103news.com
World News in Tajik
Январь
2020

Созишномаи ҷалби муҳоҷирон ба Русия. Бартариҳо ва нигарониҳо

0
Владимир Путин зери созишномае дар бораи муҳоҷирати кории тоҷикон ба кишвараш имзо гузошт, ки Тоҷикистону Русия соли гузашта имзо карданд. Қарор аст, ин созишнома имсол ҳукми иҷро бигирад. Дафтари матбуоти президенти Русия хабар дод, ки Владимир Путин "Созишнома барои ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони корӣ"-ро рӯзи 28 декабр имзо кардааст.  


Созишнома моҳи апрели соли 2019 байни Душанбеву Маскав ҳосил шуд, вале Русия ба кадом сабабе онро бо таъхир тасвибаш кард. Моҳи октябри соли 2019 ҳини сафари Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатӣ ба Душанбе, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон аз ҳамтои худ хост, ки созишномаро зудтар тасвиб кунанд, то ба қавли ӯ, бисёре аз мушкилот, аз ҷумла мушкили "иқомати ғайриқонунии муҳоҷирони кории тоҷик" дар Русия аз байн равад.


Бар асоси созишнома, Русия маълумот дар бораи ҷойҳои корӣ, музди он ва талабот аз кормандро ба Тоҷикистон мефиристад ва аз Тоҷикистон, вазорати меҳнат ӯҳдадор шудааст, ки сафарбар кардани созмонёфтаи муҳоҷирон ба Русия назорат кунад.


Бар асоси ин санад, муҳоҷири тоҷик қабл аз сафар ба Русия ӯҳдадор аст, собит кунад, ки тахассуси зарурӣ ва маҳорату малакаи кори пешниҳодиро дорад ва бояд аз забони русӣ, таърих ва ҳуқуқи Русия имтиҳон супорад. Танҳо пас аз тай кардани ин марҳила, роҳи муҳоҷир ба бозори кори Русия боз мешавад.


Самад Зарифӣ, як муҳоҷири кории тоҷик мегӯяд, талабот нисбат ба муҳоҷирон, ки дар Русия барои иҷрои корҳои сахти ҷисмонӣ ва маъмулӣ ҷалб мешаванд, хеле сахт аст, аммо ягона бартарӣ он аст, ки мақомоти Русия ӯҳдадор шудаанд, ба муҳоҷир иҷозатномаи корӣ бидиҳанд.  


Ӯ афзуд, "ҳоло дар Русия аксар муҳоҷирон ӯҳдадоранд бо патент кор кунанд, ҳар моҳ пулашро пардозанд. Ман ин созишномаро хондам ва дар он гуфта мешавад, ки Вазорати корҳои дохилии Русия, ки ҳоло муҳоҷиронро назорат мекунад, шӯъбаҳои худро огоҳ месозад, ки ба муҳоҷирон иҷозатномаи корӣ (разрешение на работу) диҳанд. Бартарии асосии ин созишнома барои муҳоҷир ҳамин аст".


Тоҷикистон бовар дорад, ки бо иҷрои созишнома шароити иқомат ва кори муҳоҷирон дар Русия беҳтар мешавад.


Коршиносон мегӯянд, таҷриба нишон дод, ки чунин созишномаҳо вазъи муҳоҷирони кории узбек ва қирғизро дар Русия беҳтар накард. Каримҷон Ёров ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Маскав мегӯяд, қабл аз Тоҷикистон, Русия бо ду кишвари дигари Осиёи Миёна - Узбекистон ва Қирғизистон шартномаҳои монанд ба имзо расонид, аммо дар ниҳоят вазъи муҳоҷирон аз ин ду кишварро беҳ накард. 


"Дар гузашта шаҳрвандони Узбекистон ва Қирғизистон ҳам бо шартномаи байниҳукуматӣ омада буданд, корфармо маоши онҳоро пардохт накард, ҳуҷҷатҳои қисмеро гирифтанд ва онҳоро ба ғулом табдил доданд. Дар таҷрибаи мо як нафар аз ғуломӣ аз Қрим гурехта омада буд, мо ӯро ба Қирғизистон фиристодем".


Ёров мегӯяд, ки бештар мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла Вазорати меҳнат шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират ҳавасманди ба имзо расидани чунин созишнома бо Русия буданд, чун ба эҳтимоли зиёд корхонаҳои воҳид таъсис дода мешавад, ки ба ирсоли муҳоҷирон машғул мешавад ва ин корхонаҳо барои ин кор аз вазорат иҷозатнома мегирад.


Ӯ афзуд, "хавфи ман аз он аст, ки бо истифода аз ин созишнома ягон ширкату корхонаҳои алоҳида тамоми раванди муҳоҷиратро зери даст нагиранд, ки баъдан муҳоҷирон маҷбур бошанд тавассути онҳо барои кор ба хориҷа раванд",-иброз дошт Каримҷон Ёров.


Як масъули Вазорати меҳнати Тоҷикистон, ки нахост номаш бурда шавад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, вақте муҳоҷир бо истифода аз бандҳои ин созишнома ба Русия ба кор меравад, ҷониби Тоҷикистон дар ҳифзи ҳуқуқҳои ӯ шонси бештар дорад.


"Масалан, ҳоло муҳоҷирон ба мо муроҷиат мекунанд, ки кордиҳанда маошашонро надод. Дар аксар ҳолат онҳо бо кордеҳ шартномаи хаттӣ надоранд, мо ба ӯ ёри расонида наметавонем. Ё шартнома ҳам дошта бошад, ин дар доираи низоми ҳуқуқии Русия ҳал мешавад, ки мо ҳаққи дахолат надорем. Лекин вақте муҳоҷир бо ин созишнома ба Русия меравад, мо аллакай аз мақомоти дахлдори Русия ва ё кордеҳи он мустақим метавонем барои пардохти музди меҳнат талаб пеш гузорем"-, гуфт ӯ.


Ҳамсӯҳбати мо афзуд, мувофиқи созишнома, Вазорати меҳнати Русия ҳамон кордеҳонеро пешниҳод мекунад, ки дар он қарзи музди меҳнат вуҷуд надошта бошад, ки низ як навъ санҷиши ҷиддияти кордеҳ аст.


Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, бо назардошти вазъи бади демографӣ ва ё коҳиши аҳолӣ, Русия маҷбур аст рӯ ба коргарони кишварҳои Осиёи Миёна орад. Ба гуфтаи ин коршиносон, рӯзе мерасад, ки кордеҳони рус ба деҳоти Тоҷикистон ба ҷустуҷӯи коргар меоянд.


Раҳмон Ӯлмасов, коршиноси умури муҳоҷират мегӯяд, "мувофиқи пешбинии Оҷонсии омори Русия, агар суръати коҳиши аҳолии ин кишвар ба ҳолати кунуни идома кунад, то соли 2035 аҳолии Русия 10 миллион нафар кам мешавад. Аз ин рӯ, Русия ба ҷуз аз ҷалби муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон илоҷи дигар надорад".


Ҳар сол садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи кор ба Русия мераванд. Ҷониби Тоҷикистон шумораи онҳоро беш аз 400 ҳазор нафар ҳисоб кардааст, мақомоти Русия – беш аз як миллион нафар. Ҳафтаи гузашта сафири Русия дар Тоҷикистон гуфт, то охири сол пулҳои фиристодаи муҳоҷирон ба кишвар ба 3 миллиард доллар хоҳад расид.




Губернаторы России
Москва

Собянин рассказал об истории московских парков





Москва

Свыше 6,5 тысячи жителей Москвы и Московской области получили справки о статусе предпенсионера в клиентских службах регионального Отделения СФР и МФЦ


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Сергей Собянин. Главное за день



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Сергей Рахманинов

В Тамбове пройдут конные бега под музыку Рахманинова




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

На матче "ЦСКА-Динамо" родилась новая семья

На матче "ЦСКА-Динамо" родилась новая семья

«Спартак» интересовался защитником сборной Аргентины U23 Лукасом Эскивелем


WTA

Касаткина проиграла Хаддад-Майе в финале турнира WTA 500 в Сеуле



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Минск

Лукашенко: Минск не видит тенденций к развязыванию войны против Белоруссии



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России