Вазорати дифои Қазоқистон: оҳанпораи афтода қитъаи мушаки Русия аст
Вазорати дифои Қазоқистон 11 январ гуфт, оҳанпорае, ки 9 январ дар наздикии деҳаи Ногайтаи вилояти Оқтеппа ба замин афтод, як қитъаи мушаки русӣ аст.
Мушак ҳангоми тамрини нақшавии Вазорати дифои Русия аз заминҳои ба иҷора гирифтаи Қазоқистон партоб шудааст. Дар иттилоияи Вазорати дифои Қазоқистон навъи мушак ва аз кадом размоишгоҳ партоб шудани он гуфта нашудааст.
"Таркише рух надодааст ва дар натиҷаи афтидани оҳанпора касе ё чизе осеб надидааст. Вазъ ба ҷони сокинон хатареро эҷод намекунад", - афзудааст вазорат. Мақомоти ин вазоратхона ҳамчунин гуфтаанд, ки маҳалли ҳодисаро кормандони пулис иҳота кардаанд ва комиссияи назди ҳукумати вилояти Оқтеппа сабабҳои рух додани онро таҳқиқ дорад.
9 январ дар наздикии деҳаи Ногайтаи ноҳияи Байганин оҳанпорае аз осмон ба замин афтид. Раиси ноҳия Кайрат Отаров ва раҳбарияти вилояти Оқтеппа 10 январ бо тасдиқи хабар натавонистанд, бигӯянд, ки он чӣ аст.
Русия дар Қазоқистон се размоишгоҳи низомиро ба иҷора гирифтааст, ки дар онҳо системаҳои гуногуни мушакии худро озмоиш мекунад. Вазорати дифои Қазоқистон соли 2016 гуфт, Русия барои ҳар як гектари ин заминҳо солона 2 доллару 33 сент пули иҷора медиҳад.