Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Январь
2020

Юриш ба сафорати Амрико дар Бағдод. Вашингтон гурӯҳҳои наздик ба Эронро муттаҳам кард

0
Юриш ба сафорати Амрико дар Бағдод. Вашингтон гурӯҳҳои наздик  ба Эронро муттаҳам кард

Ду рӯз пас аз ҳамлаи нерӯҳои амрикоӣ ба пойгоҳҳои "Ҳизбуллоҳ" -- як гурӯҳи наздик ба Эрон дар Ироқ ва Сурия, рӯзи сешанбеи 31-уми декабр эътирозгарони ироқӣ ба сафоратхонаи Амрико дар Бағдод юриш бурданд. Сафорати Амрико дар пойтахти Ироқ дар "минтақаи сабз"-и Бағдод ҷойгир аст, ки ба шиддат муҳофизат мешавад.

Ба гузориши хабаргузориҳо, эътирозгарон дарвозаи аслии сафоратхонаро шикаста ва ба дохил рафтанд ва толори қабули ин биноро оташ заданд. Қаблан хабаргузории "Рейтерз" аз қавли мақомоти ироқӣ навишта буд, ки сафири Амрико ва дигар кормандони ин сафоратхона барои ҳифзи ҷонашон биноро тарк кардаанд.

Хамин хабаргузорӣ мегӯяд, ки нерӯҳои амниятӣ барои ақиб рондани эътирозгарон ва пароканда намудани онҳо, аз гази ашковар истифода карданд. Хабаргузории "Франс-пресс сабаби "ҳамла"-и эътирозгарон ба сафорати Амрикоро, "хашми онҳо" аз ҳамлаҳои ҳавоии ин кишвар ба нерӯҳои ниманизомӣ гуфтааст. 

Амрико рӯзи якшанбеи 29-уми декабр дар вокуниш ба ҳамла ба як пойгоҳи низомӣ дар Каркук ва кушта шудани як амрикоӣ, ба пойгоҳҳои  "Ҳизбуллоҳ" дар Ироқ ва низ Сурия, ҳамла кард. Дар ин ҳамлаҳо ҳадди ақал 25 нафар ниманизомии шиа кушта ва 55 нафари дигар захмӣ шуданд.

Бисёре аз касоне, ки дар баробари Сафорати Амрико ҷамъ шуда буданд, либосҳои низомӣ бар тан доштаанд ва парчамҳои гурӯҳҳои ниманизомии шиа низ дар миёнашон дида мешуд. "Франс-пресс" теъдоди ин афродро "чанд ҳазор" гуфтааст.

Бо ин ҳама, мақомҳои амрикоӣ гуфтаанд, тасмиме барои берун кардани кормандони сафоратхона аз Ироқ гирифта нашудааст ва дар ҳамлаи ахир ба даромадгоҳи сафоратхона ҳам ба касе осебе нарасидааст. Вазорати дифои Амрико гуфтааст, нерӯҳои бештаре барои муҳофизат аз сафорати худ дар Бағдод ҷобаҷо кардааст. Президенти Амрико гуфтааст, ин нерӯҳо ба зудӣ дар маҳал ҷобаҷо хоҳанд шуд.

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико дар ҳисоби корбарии худ дар "Твиттер" ҳамла ба сафоратхонаро ба "террористон" ва "нобиноён"-и Эрон нисбат дод. Ӯ гуфт, ҳамла "тавассути террористҳо, Абу Маҳдӣ Муҳандис, Қайс Хузъалӣ созмондиҳӣ ва тавассути нобиноёни Эрон, Ҳодӣ Омирӣ ва Фолеҳ Ал-Файёз, барангехта шуда буд". 

Ин афроди номбурда ва шуморе аз ниманизомиёни шиа аз сӯи Амрико муттаҳам ҳастанд, ки ба ҷонибдорӣ аз Эрон дар Ироқ фаъолият мекунанд Онҳо ҳамчунин ба анҷоми ҳамлаҳо ба нерӯҳои Амрико ва манфиатҳои ин кишвар муттаҳам мебошанд.

Доналд Трамп рӯзи 31-уми декабр дар вокуниш ба ин ҳамла гуфт, ки Эрон баҳои сангине хоҳад пардохт. Аммо ӯ дар тозатарин паёмаш гуфт, ки "дунболи ҷанг нест".

Сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон рӯзи сешанбеи 31-уми декабр ҳар гуна иртиботи ин кишвар бо тазоҳуркунандагоне, ки ба Сафорати Амрико дар Бағдод, пойтахти Ироқ юриш бурданд, радд кардааст.

Аббос Мусавӣ изҳороти раиси ҷумҳури Амрико ва дигар мақомҳои ин кишвар дар хусуси нақши Эрон дар ин ҳамларо радд карда ва нисбат "ба ҳар гуна вокуниши носанҷида ва иштибоҳ" ҳушдор додааст. Сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон ҳамчунин аз Амрико хостааст, ки "дар сиёсатҳои вайронгаронаи худ дар минтақа" таҷдиди назар кунад.

Раиси ҷумҳури Ироқ, раиси порлумон ва мақомҳои дигари ироқӣ низ ҳамла ба сафорати Амрико дар Бағдодро маҳкум кардаанд. Муҳаммад Ҳалбусӣ, раиси порлумони Ироқ ҳам дар баёнияе ҳамла ба сафорати Амрикоро "рафтори ғайри қобили қабул" хонда ва гуфтааст, ки он "ба манфиатҳои олии Ироқ осеб расонида, чеҳраи номуносиб аз мардуми Ироқ ироа мекунад".





Губернаторы России
Москва

Собянин анонсировал большую летнюю спортивную программу





Москва

Всеармянский союз «Гардман-Ширван-Нахиджеван» осуждает лживое заявление президента Азербайджана Алиева


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: 10 тыс. человек получили медпомощь в обновленных приемных отделениях



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Олег Лундстрем

Внучатый племянник Олега Лундстрема нашёл в Ульяновске свою кровь




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Представители KAMA TYRES приняли участие в 57-й легкоатлетической эстафете

На ВДНХ пройдет Удмуртский национальный праздник Гербер

Волонтеры Президентской академии в Санкт-Петербурге вносят свой вклад в развитие и повышение доступности спорта для граждан


Дарья Касаткина

Касаткина о романе Синнера и Калинской: рада, больше ничего не хочу говорить



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

«СВЯТОЙ ЛЕНИН» спасает население от борьбы с перенаселением, 3 серия, СЕРЬЁЗНЫЙ НОВОСТНОЙ СЕРИАЛ.



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России