Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Ноябрь
2019

Ғалабаи дувуми мунтахаби Тоҷикистон дар CAFA-2019

0
Ғалабаи дувуми мунтахаби Тоҷикистон дар CAFA-2019

Мунтахаби олимпии занонаи Тоҷикистон (U-23) дар даври чаҳоруми мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2019 миёни дастаҳои мунтахаби олимпии занона (U-23) бар мунтахаби Туркманистон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Ин дувумин ғалабаи занони футболбози тоҷик дар ин мусобиқа ба шумор меравад.

Бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Туркманистон 26-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардид. Ҳарду голи мунтахаби Тоҷикистонро Некӯбахт Худододова ва Рафина Нормуродова дар нимаи аввали дидор ба самар расониданд.

Ёдовар мешавем, аз ин пеш мунтахаби Тоҷикистон дар қаҳрамонии CAFA-2019 аз тими Эрон бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрда, дар даври дувум бозиро бо мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 0:0 анҷом дод ва баъдан бар мунтахаби Афғонистон бо ҳисоби 5:1 ғолиб омад.

Бозии марказии даври чаҳорум миёни дастаҳои мунтахаби Узбекистон ва Эрон рӯзи сешанбе дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор шуд. Футболбоззанони узбек ба дарвозаи эрониҳо се голи беҷавоб заданд.

Дар бозии дигари ин давр мунтахаби Қирғизистон тими Афғонистонро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод.

Ба ин тартиб, як давр пеш аз анҷоми мусобиқа дастаи ғолиб маълум шуд. Мунтахаби Узбекистон, ки дар чаҳор бозӣ пирӯз шуда, 12 имтиёз гирифтааст, дар ҷадвали мусобиқа мақоми аввалро касб намудааст.

Мубориза барои ҷойҳои дувуму севум идома дорад. Мунтахаби Эрон бо 9 имтиёз дар ҷойи дувум ва мунтахаби Тоҷикистон бо 7 имтиёз дар ҷойи севум қарор доранд.

Мунтахаби Қирғизистон бо 4 имтиёз ҷойи чаҳорум ва тими Афғонистон бо 3 имтиёз ҷойи панҷумро ишғол кардаанд. Мунтахаби Туркманистон бидуни имтиёз дар зинаи охирин – шашум - ҷойгир шудааст.

Бозиҳои даври охирини мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2019 миёни дастаҳои мунтахаби олимпии занона (U-23) рӯзи панҷшанбеи 28-юми ноябр доир мегардад. Мунтахаби Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бо дастаи Узбекистон рақобат мекунад. Ин бозӣ соати 14:00 оғоз меёбад.

Ду бозии дигари даври панҷум дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир мегардад. Нахуст дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Туркманистон соати 14:00, баъдан тимҳои Эрон ва Афғонистон соати 17:00 вориди рақобат мешаванд.

Мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2019 миёни дастаҳои мунтахаби олимпии занона (U-23) аз рӯи системи даврӣ дар як давра доир

мегардад.

Мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2019 миёни дастаҳои мунтахаби олимпии занона (U-23)

Даври 4-ум

Туркманистон – Тоҷикистон – 0:2

Голҳо: Некӯбахт Худододова, 25 (0:1). Рафина Нормуродова, 45+2 (0:2).

Сардовар: Кристина Борисова (Узбекистон).

26-уми ноябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 130 тамошобин.

Узбекистон – Эрон – 3:0

Голҳо: Нилуфар Қудратова, 14 (1:0). Умеда Зоирова, 65 (2:0). Дилдора Нозимова, 82 (3:0).

Огоҳӣ гирифтанд: Шаҳризода Зайниддинова (Узбекистон), Заҳро Маъсумӣ (Эрон).

Сардовар: Малика Қодирова (Узбекистон).

26-уми ноябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 54 тамошобин.

 

Афғонистон – Қирғизистон – 0:3

Голҳо: Айжан Боронбекова, 20 (0:1). Адинай Дуйшобоева, 30 (0:2). Адинай Дуйшобоева, 39 (0:3).

Огоҳӣ гирифтанд: Самира Моманд, Фотима Ҳайдарӣ (Афғонистон), Ойпарӣ Саскеева (Қирғизистон).

Сардовар: Салмо Разавӣ (Эрон).

26-уми ноябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 130 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

 Ҷ

 ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Узбекистон

4

4

0

0

26-0

12

2

Эрон

4

3

0

1

15-3

9

3

Тоҷикистон

4

2

1

1

7-5

7

4

Қирғизистон

4

1

1

2

3-12

4

5

Афғонистон

4

1

0

3

3-19

3

6

Туркманистон

4

0

0

4

1-16

0

 

Даври 5-ум

28-уми ноябр (панҷшанбе)

14:00. Тоҷикистон – Узбекистон. Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор

14:00. Қирғизистон – Туркманистон. Варзишгоҳи марказии Душанбе

17:00. Эрон – Афғонистон. Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе





Губернаторы России
Москва

Собянин: Число пользователей портала «Малый бизнес Москвы» превысило 200 тысяч





Москва

«СВЯТОЙ ЛЕНИН» спасает население от борьбы с перенаселением, 5 серия, СЕРЬЁЗНЫЙ НОВОСТНОЙ СЕРИАЛ.


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: Число пользователей портала «Малый бизнес Москвы» превысило 200 тысяч



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Сергей Лазарев

Сергей Лазарев рекомендовал Казань для отпуска выходного дня




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Больше всего работников с креативными идеями работает в ритейле и спорте

VK Fest 2024: Музыка и Развлечения на Открытых Площадках России

Волонтеры Президентской академии в Санкт-Петербурге вносят свой вклад в развитие и повышение доступности спорта для граждан


WTA

Повернення Калініної до топ-50 та втрачені позиції Світоліної. Оновлені тенісні рейтинги WTA та ATP



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Врач: в Москве вскоре начнется второй пик аллергического сезона



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России