аз ашё гумонбар ҳастанд."

Мурофиаи аввал рӯзи 6-уми ноябр баргузор шудааст. Интизор меравад, мурофиаи навбатӣ ҳафтаи оянда суарт гирад ва то моҳи феврали 2020 ба охир расад.

Он чӣ корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва мақомоти тоҷикро сахт асабӣ карда буд, шимҳои дарида ва бадани урёни шаҳрвандони Тоҷикистон буд. Онҳо гуфтанд, “ҳарчанд инҳо ба қатл гумонбаранд, набояд ба ин шева таҳқир шаванд”. Чандин дархости мақомоти Тоҷикистон дар ин замина беҷавоб монд.

Мақомоти Русия ҳанӯз шарҳ надодаанд, ки чаро муҳоҷирон дар як ҳолати таҳқиромез тасвир шудаанд ва ин аксҳо чӣ гуна ба матбуот роҳ ёфт. Онҳо видеои бозпурсии гумонбаронро нашр карданд, ки дар он муҳоҷирон даргирӣ бо варзишгари русро тасдиқ мекунанд. Маълум нест, ин наворҳо дар чӣ шароит сабт шудааст.

Ҳар сол ҳазорҳо шаҳрванди қобили кори Тоҷикистон барои дарёфти рӯзӣ ба Русия мераванд. Дар гузашта бархе онҳо мавриди ҳамлаи миллатгароҳо қарор мегирифтанд, аммо тайи ду соли соли охир бештар ба узвият дар гурӯҳҳои тундрав, ҳамкорӣ бо созмонҳои террористӣ ва даст доштан дар қатлҳои пурсарусадо муттаҳам шуда, дастгир, зиндонӣ ва ё ихроҷ мегарданд.





Губернаторы России
Москва

Собянин: На городском вокзале Зеленоград — Крюково появился еще один переход





Москва

Всеармянский союз «Гардман-Ширван-Нахиджеван» осуждает лживое заявление президента Азербайджана Алиева


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин анонсировал большую летнюю спортивную программу



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Джиган

Джиган о съемках в шоу «Выжить в Дубае»: «Когда голоден, ты автоматически злой»




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Онлайн-лекторий «Иннагрика»: подкасты с учеными и экспертами об агротехе доступным языком

На ВДНХ пройдет Удмуртский национальный праздник Гербер

Четырёх футболисток самарских "Крыльев" сняли с поезда за дебош


Елена Рыбакина

Рыбакина, Путинцева и Бублик стартуют на Ролан Гаррос. Кто в соперниках и чего ждать?



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Трамп заявил, что разбомбил бы Москву и Пекин в случае конфликтов при его президентстве



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России