Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Январь
2020

"Мошинашро мешӯянд, пул намедиҳад". Баҳси соҳибкор бо маъмурони милиса то додситонӣ рафт. ВИДЕО

0

Додситонии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нисбати як корманди Вазорати умури дохилии Тоҷикистон барои фаро рафтан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ парвандаи ҷиноӣ боз намудааст.

Абдураҳим Бобоёрзода, муфаттиши Додситонии Шоҳмансур рӯзи 6-уми декабр бо тасдиқи ин хабар ба  Радиои Озодӣ гуфт, парванда нисбати Раббонӣ Давлатов, корманди шӯъбаи пулиси ноҳияи Рӯдакӣ-2, дар пай шикояти як соҳибкори тоҷик бо номи Хуршед Саидов сурат гирифтааст.

Бобоёрзода таъкид намуд, ки нисбати корманди пулис тибқи моддаи 316, қисми 3, банди "а"-и Кодекси ҷиноӣ, ки “баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ”-ро дар назар дорад, парванда боз намудаанд. Ин меъёри қонун дар сурати исботи худро ёфтан, бештар аз 50 то 100 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ солро пешбинӣ намудааст.

Худи соҳибкор Хуршед Саидов дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар баробари Раббонӣ нисбати Даврон Имомов, корманди дигари шӯъбаи пулиси ноҳияи Рӯдакӣ-2 низ шикоят намудааст, ки аз хадамоти мошиншӯии ӯ истифода карда, пайваста аз пардохти ҳаққи хидмат саркашӣ мекунанд.

Ин соҳибкор дар нӯҳкилометрии шарқи шаҳри Душанбе як коргоҳи шустушӯи мошинҳо ва ошхонае дар ихтиёр дорад. Ба қавли ӯ, Раббонӣ ва Даврон-ду корманди пулиси Рӯдакӣ-2 ба  коргоҳи онҳо омада, бо дағалгуфторию зургӯӣ коргаронашро маҷбур месозанд, то мошинҳояшонро ройгон шустушӯ намоянд.

Абдураҳим Бобоёрзода, муфаттиши парванда мегӯяд, феълан аллайҳи Даврон Имомов, корманди дигари пулис парванда боз нашудааст, вале омӯзиши шикояти соҳибкор ҳанӯз идома дорад. Бобоёрзода ба манзури халал нарасонидан ба сири тафтишот, аз гуфтани ҷузъиёти бештар худдорӣ намуда, танҳо таъкид кард, ки шикояти соҳибкор дар доираи қонун ва мунсифона баррасӣ мешавад.

Як корманди шӯъбаи пулиси Рӯдакӣ-2, ки нахост номаш бурда шавад, рӯзи 7-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, аз шикояти расмии соҳибкор нисбат ба амали кормандонашон хабар дорад, вале тафтишот маълум хоҳад кард, ки онҳо дар асл чӣ амали ғайриқонуние нисбат ба соҳибкор анҷом додаанд. Ҳамсӯҳбатамон, бо таваҷҷӯҳ ба шикояти  соҳибкор таъкид намуд, ки бовар надоранд, ки ҳамкоронашон бо сӯистифода аз ваколотҳои хидматӣ коре карда бошанд: “Ин ду ҳамкорамон ҳоло аз вазифа озод нашуда, сари кор ҳастанд”  

Ба қавли ҳамсӯҳбатамон, Раббонӣ Давлатов ва Даврон Имомов кормандони пулис ҳини бозпурсӣ дар додситонӣ шикояти соҳибкорро беасос хондаанд. Рӯзи 7-уми январ дар шӯъбаи пулиси Рӯдакӣ-2, Раббонӣ ҳозир нашуд бо мо ҳамсӯҳбат шавад. 

Даврон Имомов дар як сӯҳбати кутоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, шикояти соҳибкор алайҳи ӯ  дар мавриди баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ ва ё бо истифода аз мақоми корияш саркашӣ аз пардохти ҳаққи шустушӯи мошин асос надорад.

Дар ҳамин ҳол соҳибкор Хуршед Саидов мегӯяд, ин ду корманди пулис бо зургӯиву дағалгуфторӣ борҳо аз коргарони ӯ хостаанд, ки мошинҳояшонро ройгон шустшӯй намоянд ва аз пардохти 20 сомонӣ ҳаққи хизматрасонӣ (мошиншӯӣ) саркашӣ мекардаанд. Ба қавли ӯ, ахиран, як моҳ қабл се тан аз коргаронаш, пас аз он ки шустушӯи ройгони мошини корманди пулисро рад кардаанд, аз сӯи Раббонӣ, корманди пулис мавриди латукӯб қарор гирифтанд. Ӯ афзӯд, ташхисҳои пизишки қонунӣ захмҳои бардоштаи зердастонашро рӯи даст дорад, ки ҷароҳати бардоштаи онҳоро тасдиқ мекунад.

Хуршед Саидов  таъкид намуд, ки таҷрибаи 10-солаи соҳибкорӣ дорад ва ба назари ӯ, чунин бархурди бархе аз  кормандони ниҳодҳои умури дохилӣ дили соҳибкоронро сард намуда, боиси барҳамхурии коргоҳашон мешавад.

Вай афзӯд,  ҳоло кормандони пулис ба ҳар роҳу восита талош доранд худро бегуноҳ нишон диҳанд ва баъзе аз афроди наздик ба онҳо аз ӯ талаб доранд, аз шикояташ даст кашад.

Шикояти ин соҳибкор аз зургӯию дахолати ду кормандони пулис ба кораш дар ҳолест, ки масъулони блоки иқтисодии Тоҷикистон пайваста такрор мекунанд, ки рушди соҳибкориро дар кишвар яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор додаанд.

Ҳарчанд сӯистифодаи кормандони пулис аз мақоми худ ва даст задани онҳо ба озору азияти соҳибкорон дар доираи коршиносону афроди огоҳ аз бахши хусусӣ садо медиҳанд, вале кам ҳолатҳое ба  назар мерасад, ки соҳибкорон алайҳи мансабдорон ошкоро шикоят баранд.

Дар нӯҳ моҳи соли 2019 дар Тоҷикистон  260 ҳазор соҳибкори инфиродӣ кори худро қатъ кардаанд. Ба иттилои Ожонси омори Тоҷикистон ин рақам дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2018 ёздаҳ дарсад бештар аст. Ҳарчанд мақомоти кишвар борҳо таъкид намудаанд, ки тоб наовардани соҳибкорон ба шароити феълии иқтисоди бозаргонӣ яке аз сабабҳои аслии қатъи корашон аст, вале коршиносони мустақил ҳар гуна дахолату санҷишҳои беҳуда нисбат ба соҳибкорон ва молиёт ё андози гарону миёншиканро сабаби қатъи фаъолияти соҳибкорон медонанд.  

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10





Губернаторы России
Москва

Сергей Собянин назвал победителей конкурса «Педагоги года Москвы»





Москва

«СВЯТОЙ ЛЕНИН» спасает население от борьбы с перенаселением, 5 серия, СЕРЬЁЗНЫЙ НОВОСТНОЙ СЕРИАЛ.


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: 10 тыс. человек получили медпомощь в обновленных приемных отделениях



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Елена Волкова

Книжные новинки, лаборатория текста и иллюстраций — ждут гостей Московского детского фестиваля искусств «НЕБО»




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Команда Центрального округа Росгвардии стала призером на чемпионате по пожарно-спасательному спорту в Москве (видео)

Представители KAMA TYRES приняли участие в 57-й легкоатлетической эстафете

VK Fest 2024: Музыка и Развлечения на Открытых Площадках России


Уимблдон

Надаль пропустит Уимблдон из-за желания сыграть на Олимпиаде



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

ЗАПИШИ СЕМЕЙНЫЙ РОЛИК — ПОПАДИ В ЭФИР ТЕЛЕКАНАЛА RU.TV



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России