Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Январь
2020

Дастаи Душанбе ғолиби аввалин мусобиқаи футзал миёни духтарон шуд

0
Дастаи Душанбе ғолиби аввалин мусобиқаи футзал миёни духтарон шуд

Аввалин мусобиқа оид ба футзал миёни духтарони то 19-сола, ки дар доираи чорабиниҳо бахшида ба соли футзал дар Тоҷикистон доир гардид, бо пирӯзии дастаи Душанбе ба поён расид.

Дар ин мусобиқа, ки дар шаҳри Душанбе, дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон, баргузор шуд, чаҳор дастаи мунтахаби минтақавӣ - Душанбе, Хатлон, Хатлон-2 ва ШНТМ (Шаҳру навоҳии тобеи марказ) – ширкат дошт.

Дастаи Душанбе, ки бо раҳбарии мураббӣ Зебо Гасимова дар ҳарсе бозӣ пирӯз шуд, бо 9 имтиёз мақоми аввалро касб намуда, бо медалҳои тилло сарфароз гашт. Дастаи ШНТМ (Шаҳру навоҳии тобеи марказ), ки бо 6 имтиёз ҷойи дувумро ишғол кард, бо медалҳои нуқра мукофотонида шуд. Медалҳои биринҷӣ барои ҷойи севум ба дастаи Хатлон, ки 3 имтиёз гирифт, тақдим гардид.

Натоиҷи бозиҳо:

Даври 1-ум

Душанбе – Хатлон-2 – 4:3

Хатлон – ШНТМ – 3:4

Даври 2-юм

Хатлон-2 – Хатлон – 1:5

Душанбе – ШНТМ – 8:2

Даври 3-юм

ШНТМ – Хатлон-2 – 4:1

Хатлон – Душанбе – 0:2

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

 Ҷ

 ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Душанбе

3

3

0

0

14-5

9

2

ШНТМ

3

2

0

1

9-11

6

3

Хатлон

3

1

0

2

7-6

3

4

Хатлон-2

3

0

0

3

5-13

0

Ба иттилои Комрон Шодиев, раҳбари департаменти футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон, аз рӯи натиҷагирии ин мусобиқа номзадҳо ба дастаи мунтахаби занонаи футзали Тоҷикистон (U-19) барои ширкат дар аввалин мусобиқаи қаҳрамонии CAFA (Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ)-2020, ки аз 24-ум то 29-уми январ дар Душанбе барпо мегардад, интихоб карда мешаванд.

Дар ин мусобиқаи минтақавӣ дастаҳои мунтахаби духтарони то 19-солаи Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон ширкат меварзанд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар аввалин мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2020 бо раҳбарии сармураббӣ Шерзод Ҷумъаев иштирок хоҳад кард.

Ҳамаи 15 бозӣ дар шаҳри Душанбе, дар маҷмааи варзишии  Кумитаи андози Тоҷикистон, баргузор мешавад.

Қаҳрамонии CAFA-2020 оид ба футзал миёни духтарони то 19-сола, Душанбе, 24-29-уми январ

Даври 1-ум

24 январ (ҷумъа)

Эрон – Тоҷикистон

Қирғизистон – Афғонистон

Узбекистон – Туркманистон

Даври 2-юм

25 январ (шанбе)

Тоҷикистон – Туркманистон

Узбекистон – Қирғизистон

Эрон – Афғонистон

Даври 3-юм

26 январ (якшанбе)

Туркманистон – Эрон

Афғонистон – Узбекистон

Тоҷикистон – Қирғизистон

Даври 4-ум

28 январ (сешанбе)

Қирғизистон – Туркманистон

Афғонистон – Тоҷикистон

Узбекистон – Эрон

Даври 5-ум

29 январ (чоршанбе)

Туркманистон – Афғонистон

Эрон – Қирғизистон

Тоҷикистон – Узбекистон





Губернаторы России
Москва

Собянин открыл пешеходную галерею между станциями метро и МЦД-4 Кутузовская





Москва

Артисты – они все особенные!


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин открыл пешеходную галерею между станциями метро и МЦД-4 Кутузовская



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Элджей

Рэпер Элджей стал зарабатывать меньше в восемь раз




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Росгвардейцы обеспечили безопасность во время футбольного матча в Москве

В филиалах АО "Желдорреммаш" прошли мероприятия ко Дню защиты детей

Баскетболисты из Лобни завоевали золото на турнире Moscow Open


Анастасия Потапова

Ролан Гаррос. Расписание 2 июня. Потапова и Швентек сыграют первым запуском, Синнер – последним



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Архангельск

Архангельская область подключается к марафону "Сила России"



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России