Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Январь
2020

Абдумалик Саломов пас аз раҳоӣ аз зиндон ба муолиҷаи беморон пардохт

0
Абдумалик Саломов пас аз раҳоӣ аз зиндон ба муолиҷаи беморон пардохт

Абдумалик Саломов, ҷарроҳи машҳури қалб дар Хуҷанд, ки моҳи октябри соли гузашта бар асоси қонуни афв аз зиндон озод шуд, дубора дар Маркази ҷарроҳии дилу шарёни вилояти Суғд ба кор шуруъ кардааст. Ӯро соли 2017 бо гуноҳи пайравӣ аз ҷараёни дар кишвар мамнӯи "Салафия" ба панҷуним соли ҳабс маҳкум карда буданд. Саломов ҳамвора исрор мекард, ки ба ягон гуруҳи ғайриқонунӣ шомил нест.

Абдумалик Саломов рӯзи 2-юми январ гуфт, 15-уми декабри 2019 дубора ба вазифаи пизишки Бемористони бемории қалби вилояти Суғд ба кор қабул шудааст. “Дар ҳукми додгоҳ дар бораи фаъолият накардани ман ба унвони духтур ҳеч ишорае нашуда буд ва ба ин далел ҳеч мушкил дар қабулам ба ҷойи кори пешина вуҷуд надошт. Ҳоло мисли пешина машғули муолиҷаи беморон ҳастам," -- афзуд ӯ.

Саломови 43-сола соли 1999 Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро хатм карда, тӯли чанд сол дар марказҳои тиббии Русия касбомӯзӣ кардааст. Собиқаи кории ӯ дар Маркази ҷарроҳии дилу шарёни Бакулев ва госпитали Вишневскийи Маскав ба ҳайси ҷарроҳи қалб 7 солро дар бар гирифт.

Ӯ соли 2015 бо даъвати мақомоти Суғд ба ватан баргашта, дар маркази навтаъсиси ҷарроҳии дилу шарён дар Хуҷанд ба кор оғоз карда буд.

Фарида Мансурова, пизишки саршиноси тоҷик дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз дубора ба сари кор баргаштани Абдумалик Саломов истиқбол кард ва гуфт, дар шароити камбуди духтурони соҳибтаҷриба бояд ҳар як пизишки соҳибихтисосро қадр кард.

Вай афзуд, "ба ҳар як духтур бояд арҷ гузошт. Ман коре надорам ба назарҳои сиёсӣ ва ё динии пизишкон, зеро мо танҳо беморонро табобат мекунем ва дар асл берун аз сиёсату мазҳаб мебошем. Барои тарбияи чунин як духтур солҳои зиёд ва маблағи зиёде зарур аст ва ба ин далел, бояд ҳар як духтури тоҷикро қадр кунем".

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд моҳи декабри соли 2017 Абдумалик Саломовро якҷо бо ду шарики дигараш бо гуноҳи иртибот бо гурӯҳи мамнӯи "Салафия" ба зиндони низомаш сангин маҳкум кард. Саломов ва шариконаш бо гумони ҳамнишинӣ ва иштирок дар "маҳфили палави салафиҳо" боздошт шуда буданд. Он шабу рӯз ин хабар дар сархати расонаҳои Тоҷикистон ва минтақа қарор дошт. 30-уми октябри соли гузашта Абдумалик Саломов тибқи қонуни афв аз зиндон озод шуд.

То замони эълони ҳукми Абдумалик Саломов пайвандонаш бо ирсоли номае ба унвонии раиси ҷумҳур аз ӯ хоста буданд, барои таҳқиқи одилонаи қазияи пизишк аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ мусоидат кунад. Аммо дар ниҳоят ҳукми додгоҳ бар пояи ҳамон иттиҳоми пайравӣ аз созмони мамнӯи "Салафия" содир шуд.

Дар Тоҷикистон, ки солҳои охир бо ақидаҳои ифротӣ ва созмонҳои мубаллиғи ин ақидаҳо, назири "Салафия", "Ҳизби Таҳрир" ва дигарон муборизаи шадид эълон шудааст, садҳо нафар ба муҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд.

Дар баъзе ҳолатҳо маҳкумшудаҳо, аз ҷумла Абдумалик Саломов низ, худро то охир бегуноҳ меноманд ва мегӯянд, қурбонии туҳмат шудаанд. Ин гуруҳи маҳкумшудаҳо мегӯянд, дар зиндагӣ ба ҷуз аз намозхониву риояи меъёрҳои зиндагии як мусалмони оддӣ кори дигаре накардаанд, вале онҳоро мисли як тундгаро ва шахси ифротӣ муҷозот карданд. Мақомот дар навбати худ мегӯянд, барои маҳкум кардани чунин афрод далелҳои собит доранд.





Губернаторы России
Москва

Собянин: Доля новейших вагонов в метро Москвы с 2010 года увеличилась в шесть раз





Москва

Иерей Александр Туховский: Очень нужна помощь!


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин поздравил медицинских работников с профессиональным праздником



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Джиган

"Как в раю": Джиган и Самойлова исполнили мечту знаменитой "диско-бабушки" из Коми




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Спортсмен Росгвардии занял второе место в личном многоборье на Играх БРИКС

Российские флаги снова вывесили на матче Евро-2024 между Англией и Сербией

Рок-версия гимна Белогорска прозвучала на масштабном рок-н-мобе


Уимблдон

Рафаэль Надаль пропустит Уимблдон ради подготовки к Олимпиаде



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


News Every Day

McDonald's Grimace showed Mets fans what happens when something goes right this season



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России