Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Январь
2020

Тоҷикистонро барои фишор ба Радиои Озодӣ танқид карданд

0
Тоҷикистонро барои фишор ба Радиои Озодӣ танқид карданд

Як созмони муътабари ҳомии ҳуқуқ ҳукумати Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани озодии баён ва маҳрум кардани дастрасӣ аз манобеи хабарӣ танқид кард. Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) рӯзи 14-уми январ гузориши бузургеро дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар 100 кишвари дунё нашр кард ва гуфт, “вазъи ваҳшатноки ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар соли 2019 бадтар шудааст.”

Дар гузориши бештар аз 600-саҳифаӣ, аз ҷумла доир ба маҳрум кардани хабарнигорони Радиои Озодӣ аз ҳаққи кор дар Тоҷикистон сухан рафтааст.

"Мақомот батакрор дастрасӣ ба расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, ба шумули Ютуб, Фейсбук ва Радиои Озодиро қатъ мекунанд."

Муаллифони гузориш гуфтаанд, ҳар вақт ки дар Интернет дар бораи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, аҳли оилаи ӯ ва ё ҳукумат изҳороте нашр шуд, мақомот корбаронро аз дастрасӣ ба паёмрасонҳои телефонӣ ва интернетӣ маҳрум мекунанд.

Дар ин гузориш омадааст: "Радиои Озодӣ аз моҳи октябр зери фишори зиёд қарор гирифт, чун вазорати умури хориҷии Тоҷикистон иҷозаи кори 18 хабарнигор ва корманди онро тамдид накард."

Дидбони Ҳуқуқи Башар аз мулоқоти Ҷеми Флай, раиси кулли Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ёдовар шудааст, ки моҳи ноябр сурат гирифт. Дар ин мулоқот Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки сарусадо дар бораи бастани дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе "дурӯғ" аст.

Ҷейми Флай баъди дидор дар шаҳри Женева дар Швейтсария гуфт, масъалаи иҷозаи кор ба хабарнигорони Радиои Озодиро бо Раҳмон дар миён гузошт. Ӯ гуфт: “Радиои Озодӣ аз тарафи ҳукумати раиси ҷумҳур Раҳмон зери фишор мондааст, баъзе аз хабарнигорони моро озор додаанд, баъзеи дигар аз аккредитатсия маҳрум шудаанд. Ман хостам, ба ӯ возеҳ кунам, ки агар мехоҳад, мо дар Тоҷикистон фаъолиятамонро идома бидиҳем, чунин муносибат ғайри қобили қабул аст, чун мо дар чунин шароит корро идома дода наметавонем. Ман, воқеан, мехостам, ба ӯ бирасонам, ки мо меъёрҳои хабарнигорӣ ва касбии худро сарфи назар намекунем.”

Рӯзи 31-уми октябри соли 2019, Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба 7 хабарнигори Радиои Озодӣ иҷозаи фаъолият дод, вале шаш нафарашон фақат ҳаққи фаъолияти нимсола ва як нафар барои се моҳ иҷозаи кор гирифтанд. Бар асоси муқаррарот дар Тоҷикистон аккредитатсия ба хабарнигорони доимӣ барои 1 сол дода мешавад.

Раҳбарияти Радиои Озодӣ қарори вазоратро "назарфиребӣ" номид. Ҷеймӣ Флай дар номае ба Сироҷиддини Мӯҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон навишт, додани аккредитатсия танҳо ба қисме аз хабарнигорон "нодида гирифтани ҳаққи бунёдии хабарнигорони мо барои кор аст."

Ӯ аз вазорат хост, "ба ҳамаи кормандони Радиои Озодӣ акредитатсия дода шавад, то онҳо битавонанд, вазифаҳои худро анҷом диҳанд.” То кунун 11 корманд ва хабарнигорони Радиои Озодӣ мунтазири иҷозаи кор ва ё акредитатсия ҳастанд ва муроҷиатҳо ба вазорат дар ин бора бе посух мондаанд.

Дидбони Ҳуқуқи Башар ҳамчунин дар гузориш гуфтааст, ки беш аз 25 хабарнигори тоҷик дар чанд соли гузашта маҷбур шудаанд, ки Тоҷикистонро тарк карда, дар хориҷ зиндагӣ кунанд. Ба қавли муаллифони гузориш, ба хабарнигорон пайваста ҳамла сурат мегирад ва ба Анҷумани Миллии Расонаҳои Мустақили Тоҷикистон ҳар моҳ на камтар аз 10 гузориш дар бораи таҳдид ба хабарнигорон ва ё маҳдуд кардани дастрасии онҳо ба иттилоъ мерасад.

Дидбони Ҳуқуқи Башар ҳамчунин бастани вебсайти “Азия-Плюс”, хабаргузории мустақили Тоҷикистонро ёдовар шудааст, ки аз моҳи августи соли 2019 бинобар дасткории нишонии вебсайти он, дастрасӣ ба расона дар саросари ҷаҳон имконнопазир шуд. Ба гуфтаи муаллифон, “Азия-Плюс”, ки дар гузашта ҳам вебсайташро барои матолиби сиёсӣ баста ва хабарнигоронашро озор додаанд, домени худро ба хориҷ кӯчонд.

На танҳо Дидбони Ҳуқуқи Башар, балки дигар созмонҳои байналмилалӣ ҳукумати Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани вазъи озодии баён, азияту озори хабарнигорон ва монеъ шудан ба фаъолияти озоди хабарнигорон танқид кардаанд. Соли гузашта Тоҷикистон дар раддабандии созмони Гузоришгарони Бидуни Марз дар бораи озодии баён 12 зина поин рафт ва дар байни 180 кишвар дар мақоми 161-ум қарор гирифт.

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10





Губернаторы России
Москва

Пожарной охране Москвы исполнилось 220 лет — Сергей Собянин





Москва

Стоматолог Владимир Лосев: сколько времени нужно носить брекеты


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Сергей Собянин: фонд музея "Царицыно" собрал 61 тыс. произведений искусства



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Юрий Башмет

С 31 мая по 7 июня 2024 в Самаре пройдет детская академия Башмета




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

МегаФон привёз спасателям и пожарным грузовик связи

Представители KAMA TYRES приняли участие в 57-й легкоатлетической эстафете

VK Fest 2024: Музыка и Развлечения на Открытых Площадках России


Дарья Касаткина

Касаткина о романе Синнера и Калинской: рада, больше ничего не хочу говорить



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Симферополь

Сожалеют, что бросающих черепах не бросили в тюрьму



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России