Интерпол ба Лубнон дархости ҳабси собиқ раҳбари Nissan-ро ирсол кард
![Интерпол ба Лубнон дархости ҳабси собиқ раҳбари Nissan-ро ирсол кард](https://gdb.rferl.org/8837C610-E834-4422-923E-A59471DBE4E3_cx0_cy4_cw0_w800_h450.jpg)
Чанд рӯз баъди аз додгоҳи Ҷопон фирор кардани собиқ раҳбари ширкати Nissan Карлос Гон, полиси байналмилалии Интерпол ба Лубнон дархости ҳабси гумонбари фирориро ирсол кард. Вазири адлияи Лубнон Алберт Серҳан рӯзи 2 январ гуфт, додситонии кулл ҳушдори “сурх”-и Интерполро барои дастгир кардани фирории 65-сола дастрас намуд. Моҳи апрели соли 2019 Гон барои озодиаш дар муддати пешаздодгоҳӣ 8,9 миллион доллар гаравпулӣ супурд. Ӯро додгоҳи Токио дар тақаллубҳои молӣ муттаҳам мекунад.
Вале ин соҳибкор, ки дорои шаҳрвандии Фаронса, Лубнон ва Бразилия аст, бо нашри изҳороте рӯзе 31 декабр гуфт, ки аз Ҷопон ба Лубнон ба он хотир фирор кард, ки “аз таъқиби ноодилонаи сиёсӣ” раҳо шавад.
Лубнон бо Ҷопон созишномаи истирдодро имзо накардааст.
Тибқи гузоришҳо, ҳавопаймои хусусӣ пеш аз он ки ба Лубнон парвоз кунад, дар Истамбул нишасте анҷом додааст. Полиси Туркия гуфт, ки дар чаҳорчӯби қазияи парвози ҳавопаймо тавассути хоки ин кишвар ҳафт нафар, аз ҷумла, чор халабонро боздошт кардааст.