Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Январь
2020

Куштори генерали эронӣ паёмадҳои "хатарнок" дорад? ВИДЕО

0
Куштори генерали эронӣ паёмадҳои

Таҳлилгарон мегӯянд, қатли фармондеҳи баландпояи низомии Эрон дар як ҳамлаи ҳавоии амрикоиҳо дар Ироқ "нуқтаи авҷи ихтилофҳои миёни ду кишвар аст". Онҳо пешгӯӣ мекунанд, ки ҳодисаи субҳи 3-юми январ метавонад барои минтақа паёмадҳои "хатарнок"-е дошта бошад.

Куштори Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нирӯҳои Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, зарбаи шадиде ба режими ин кишвар аст, ки то ҳол бо таҳримҳову рукуди иқтисодӣ ва эътирозҳои сартосарӣ рӯ ба рӯ аст.

Сулаймонии 62-сола, ки дар ҳамлаи ҳавоии субҳи ҷумъа дар қаламрави Ироқ кушта шуд, масъули анҷоми амалиёти хориҷӣ буд ва дар тавсеаи нуфузи Ҷумҳурии Исломӣ дар миёни ҷангиёни рӯ ба Эрон дар Сурияву Ироқ, Лубнон ва Яман нақши муҳим бозидааст.

Скотт Лукаш, коршиноси умури Эрон дар Донишгоҳи Бирмингеми Бритониё, мегӯяд, "Сулаймонӣ дар қаламрави Ховари Миёна на танҳо аз назари иҷрои амалиёти низомӣ, балки аз назари татбиқи стратегияи сиёсии Теҳрон як шахси муҳим ба ҳисоб мерафт."

Раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ҳушдор дод, ки Амрикоро "интиқоми сахт"-е дар пеш аст ва ба хотири марги генерали эронӣ дар кишвар се рӯзи мотами миллӣ эълон кард. Вазири дифои Эрон Амир Ҳотамӣ ваъда дод, ки ба "тамоми омилон"-и қатли Сулаймонӣ "посухи шикананда" дода хоҳад шуд.

Чанд таҳлилгар гуфтанд, ба эҳтимоли зиёд Эрон "аз роҳи зӯр" посух медиҳад. Сулаймонӣ дар давоми бист соли гузашта чанд бор аз сӯиқасд ҷон ба саломат бурдааст.

"Эрон илоҷе ҷуз посух додан надорад, то аз куштори Сулаймонӣ интиқом бигирад," -- гуфт Алӣ Алфонӣ, пажӯҳишгари кишварҳои Халиҷ дар Вашингтон.

Вале ҳанӯз маълум нест, интиқоме, ки Эрон ба кор мебарад, чӣ гуна хоҳад буд.

Таҳлилгарон мегӯянд, Эрон тавони инро дорад, ки ба зидди низомиёни Амрико ва манфиатҳои тиҷоратии онҳо ва ё муттафиқони Амрико дар қаламравҳое ба мисли Исроилу Арабистони Саудӣ ба таври мустақим амал кунад. Инчунин, Ҷумҳурии Исломӣ метавонад тавассути гурӯҳҳои зертобеи худ, ба монанди ниманизомиёни шиаи ироқӣ, Ҳизбуллоҳи Лубнон ва шӯришиёни ҳусӣ дар Яман иқдом кунад.

Дар гузашта Эрон ва гуруҳҳои марбут ба он дар анҷоми ҳамлаҳо ба нафткашону лӯлаҳои нафтӣ муттаҳам шудаанд.

Таҳлилгар Скотт Лукаш мегӯяд, ба эҳтимоли зиёд Теҳрон имкониятҳои худро барои интиқомҷӯӣ эҳтиёткорона арзёбӣ мекунад, чунки “амрикоиҳо нишон доданд, ки онҳо хатро убур карданд ва посух дода метавонанд”. Вай илова кард, “вале Эрон ҳам зуд посухи ҷавобӣ медиҳад ва мо дар як ҳолати мушкил қарор мегирем. Онҳо нишон медиҳанд, ҷонибдори тавсеа додани ихтилофҳо ҳастанд, бо ин ки медонанд амрикоиҳо посух хоҳанд дод.”

Вазири дифои Амрико Марк Эспер ҳам мисли ин посух дод. Ӯ гуфт, “дар сурати дарёфти хабар дар бораи ҳамлаҳо аз иқдомҳои пешгирикунанда кор мегирем, то ки нирӯҳои амрикоӣ ва ҷони амрикоиҳоро ҳимоят кунем”. Эспер мегӯяд, “бозӣ тағйир ёфт”.

Муттафиқони сиёсии президенти Амрико Доналд Трамп дар Ҳизби ҷумҳурихоҳ гуфтанд, куштори Сулаймонӣ қобили тавҷеҳ аст. Куштори ӯ чанд рӯз баъди он рух дод, ки 27-уми декабри соли 2019 дар ҳодисаи партоби мушаке аз ҷониби ҷангиёни ироқии мавриди ҳимояти Эрон як низомии шартномавии амрикоӣ кушта шуд.

Вале мунтақидони Трамп гуфтанд, истифода аз нирӯ ба шеваи фавқулода шадид дар давоми солҳои президентии ӯ тавсеаи хатарнок аст, ки метавонад боис ба эҷоди ҷанг дар минтақа шавад.

Ҷо Байден, номзади демократҳо дар интихоботи президентӣ ва ҳам рақиби сиёсии Трамп гуфт, “президент Трамп як пора динамитро дар қуттии борут партофтааст”. Байден гуфт, Эрон ҳатман посух медиҳад ва “мо дар  остонаи як низои азим дар Ховари Миёна ҳастем”.

Алӣ Афшорӣ, як фаъоли эронӣ ва таҳлилгар дар Амрико, ба Радиои Фардо гуфт, марги Сулаймонӣ метавонад аз як ҷанги ғайримустақими миёни Вашингтону Теҳрон ба як “ихтилофи мустақими низомӣ” табдил шавад, ки “паёмадҳои ғайри қобили пешбинӣ хоҳад дошт”.

Таҳлилгарон мегӯянд, марги Қосим Сулаймонӣ шояд ҳам дар амалиёти низомии азими Эрон тағйироте ворид накунад ваё муттафиқонашро наҳаросонад. Алӣ Алфонӣ мегӯяд, “қудрат дар нирӯҳои Қудс шадидан сохторӣ аст”. Ба гуфтаи ӯ, ҳарчанд ҷойгузини Сулаймонӣ мисли ӯ хусусияти барҷастаи раҳбариву ҷангҷӯёна надошта бошад, вале ба шарофати қудрати Қудс тавони татбиқи сиёсаташ дар минтақаро хоҳад дошт”.

Рӯзи 3-юми январ раҳбари олии Эрон генерал Исмоил Қоониро фармондеҳи нирӯҳои Қудс таъйин кард. Қоонӣ солҳои 1980 дар ҷанги ҳаштсолаи Эрону Ироқ иштирок карда, як шахси мавриди эътимоди Қосим Сулаймонӣ буд. Ӯ собиқ афсари иктишофии Сипоҳи посдорон аст ва дар ҷанги Сурия ҳам шахси муҳим ба ҳисоб мерафт.

Алфонӣ гуфт, “ҳоло куштори Сулаймонӣ мавриди истифодаи васеи таблиғоти давлатӣ мешавад ва мардуми зиёдро ҳам ба хиёбонҳо мебарорад.” Худи Сулаймонӣ ҳам ба шарофати матбуоти маҳаллӣ дар давоми 20 соли раҳбариаш як шахси муҳиму маъруфе дар ҷомеаи Эрон шуда буд.

Рӯзи куштори ӯ ҳам ҳазорҳо сокини Эрон ба хиёбонҳо баромада, бо шиори “марг бар Амрико” акси Сулаймониро дар даст доштанд.

Издиҳоми мардум кӯчаҳои Теҳрону шаҳрҳои дигари Эронро пур карда буданд. Алӣ Алфонӣ гуфт, “ҳоло ҳар қишри ҷомеа Сулаймониро як намояндаи худ меномад ва куштори ӯ ҷомеаро тақсим накард”.





Губернаторы России
Москва

Собянин: На городском вокзале Зеленоград — Крюково появился еще один переход





Москва

«СВЯТОЙ ЛЕНИН» спасает население от борьбы с перенаселением, 3 серия, СЕРЬЁЗНЫЙ НОВОСТНОЙ СЕРИАЛ.


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин анонсировал большую летнюю спортивную программу



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Баста

60 сосисок и чёрный хлеб: раскрыт райдер рэпера Басты




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

В Москве 1 июня стартует чемпионат по игре «Камень, ножницы, бумага»

Два проекта Первый Бит отмечены дипломами финалистов конкурса «BPM-проект года»

На ВДНХ пройдет Удмуртский национальный праздник Гербер


Елена Рыбакина

В России отреагировали на "скрытую баранку" и достижение Рыбакиной на Ролан Гаррос



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Симферополь

День открытых дверей "Библиотека - дом, где согревают сердца"



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России