Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Ноябрь
2019

Тоҷикистон дар раддабандии нави FIFA панҷ зина поин шуд

0
Тоҷикистон дар раддабандии нави FIFA панҷ зина поин шуд

Тоҷикистон дар раддабандии нави FIFA (Федератсиони байналмилалии футбол), ки 28-уми ноябр нашр шуд, панҷ зина поин рафта, дар байни 211 кишвар бо 1152 имтиёз дар ҷойгоҳи 121-ум қарор гирифт.

Дар феҳристи нави FIFA Белгия бо 1765 имтиёз ҷойи аввалро касб намудааст. Фаронса бо 1733 имтиёз дар зинаи дувум ва Бразилия бо 1712 имтиёз дар зинаи севум ҷойгир шудаанд.

Ба даҳгонаи аввал, инчунин

Англия (1661 имтиёз),

Уругвай (1645 имтиёз),

Хорватия (1642 имтиёз),

Португалия (1639 имтиёз),

Испания (1636 имтиёз),

Аргентина (1623 имтиёз) ва

Колумбия (1622 имтиёз) дохиланд.

Тоҷикистон дар байни дастаҳои мунтахаби миллии Осиё, ки ба AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) шомиланд, мақоми 23-юмро соҳиб шудааст. Дар Осиё Ҷопон дар мақоми аввал (дар ҷаҳон бо 1500 имтиёз дар зинаи 28-ум) қарор дорад. Эрон дувум (дар ҷаҳон 33-юм, 1489 имтиёз) ва Кореяи Ҷанубӣ севум (дар ҷаҳон 41-ум, 1459 имтиёз) мебошанд.

Аз байни кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландро дар раддабандии FIFA Украина (24-ум, 1537 имтиёз), Русия (38-ум, 1470 имтиёз) ва Узбекистон (85-ум, 1289 имтиёз) ба даст овардаанд.

Тоҷикистон дар байни кишварҳои Шӯравии собиқ аз Туркманистон (129-ум), Литва (131-ум), Латвия (137-ум) ва Молдова (175-ум) пеш аст, вале дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Узбекистон (85-ум), Қирғизистон (96-ум) ва Қазоқистон (118-ум) ҷойгир шудааст.

Феҳристи FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар раддабандии FIFA ҷойи 106-ум дар соли 2013 ва натиҷаи пасттаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" бо тимҳои миллии Ҷопон, Қирғизистон, Мянмар ва Муғулистон рақобат мекунад.

Мунтахаби Тоҷикистон дар бозии аввалинаш дар майдони худ бар мунтахаби Қирғизистон ва дар бозии дувумаш дар меҳмонӣ бар мунтахаби Муғулистон бо ҳисоби якхелаи 1:0 ғолиб омада, дар даври севум дар Душанбе аз тими миллии Ҷопон бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд. Баъдан дар меҳмонӣ аз мунтахаби Мянмар бо ҳисоби 2:3 мағлуб гашт ва бозиро бо мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 1:1 анҷом дод.

Мунтахаби Ҷопон, ки бо 12  имтиёз мақоми аввалро касб намудааст, бешак, соҳиби роҳхат ба марҳилаи севуми мусобиқот мешавад.

Дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки ҳафтимтиёзӣ гирифтаанд, барои ҷойи дувум талош доранд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо ҳоло мунтахаби Қирғизистон дар ҷойи дувум ва мунтахаби Тоҷикистон дар ҷойи севум қарор доранд. Мянмар бо 6 имтиёз зинаи чаҳорум ва Муғулистон бо 3 имтиёз зинаи панҷумро ишғол кардаанд.

Бозиҳои боқимондаи мусобиқот дар гурӯҳи “F” соли оянда баргузор мешаванд. Мунтахаби Тоҷикистон 26-уми март дар Душанбе бо  мунтахаби Муғулистон, 4-уми июн дар меҳмонӣ бо дастаи Ҷопон ва 9-уми июн дар майдони худ бо тими Мянмар рақобат мекунад.

Дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 ҳамагӣ 40 даста ширкат дорад. Ҳашт ғолиби гурӯҳ ва чаҳор дастаи нишондодҳояш хубтари ҷойҳои дувуми гурӯҳҳо ба марҳилаи севуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 роҳ пайдо мекунанд, инчунин соҳиби роҳхатҳо ба Ҷоми Осиё-2023 мешаванд.





Губернаторы России
Москва

Собянин: В июне в Москве пройдет цикл мероприятий для собак и их владельцев





Москва

Лидер движения «Всеармянский фронт» Аршак Карапетян 24 мая 2024 года встретился с членами Координационного совета российско-армянских организаций России и политологами


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Мэр: Порядка 20 новых ЖК передали под заселение по программе реновации с начала года



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Игорь Бутман

Оркестр Бутмана даст концерты в 25 городах в честь 25-летия коллектива




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

САРАТОВСКИЕ СОТРУДНИКИ РОСГВАРДИИ ЗАНЯЛИ ПРИЗОВЫЕ МЕСТА НА ЧЕМПИОНАТЕ ПО СПОРТИВНОМУ ОРИЕНТИРОВАНИЮ

Аделина Панина: какие элементы фэншуй должны быть на кухне, чтобы есть и худеть

Спортивные прогнозы на OnlyBet


Ролан Гаррос

Парижские сюжеты: Медведев играл в кошки-мышки, Котов творил историю, Калинская заставляла нервничать Синнера



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Киев

Охранник Зеленского предлагал Киеву сдаться в первые дни СВО



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России