Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Январь
2020

Барфу тарма ҳаракат дар роҳи Душанбе - Хуҷандро қатъ кард. ВИДЕО, АКС

0
Барфу тарма ҳаракат дар роҳи Душанбе - Хуҷандро қатъ кард. ВИДЕО, АКС

Бар асари боридани барфи зиёд ва фаромадани тарма рӯзи 2-юми январ ҳаракат дар роҳи Душанбе – Хуҷанд, ки маркази Тоҷикистонро бо шимоли кишвар мепайвандад, қатъ шудааст. Даҳҳо ронандаву мусофир дар ин масир банд мондаанд ва ҳанӯз дақиқ нест, кай ба сафарашон идома хоҳанд дод. Мақомот мегӯянд, ба мусофирон кумак мекунанд, то дар сармо зиён набинанд. Ронандаҳову мусофирон шикоят доранд, ки ширкати масъул роҳро пок накардааст.

Мақомот мегӯянд, дар чанд қитъаи роҳи Душанбе - Хуҷанд тарма фаромада, ҳаракатро номумкин кардааст. Онҳо мегӯянд, рӯзи 2-юми январ се корманди ширкати IRS (Innovative Road Solutions), масъули нигоҳубин ва ҷамъоварии пул дар роҳи Душанбе-Хуҷанд дар зери тарма монда ва бо азобе берун оварда шудаанд. Ҳамчунин дар ин рӯз бист мусофирро аз зери тарма берун кашидаанд.

Масъулони ширкати IRS (Innovative Road Solutions) мегӯянд, бо вуҷуди мушкилиҳо, ба поккорӣ дар роҳ идома медиҳанд.

Илҳомҷон Музаффаров, сокини вилояти Суғд, бо мошини борбари худ ҳар ҳафта ду бор ба Душанбе семент мекашонад. Вай ҳамроҳ бо даҳҳо ронандаву мусофири дигар аз шаби гузашта дар километри 44-уми ин масир дармондааст ва интизори кушода шудани роҳ аст.

Ӯ гуфт: "Аз шаби гузашта боз дар инҷо истодаем. Се вақт хӯрок мехурем, ки сарфи зиёдатии маблағ аст. Дар инҷо истодани мо ягон фоида надорад. Ба ширкати IRS пул медиҳем ва бигзор дар чунин ҳолатҳо роҳро зуд тоза кунанд."

Фаромадани тарма ва масдуд шудани ҳаракати роҳ Ҷаҳонгир Акрамов, ронандаи дигари боркашро аз километри 33-юми ин шоҳроҳ аз сафар боздошт. Вай рӯзи 2-юми январ гуфт, аз сабаби он ки замони боз шудани роҳ маълум нест, маҷбур аст мошинро дар онҷо гузошта, худ ба Душанбе баргардад.

"Мо бор мекашонем, асосан маҳсулоти кишоварзӣ. Занг задем, аз он тараф гуфтанд, ки тарма фаромадааст ва барф баланд аст. Дигар илоҷ нест", -- афзуд ӯ. 

Масъулони ширкати нигоҳубини роҳ дар ин минтақа мегӯянд, онҳо вазъро пурра зери назорат доранд. Далери Абдуллоҳ, сухангӯи ширкати IRS (Innovative Road Solutions), 2-юми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ бар асари фаромадани тарма муваққатан баста шуда, айни ҳол ҳаракати ҳамагуна нақлиёт дар ин масир манъ мебошад.

Мушоҳидаи хабарнигорони Радиои Озодӣ, ки имкони сафар танҳо то километри 44-уми роҳро доштанд, нишон дод, ки ҳаво дар роҳи Душанбе-Чаноқ то 5 дараҷа сард буд. Масъулини роҳу нақлиёт гуфтанд, дар ҷойҳое, ки тарма фаромадааст, баландии барф то 2,5 метр мерасад.

Ба гуфтаи Далери Абдуллоҳ, кормандони ширкат дар километри 55-уми ин шоҳроҳ мусофирон ва ронандаи мошинеро, ки зери тарма монда буд, наҷот доданд. Ба гуфтаи сухангӯи ширкати IRS, дар километри 62-юми ин шоҳроҳ низ мусофирон ба чунин мушкил рӯ ба рӯ шудаанд.

Далери Абдуллоҳ паҳнои тармаро 6 метр ва баландии онро беш аз 20 метр гуфт.

Қатъи равуои мошинҳо дар ин роҳ дар ҳолест, ки шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд аз масирҳои душворгузар дар фасли зимистон ба шумор меравад. Солҳои гузашта дар ин масир чанд нафар зери тарма монда ва ҷон бохта буданд.

Аксар ронандаву мусофироне, ки дар ин роҳ банд мондаанд аз ширкати IRS барои он интиқод карданд, ки масъули ҷамъоварии пул ва нигоҳубини шоҳроҳ асту бояд масирро саривақт аз барфу тарма тоза кунад. Вале масъулини ширкат мегӯянд, ҳодисаи табиӣ аст ва дар ин мавсим бори аввал ва ғайриинтизор буд.

"130 мусофири дармонда муваққатан дар бошишгоҳи кормандони филиали ширкат ҷойгир шуда, бо хӯроки гарм таъмин гардиданд", - таъкид карданд дар ширкат.

Ширкати офшории IRS - Инновейтив роуд солюшнз бар асоси як созишнома бо ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2009, ягона роҳ ба шимоли Тоҷикистонро дар ихтиёр дорад. Бо вуҷуди баҳсҳои зиёд дар ҷомеа то ҳанӯз молики ширкат эълон нашудааст.

Дар ин роҳ чанд плазаи толлингӣ – марказҳои пулчинӣ - насб шудааст, ки барои истифодаи роҳ аз мошинҳои сабукрав ва боркашон ҳаққи хидмати роҳ мегирад. 

Ин роҳ бо 281 миллион доллар қарзи Чин ва аз тарафи "Корпоратсияи сохтмони роҳу пулҳои Чин" ва ё "China road" сохта шудааст. Тоҷикистон ин маблағро бо 2 дар сад баҳраи солона барои 20 сол аз Чин қарз гирифта ва дар ин муддат онро бояд пурра баргардонад.





Губернаторы России
Москва

Сергей Собянин. Главное за день





Москва

Триумфальное возвращение Льва Лещенко на сцену спустя месяцы затишья. Артист презентовал дуэт с солистом группы “Парк Горького” Сергеем АРУТЮНОВЫМ


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Мэр Москвы поздравил медиков с профессиональным праздником



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Сергей Брановицкий

Концертный директор для музыкантов. Концертный директор для певцов. Концертное агентство в Москве. Букинг агентство. Организация концертов и гастролей.




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Российские флаги снова вывесили на матче Евро-2024 между Англией и Сербией

Спортсмен Росгвардии занял второе место в личном многоборье на Играх БРИКС

Военно-спортивный фестиваль Росгвардии открылся в «Лужниках»


Андрей Рублёв

Теннисисты Рублев, Хачанов и Самсонова не сыграют на Олимпиаде-2024



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Прошли обыски: Следователи устроили проверки после отравления москвичей едой из службы доставки



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






RSS Telegram
Copyright © 29ru.net