Таъсиси марказҳои хос барои қурбониёни хушунат дар Қирғизистон
Дар шаҳрҳои Бишкек ва Ӯши Қирғизистон рӯзҳои наздик ду маркази буҳрон таъсис хоҳад шуд. Дар ин бора 16-уми январ муовини сарвазири Қирғизистон Олтиной Омурбекова хабар дод.
Ба огаҳии ҳукумати Қирғизистон, Омурбекова аз куштори ду зан тавассути ҳамсаронашон ёдоварӣ карда, гуфтааст, барои ҳалли мушкили хушунати хонаводагӣ дахолати институтҳои давлатӣ ва ҷомеа зарур аст.
"Бо назардошти аҳамияти мавзуъ аз додситониҳои кишвар даъват мекунам, ки ҳар як ҳолати хушунати хонаводагиро зери назорати махсус қарор дода, иҷрои қонунҳоро ҷиддан назорат кунанд",-афзудааст ӯ.
Ба гуфтаи Омурбекова, дар шаҳрҳои Бишкеку Ӯш марказҳои буҳрон ва дар тамоми шаҳру ноҳияҳои дигари Қирғизистон кумитаи пешгирӣ аз хушунати хонаводагӣ таъсис дода хоҳад шуд. Ба ҳайати кумитаҳо намояндагони мақомоти маҳаллӣ, созмонҳои диниву ғайридавлатӣ ва фаъолони дигари ҷомеа шомил хоҳанд шуд.
Ба иттилои расмӣ, соли 2019 дар Қирғизистон беш аз 5 ҳазор ҳодисаи хушунати хонаводагӣ, аз ҷумла хушунати ҷисмонӣ, равонӣ ва ҷинсӣ сабт шудааст. Дар мавриди беш аз 580 хушунати сабтшуда тафтишоти қаблӣ шуруъ гардидааст.
Аз оғози соли 2020 дар он кишвар ду ҳолати фавти одамон сабт шуд, ки дар натиҷаи хушунати хонаводагӣ рух додааст. Дар ноҳияи Кочкори Қирғизистон рӯзи 1-уми январ як зан дар пайи латту кӯби шавҳараш фавтид. Рӯзи 3-юми январ дар ноҳияи Бодканд низ як модари 3 фарзанд баъди латту кӯби шавҳараш ба ҳалокат расид.
Рӯзи 4-уми январ дар шаҳри Қароқули вилояти Иссиқкӯл як мард дар сару рӯи ҳамсараш бензин пошида, ӯро оташ задааст. Зани 33-сола айни ҳол дар бемористон бистарӣ аст.