103news.com
World News in Tajik
Январь
2020

Вазъи печида, вале зери назорат дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

0
Баъди ҷанҷолу сангандозӣ дар марзи Тоҷикистон Қирғизистон, мақомоти расмии ду тараф гуфтаанд, ки авзоъ дар сарҳад мураккаб, вале зери назорат боқӣ мемонад. Ҷонибҳо аз нооромӣ дар марз изҳори нигаронӣ ва сокинони деҳоти ду тарафи сарҳадро ба печида шудани авзоъ муттаҳам кардаанд.


Дафтари матбуоти Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзи 11-уми январ, сокинони деҳоти наздимарзии кишвари ҳамсояро ба ноорому печида шудани авзоъ муттаҳам кард. Аммо мақомоти Қирғизистон гуфтаанд, ки амалкардҳои ғайриқонунии шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла сангандозии онҳо боиси ҷанҷолу хархаша ва тирандозӣ дар марз шудааст.  


Дар баёнияи расмии Сарраёсати нерӯҳои марзбонӣ, ки хабаргузории давлатии “Ховар” нашр кард, омадааст, ки рӯзи 10-уми январ як сокини деҳаи Коктоши вилояти Ботканд, бо сангандозӣ тирезаи як нонвонхонаи деҳаи Сомониёни Исфараро шикастааст ва шаби 11-уми январ, гуруҳе аз сокинони деҳаи Коктош барои тарсонидани аҳолии Сомониён аз туфанги шикорӣ ба осмон 15 маротиба тир холӣ кардаанд. Дар баёния ҳамчунин омадааст, ки сокинон ва сарҳадбонони қирғиз мошини як сокини Тоҷикистонро Фарҳодҷон Аҷобиддинзодаро сангборон ва ӯро сахт захмӣ кардаанд. 






 Аммо дар Кумитаи марзбонии Қирғизистон ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки сокинони Сомониён рӯзи 11-уми январ ҷамъ омада ва мошинҳои сокинони кишвари ҳамсояро сангборон кардаанд. Дар натиҷа байни сокинони ду тараф моҷаро бархоста ва ба сангандозӣ кашидааст. Аз ин пештар, вазирони умури хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Чингиз Айдарбеков доир ба авзоъ дар марз суҳбат кардаанд ва ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, Айдарбеков зимни суҳбат аз сангандозии шаҳрвандони Тоҷикистон ба мошинҳои қирғизистониҳо ва истифода аз аслиҳа дар шаби 9 ва 10-уми январ изҳори нигаронӣ кардааст.


Бино ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, рӯзи 10-уми январ ҳамчунин дар вазорати умури хориҷии Қирғизистон ба консули Тоҷикистон дар Бишкек нотаи эътирозӣ додаанд, ки дар он аз “ҳаракатҳои иғвогарона ва харобкоронаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба нооромӣ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон мерасонад”, изҳори нигаронӣ шудааст.


Аммо дар баёнияи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон баръакс аз амалкардҳои сокинони Қирғизистон изҳори нигаронӣ шудааст. Дар ин баёния омадааст: “Боиси нигаронӣ аст, ки вақтҳои охир шаҳрвандони алоҳидаи Қирғизистон, бо истифодаи яроқ ва ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон хатари ҷиддӣ эҷод карда истодаанд.”




Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марз доранд, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Ду тараф бо вуҷуди гузашти солҳо натавонистанд, сари минтақаҳои баҳсбарангез ба мувофиқа бирасанд ва хати марзбро бикашанд. Ҷанҷолу тирандозӣ маҳз дар ҳамин минтақаҳо ва барои обу замин ва чарогоҳ сурат мегирад.


Гузориш ба зудӣ такмил мешавад. Бозгашт ба саҳифаи Радиои Озодиро фаромӯш накунед. Агар дар ҷои ҳодиса будед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10




Губернаторы России
Москва

Сергей Собянин. Главное за день





Москва

Сольный концерт Mayot при поддержке Like FM


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

МСД вошел в тройку самых популярных магистралей Москвы – Сергей Собянин



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Виктор Пинчук

Презентация экстравагантного учебника по журналистике прошла в Крыму




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Баскетболисты ЦСКА начнут защиту титула в Единой лиге ВТБ

Естественный отбор технологий: в Москве пройдет отборочный этап чемпионата «Битва роботов»

В Тверской области временно прекращено движение по трассе М-9 «Балтия» в Нелидовском районе


Каспер Рууд

«Немного не повезло». Рууд — о матче на Кубке Лэйвера с Серундоло



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Фестиваль «Большая сцена» приглашает к участию талантливых людей со всей России



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России