Сӯҳроби Зафар дубора раҳбари "Гурӯҳи 24" интихоб шуд
Сӯҳроби Зафар (Тӯраев) дар анҷумани созмони сиёсии “Гурӯҳи 24” раҳбари ин созмони дар Тоҷикистон мамнӯъ интихоб шуд. Дар хабари вебсайти ин созмон гуфта мешавад, ки дар даври дуюми интихоботи раҳбари созмон рӯзи ҷумъа Сӯҳроби Зафар бо 55,6 дарсади овозҳо дар муқобили Нуриддин Ризоӣ, ки 44,4 % овоз гирифтааст, пирӯз шуд. Созмон мегӯяд, ки Сӯҳроби Зафар ба мӯҳлати чор соли баъдӣ раҳбарии ин ташаккулро ба ӯҳда мегирад.
Сӯҳроби Зафар 42 сол дошта, ҷияни генерали зиндонӣ Ғаффор Мирзоев мебошад. Ӯ бори аввал охири соли 2015 раҳбарии “Гуруҳи 24”-ро ба уҳда гирифт. Суҳроби Зафар бори аввал соли 2014 дар эътирозҳои созмондодаи ин гурӯҳ дар шаҳрҳои Русия пайдо шуд ва баъдан раҳбари ин гуруҳ Умаралӣ Қувватовро дар Туркия ҳамроҳӣ мекард. Қувватов – як соҳибкори норозӣ аз ҳукумати Тоҷикистон, баъди тарки ин кишвар дар хориҷа дар бораи ташкили созмони “Гурӯҳи 24” хабар дод, вале моҳи марти соли 2015 дар шаҳри Истамбули Туркия дар як сӯиқасде кушта шуд. Ҳомиёни ҳуқуқ қатли ӯро сиёсии як мухолифи ҳукумати Тоҷикистон унвон карданд.
Созмони “Гурӯҳи 24” соли 2014 бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон як созмони экстремистӣ ва мамнӯъ эълон шуд, вале созмонҳои байналмилалӣ “Гурӯҳи 24”-ро як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон меҳисобанд. Дар пайи он даҳҳо нафар дар Тоҷикистону Русия ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ бо иттиҳоми тарафдорӣ аз “Гурӯҳи 24” боздошт ва бархеи онҳо зиндонӣ шуданд. Солҳои охир пешвоҳои “Гурӯҳи 24” бештар тавассути интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолияти худро идома медиҳанд.