Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Январь
2020

Тарафдории Трамп аз тазоҳургарони "шуҷоъ" дар Эрон. ВИДЕО

0
Тарафдории Трамп аз тазоҳургарони

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико тарафдорӣ аз тазоҳургарони “шуҷоъ” дар Эрон ҳамзамон ба ҳукумати ин кишвар ҳушдор додааст, ки чашми ҷаҳониён ба сӯи онҳост. Баъди сарнагун кардани тасодуфии ҳавопаймои мусофирбари Украина, садҳо нафар аз эрониён ба хиёбонҳои Теҳрон рехтанд ва эътироз карданд.

Доналд Трамп, рӯзи 11-уми январ дар Твиттер навишт: “Ба мардуми шуҷоъ ва ранҷкашидаи Эрон. Ман аз ибтидои давраи раёсати ҷумҳуриам бо шумо истодаам ва давлати ман ҳамчунон бо шумо хоҳад истод. Мо тазоҳуроти шуморо аз наздик дунбол мекунем. Шуҷоати шумо илҳомбахш аст. “

Ӯ ҳамчунин навиштааст, ки “Давлати Эрон бояд ба гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи башар иҷоза бидиҳад, ки ҳақиқати кунунии эътирозоти дар ҷараёни мардуми Эронро назорат карда ва гузориш бидиҳанд. Набояд шоҳиди куштори дубораи тазоҳургарони мусолиматомез, ё қатъи интернет бошем. Ҷаҳон назорагари ин иттифоқот аст.”  Ишораи Трамп ба намоишҳои эътирозии моҳҳои ноябр ва декабри соли 2019 дар Эрон аст, ки дар ҷараёни онҳо 300 нафар кушта шуданд ва дастрасӣ ба Интернетро ҳам қатъ карданд.

Пештар аз ин баёнияҳои Доналд Трамп, садҳо нафар дар назди Донишгоҳи Теҳрон ва дигар гӯшаҳои шаҳр ҷамъ омаданд ва хостори адолат ва истеъфои раҳбарони ҳукумат шуданд. Эътирозҳо ҳамчунин дар шаҳрҳои Исфаҳон, Ҳамадон, Сарӣ, Рашт ва Бобул ҳам сурат гирифтааст.

Тазоҳургарон дар назди Донишгоҳи Амири Кабир дар Теҳрон шиор медоданд, ки “Истеъфо кофӣ нест” ва онҳое, ки гунаҳкори сарнагун кардани ҳавопаймои мусофирбари Украина ҳастанд, бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Дар ин фалокат дар рӯзи 8-уми январ 176 нафар ҷон бохтанд.

Дар видеоҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштаанд, ки дида мешавад, тазоҳургарон “бешараф” шиор медиҳанд, ки зоҳиран хитоб ба мақомоти Эрон аст, ки баъди чанд рӯз эътироф карданд, ҳавопаймои украинӣ дар натиҷаи зарбаи мушакӣ сарнагун шудааст.

Хабаргузории нимарасмии Форс навиштааст, ки баъзе аз тазоҳургарон аксҳои Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи собиқи воҳиди Қудс дар Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эронро пора мекунанд. Генерали эронӣ рӯзи 3-уми январ дар натиҷаи зарбаи мушакии Амрико кушта шуд. Ба тахмини хабаргузории Форс, теъдоди тазоҳургарон аз 700 то 1000 нафар будааст.

Хабаргузории Фаъолони Ҳуқуқи Инсон бо нашри видеое дар вебсайташ навишт, ки мақомоти интизомӣ барои пароканда кардани тазоҳургарон дар Теҳрон аз гази ашковар истифода бурдаанд.  Эрон рӯзи 11-уми январ эътироф кард, ки низомиёни кишвар ҳавопаймои ширкати украиниро дар канори Теҳрон “тасодуфан” задаанд. Ба қавли артиш, ҳавопайморо, ки ба самти як таъсисоти махфии низомии Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ ҳаракат кардааст, “душман” пиндошта ва бо мушак задаанд.

Ба гуфтаи артиши Эрон, бинобар авҷ гирифтани танишҳо бо Амрико низомиёни кишвар дар болотарин сатҳи омодабоши ҷангӣ қарор доштаанд. Ҳукумат гуфт, онҳое, ки сабаби фоҷиа шуданд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Бо вуҷуди эътироф, Эрон ҳамчунин иддао кард, ки дар ин фоҷиа нақши Амрико ҳам ҳаст. Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон гуфт, ин ҳодиса дар замони бӯҳроне сар зад, ки ба сабаби “моҷароҷӯии Амрико” ба вуҷуд омадааст.

Амиралӣ Ҳоҷизода, фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ рӯзи 11-уми январ гуфт, ки воҳиди зери дасти ӯ, тамоми масъулияти фоҷиаро бар дӯш мегирад. То замони эътироф, Теҳрон баёниҳои раҳбарони кишварҳои ғарбӣ ва ҳам коршиносонро рад мекард, ки мегуфтанд, ҳавопаймо дар натиҷаи зарбаи мушак сарнагун шудааст.

Ҳавопаймои Ширкати Байналмилалии Ҳавопаймоии Украина рӯзи 8-уми январ ҳангоми парвоз аз фурудгоҳи Теҳрон баъди муддати кӯтоҳе сарнагун шуд. Дар ин ҳавопаймо 57 шаҳрванди Канада, 82 эронӣ, 10 шаҳрванди Шветсия, 10 афғон, 3 олмонӣ ва 3 бритониёӣ сафар доштанд.

Володимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина гуфт, кишвараш интизор дорад, ки ҳодиса пурра таҳқиқ мешавад ва Эрон ҷуброни онро мепардозад.  Ӯ рӯзи 11-уми январ дар як баёнияи расмӣ гуфт:  “Мо интизор дорем, ки Эрон омодагӣ барои таҳқиқи боз ва комилро нишон медиҳад, омилони ҳодисаро ба ҷавобгарӣ мекашад, ҷасадҳои фавтидагонро бармегардонад, ҷуброн мепардозад ва расман аз тариқи каналҳои дипломатӣ узр мепурсад.”

Шоми ҳамин рӯз Зеленский бо Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон гуфтӯгуи телефонӣ доштааст. Дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Украина гуфт, ки Руҳонӣ барои ин фоҷиа узр пурсида ва ваъда додааст, ки масъулони он ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Ду тараф масъалаи ҷубронро ҳам баррасӣ кардаанд.





Губернаторы России
Москва

Собянин рассказал, как электробусы помогают улучшать экологическую ситуацию





Москва

Концертный директор для музыкантов. Концертный директор для певцов. Концертное агентство в Москве. Букинг агентство. Организация концертов и гастролей.


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин рассказал, как электробусы помогают улучшать экологическую ситуацию



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Виктор Тепляков

Обращения граждан в приёмную депутата ЗСК Виктора Теплякова рассмотрели на комиссии по БДД




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Московские школьники завоевали четыре медали на престижной Международной олимпиаде

В Москве выставили на продажу редкий Mercedes-Benz SLR McLaren за 100 млн рублей

Футболисты ЮФУ одержали три победы в домашнем турнире


ATP

Хачанов вылетел с турнира ATP в Хертогенбосхе после первого же матча



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

травят изгоя писателя на районе даже менты тоже



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России