Ҳафт ҳизб барои курсиҳои порлумон 70 номзад пешниҳод карданд
Барои ширкат дар интихоботи порлумонии Тоҷикистон ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, аз 7 ҳизби сиёсӣ 70 номзад пешниҳод шудаанд. Ин иттилоъ рӯзи 16-уми январ дар як ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон эълон шуд.
Махфират Хидирзода, як намояндаи КМИР дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки намояндагони ҳафт ҳизби сиёсии кишвар аз 5 то 28 номзад барои ширкат дар интихобот пешбарӣ кардаанд, ки миёни онҳо аз ҳама бештар намояндагони ҳизби ҳокими халқи демократӣ мебошанд.
Ба гуфтаи хонум Хидирзода, дар интихоботи навбатӣ номзадии шумораи қобили таваҷҷуҳи занон пешниҳод шудаанд. 32,4 дарсади номзадҳои пешниҳодшуда аз рӯйхатҳои ҳизбӣ, занон будаанд. Вай афзуд, ки сар аз имрӯз, 16-уми январ то 9-уми феврал, марҳилаи бақайдгирии номзадҳо идома мекунад.
КМИР ҳамзамон мегӯяд, дар хориҷи кишвар дар назди сафоратхона ва консулгариҳои Тоҷикистон дар 30 кишвар 39 нуқтаи интихоботӣ ташкил шудааст. Ба гуфтаи масъулони КМИР, интизор меравад раванди интихоботи порлумонии Тоҷикистонро ҳудуди 500 нозири хориҷӣ назорат кунанд.
Аксари курсиҳои порлумони Тоҷикистонро феълан номзадҳои ҳизби ҳокими халқи демократӣ дар ихтиёр доранд. Мунтақидон мегӯянд, ҲХДТ бо истифода аз фишангҳои давлатӣ номзадҳояшро ба таври сунъӣ пирӯз эълон мекунад. Назаре, ки онро вакилон аз ҳизби ҳоким дар порлумон қабул надоранд.
Гаравпулии интихобот 5800 сомонӣ аст ва мақомот мегӯянд, ҳизбу номзадҳои пирӯз дар интихобот гарави додаашонро пас мегиранд, вале онҳое, ки интихоботро бохтанд, пулҳояшонро низ аз даст медиҳанд.
Интихоботи порлумонии Тоҷикистон рӯзи 1-уми марти имсол баргузор мешавад. Намояндагони ҳизбҳо ва афроди алоҳида барои 63 курсии Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумон рақобат мекунанд. Вакилон дар панҷ сол як бор интихоб мешаванд.
То ин дам созмону кишварҳои ғарбӣ интихоботҳои Тоҷикистонро озоду демократӣ эътироф накардаанд. Баръакси созмонҳо ва кишварҳои Шӯравии собиқ ва Чин, ки ба ин интихоботҳои Тоҷикистон баҳои баланд дода, шаффофу демократӣ хондаанд.