Олег Дерипаска аз шаҳрвандии Қибрис (Кипр) маҳрум шуд
Мақомоти Қибрис (Кипр) Олег Дерипаска, миллиардери 51-солаи русро, ки бо Кремл робитаҳои наздик дорад, аз шаҳрвандӣ маҳрум карданд. Дерипаска соли 2017 шаҳрвандии Қибрисро гирифта буд.
Нашрияи Politis рӯзи 27-уми ноябр хабар дод, ки дар баробари Дерипаска ду зодаи дигари Русия низ аз шаҳрвандии Қибрис маҳрум шуданд.
Дар оғози моҳи ноябри имсол мақомоти Қибрис гуфтанд, бо сабаби камбудҳо дар барномаи тақдими шаҳрвандӣ ба ивази сармоягузорӣ ҷараёни аз шаҳрвандӣ маҳрум кардани 26 нафарро оғоз кардаанд. Он замон хабаргузории Reuters ба нақл аз манобеаш дар Қибрис гуфт, дар миёни ин 26 нафар шаҳрвандони Русия низ ҳастанд.
То ҳол на Дерипаска ва на мақомоти Қибрис дар ин замина изҳори назар накардаанд.
Сухангӯи Кремл Дмитрий Песков дар ҷавоб ба суоли хабарнигорон дар Маскав рӯзи 27-уми ноябр гуфт, аз шаҳрвандии Қибрис маҳрум шудани Дерипаска "ба Кремл рабт надорад". Вай афзуд, "ин кори дохилии Қибрис аст. Ин чиз ба худи Дерипаска ва Қибрис марбут аст."
Вазорати молияи Амрико номи Дерипаскаро ба рӯйхати афроди мавриди таҳрим ворид кардааст. Се ширкати зери назари ӯ – Русал, En+ ва EuroSibEnergo низ таҳти таҳрим қарор гирифтанд.
Дерипаска ва ширкати Русал дар оғози солҳои 2000-ум як шарики муҳими ширкати Талкои Тоҷикистон буд.
Идораи назорат аз дороиҳои хориҷии Вазорати молияи Амрико гуфтааст, Дерипаска ва олигархҳои дигари рус аз роҳи иртибот бо президент Владимир Путин ва ҳам "фаъолиятҳои харобкорона"-и Маскав дар саросари ҷаҳон фоида мебинанд.
Ширкати Русал, ки дар бозори метали ҷаҳон нақши муҳимро иҷро мекунад, аз таҳрими ҳузураш дар Амрико ва Аврупо осеб дидааст.