Идомаи тазоҳуроти олуда бо хушунат дар назди сафорати Амрико
Нерӯҳои Амрико барои пароканда кардани тазоҳургарони тарафдори Эрон, ки рӯзи 1-уми январ дар назди сафорати кишвар дар Бағдод ҷамъ омаданд, аз гази ашковар истифода бурданд. Даҳҳо нафар аз ниманизомиён ва тарафдорони онҳо аз шаби 31-уми декабр дар назди дари сафорат хайма заданд.
Тазоҳургарон рӯзи 31-уми декабр ба нишони эътироз аз ҳамлаи Амрико ба зидди як гуруҳи мусаллаҳи таҳти ҳимояти Эрон ба сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Бағдод ҳамла бурданд. Дар ин ҳамлаҳои ҳавоӣ 25 узви гуруҳи мазкур кушта шуданд. Барои пароканда кардани ин тазоҳургарон дар рӯзи 31-уми декабр нерӯҳои ироқӣ ва посбонҳои сафорати Амрико гази ашковар ва дигар анвои аслиҳаи безарарро ба кор бурданд.
Ба навиштаи хабаргузории “Ройтерс” дар натиҷаи ҳамла ба сафорат 12 ниманизомӣ захмӣ шудаанд. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико Эронро гунаҳкори ин ҳодисаҳо номид. Ӯ дар Твиттер навишт, Эрон барои ин кораш, “баҳои гароне мепардозад”. Баъди ҳамла ба сафорати Амрико дар Бағдод, Иёлоти Муттаҳида гуфт, ки 750 сарбози иловагиро билофосила ба Ховари Миёна мефиристад.