Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Январь
2020

Дума номзадии Мишустинро ба мақоми сарвазирӣ тасдиқ кард

0
Дума номзадии Мишустинро ба мақоми сарвазирӣ тасдиқ кард

Дума давлатӣ -- палатаи поёнии порлумони Русия рӯзи панҷшанбеи 16-уми январ бо 383 раъйи мувофиқ, номзадии Михаил Мишустинро ба мақоми нахуствазирии он кишвар тасдиқ кард. 41 вакил аз додани раъй худдорӣ карданд ва касе зидди номзадии Мишустин овоз надодааст.

Ба дунбол, президенти Русия Владимир Путин фармони раиси ҳукумати ин кишвар таъйин кардани Михаил Мишустинро имзо кард. Ҳамчунин фармони таъсиси вазифаи муовини раиси Шӯрои амният имзо ва ба ин мақом Дмитрий Медведев таъйин шуд. Нахуствазир Дмитрий Медведев, рӯзи чаҳоршанбе пас аз ироаи паёми Путин дар порлумони Русия, бо эъломи тарҳҳои президент барои тағйири низоми ҳукуматии Русия, аз мақомаш истеъфо дод.

Путин нуқтаҳои асосии ин тағйиротро дар ин паёмаш эълом кард ва қарор аст дар як ҳамапурсӣ аз мардум назархоҳӣ шавад. Яке аз ин тағйирот, афзоиши ихтиёроти порлумон хоҳад буд. Эъломи тағйироти ногаҳонӣ дар айни ҳол метавонад ба оқои Путин кӯмак кунад, ки пас аз поёни давраи феълии президентӣ дар соли 2024, боз идораи ин кишварро дар даст дошта бошад. 

Михаил Мишустин пас аз тайъиди шудани худ ба унвони нахуствазир аз сӯи порлумон, гуфт, аъзои кобинаи худро дар рӯзҳои наздик эълом мекунад.

Ӯ афзуд, "мо манбаъҳои кофӣ барои иҷрои ҳадафҳои эълоншуда аз сӯи президент дар ихтиёр дорем. Раиси ҷумҳур мехоҳад, ки кобинаи нав рушди иқтисодӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кориро дар дастури кор қарор диҳад. Афзоиши даромади воқеии мардум авлавияти аслии ҳукумати нав хоҳад буд". 

Ӯ ҳамчунин гуфт, зидди идеяи бахшидани қарзи русиягиҳо дар назди ташкилотҳои қарзӣ аст.

Михаил Мишустини 53-сола аз соли 1997 корманди давлат буда, аз соли 2010 ба ин тараф раиси Кумитаи андози Русия мебошад.

Тағйирот дар ҳукумати Русия дар ҳоле анҷом мешавад, ки тобистони соли гузашта он кишвар шоҳиди бузургтарин эътирозҳо алайҳи ҳукумат дар беш аз ду даҳаи раҳбарии Путин будааст.

Бисёре аз шаҳрвандони Русия аз бадтар шудани шароити иқтисодӣ, ки сабаби аслии он таҳримҳои Ғарб алайҳи он кишвар бинобар бӯҳрони Қрим ва коҳиши қимати нафт аст, норозӣ мебошанд.

Бисёре аз коршиносон мегӯянд, интихоби Михаил Мишустин, ки собиқаи сиёсие надорад, нишон медиҳад, ки нахуствазир аз истиқлоли чандоне бархӯрдор нахоҳад буд ва ҳадафи аслии тарҳҳои Путин барои тағйири Қонуни асосӣ, фароҳам кардани шароити муносиб барои поёни давраи президентии ӯст.

Путини 67-сола аз соли 1999 дар мақомҳои президент ва нахуствазири Русия кор карда, давраи ахири раёсати ҷумҳурии ӯ, ки аз соли 2018 оғоз шуд, дар соли 2024 ба поён хоҳад расид.

Владимир Путин дар суханронии рӯзи чаҳоршанбеи худ дар шарҳи тағйироти мавриди назараш барои Қонуни асосӣ, ки соли 1993 қабул шудааст, гуфт, ҳаққи таъйини нахуствазир ва аъзои кобина бояд ба Дума супурда шавад. Ин мавзӯъ дар ҳоли ҳозир аз ҷумлаи ихтиёроти президент аст.

Президент дар айни ҳол гуфт, Русия бояд "як низоми нерӯманди президентӣ" боқӣ бимонад ва раиси ҷумҳур бояд ихтиёри барканории нахуствазир ва аъзои кобина ва раёсати ниҳодҳои дифоӣ ва амниятии кишварро бар ӯҳда дошта бошад".

Охирин ҳамапурсӣ дар Русия дар соли 1993 дар даврони раёсати ҷумҳури Борис Елтсин ва барои қабули Қонуни асосии феълии кишвар баргузор шуда буд.

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10





Губернаторы России
Москва

Мэр Москвы: Музею-заповеднику «Царицыно» исполнилось 40 лет 





Москва

Доктор Кутушов назвал болезни, которые поджидают отдыхающих у водоёмов


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Сергей Собянин: Кадетское движение объединяет смелых, умных ребят



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Джиган

Звездная пара Джиган и Оксана Самойлова примут участие в шоу «Выжить в Дубае»




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Волонтеры Президентской академии в Санкт-Петербурге вносят свой вклад в развитие и повышение доступности спорта для граждан

Представители KAMA TYRES приняли участие в 57-й легкоатлетической эстафете

VK Fest 2024: Музыка и Развлечения на Открытых Площадках России


WTA

Пресс-служба WTA мемом отреагировала на тяжёлую победу Свёнтек над Осакой



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Авто

Удаленная настройка охранных комплексов StarLine



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России