Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Январь
2020

Насиҳатҳои Хоманаӣ дар намози ҷумъа ва ҳимояташ аз артиш

0
Насиҳатҳои Хоманаӣ дар намози ҷумъа ва ҳимояташ аз артиш

Оятулло Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон ҳангоми намози ҷумъа дар Теҳрон мардуми кишварашро ба ягонагӣ даъват кард ва гуфт, зӯри кишварҳои ғарбӣ барои “ба зону нишондани Эрон” намерасад.

Ӯ, ки баъд аз 8 сол бори аввал дар намози ҷумъаи Теҳрон ҳозир шуд, баъд аз он сухан гуфт, ки ҳафтаи гузашта, мардум ба нишони эътироз аз сарнагун кардани ҳавопаймои Украина ба кӯчаҳо рехтанд.

Раҳбари 80-солаи Эрон, ки рӯзи 17-уми январ дар Масҷиди Мусалло сухан мегуфт, дар бораи сарнагун кардани ҳавопаймои мусофирбар ҳам суҳбат кард ва гуфт, ки  ин “ҳодисаи бисёр талхе буд, ки дили моро реш кард.” Вале гуфт, ӯ фоҷиаи мазкур набояд “шаҳодати бузург ва ҷонфидоӣ”-и Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи олирутбаи Эронро, ки дар ҳамлаи ҳавоии Амрико кушта шуд, таҳти шуоъ қарор бидиҳад.

Хоманаӣ душманони Эронро ба он муттаҳам кард, ки талош доранд, бо истифода аз ҳодисаи суқути ҳавопаймо, Ҷумҳурии Исломӣ ва Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломиро зери суол баранд. Бино ба гузориши хабаргузории “Франс Пресс” қабл аз намози ҷумъа мақомот дар Эрон маъмурони пулисро ба шаҳр сафарбар карданд, чун ҳафтаи гузашта садҳо нафар дар Теҳрон ба зидди ҳукумат эътироз доштанд. Ба гуфтаи хабаргузорӣ, мақомот аз мардум хостаанд, ки баъди намози ҷумъа бо нишони ҳимоят аз нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ва Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ раҳпаймоӣ кунанд.

Ҳавопаймои Боинг 737-800- и ширкати Байналмилалии Ҳавопаймоии Украина рӯзи 8-уми январ баъди муддати кӯтоҳе аз парвоз аз фурудгоҳи Теҳрон бар асари зарбаи мушакии Сипоҳи Посдорон сарнагун шуд ва 176 мусофиру халабонҳои он ҷон доданд. Аксарияти онҳо эронӣ, шаҳрвандони Канада, теъдоде аз Украина, Афғонистон, Шветсия, Бритониё ва Олмон буданд.

Мақомоти Эрон дар аввал даст доштан дар фалокатро рад карданд, вале се рӯз баъд Сипоҳи Посдорон иқрор шуд, ки ҳавопа йморо тасодуфан бо мушак зада, сарнагун карданд. Фоҷиа чанд соат баъд аз он рух дод, ки Эрон ба ду пойгоҳи низомии Амрико дар Ироқ зарбаи мушакӣ зад ва гуфт, ки ҳамлаҳо посух ба қатли Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи  воҳиди Қудси Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ буд. Ин фармондеҳи эронӣ дар зарбаи мушакии нерӯҳои Амрико дар Бағдод кушта шуд.

Эътирофи Эрон дар бораи суқути ҳавопаймои Украина дар рӯзи 11-уми январ сабаби эътирози чандрӯзаи мардум дар Теҳрон ва дигар шаҳрҳои Эрон шуд. Мардум дар ин тазоҳурот ба зидди рӯҳониёни ҳоким дар Эрон шиор медоданд. Дар видеоҳое, ки рӯзи 16-уми январ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд, гуруҳе аз мардум ҳангоми дафни қурбониёни суқути ҳавопаймо дар шаҳри Санандаҷ бо ишора ба Хоманаӣ “марг бар диктатор” шиор медоданд.

Аммо Оятулло Алии Хоманаӣ ҳангоми намози ҷумъа гуфт, ки қатли Сулаймонӣ ба ҳамон ҳад, ки душманони Эронро хурсанд кард, ба ҳамон андоза мардуми кишварро ғамгин кард.  Ӯ айни замон ҳамлаи мушакии Эрон ба пойгоҳҳои Амрикоро “силлие (шаппотӣ) ба рӯи қудрати ҷаҳонӣ” номид ва Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаро “масхарабозе” номид, ки худро ҳомии мардуми Эрон вонамуд мекунад.

Аввали ҳамин ҳафта раиси ҷумҳур Ҳасан Рӯҳонӣ ҳам мардуми кишварашро ба ваҳдати миллӣ даъват кард ва аз артиш хост, қазияи сарнагун кардани ҳавопайморо возеҳ шарҳ бидиҳанд.  Рӯҳонӣ ҳамчунин хост, ки тафтиши ҳодисаро “додгоҳи махсус” назорат кунад ва ҳар касе, ки ин “хатои нобахшиданӣ”-ро кард, ҷазо дода шавад.

Эътирофи "дурӯғ" дар бораи суқути ҳавопаймо

Муҳаммад Ҷавод Зариф вазири умури хориҷӣ эътироф кард, ки мақомот чанд рӯз ба мардуми кишвараш “дурӯғ гуфтаанд” ва гуфт, ки ӯ ва Рӯҳонӣ баъди ду  рӯзи фоҷиа дар бораи сабабҳои он хабар ёфтаанд.  Додситонии Эрон гуфт, чанд нафар дар робита ба сарнагун кардани ҳавопаймои Украина дастгир шудаанд. Ҳамчунин 30 тани дигар барои ширкат дар тазоҳуроти баъд аз фоҷиа боздошт шудаанд. Созмони Афви Байналмилал мақомоти Эронро танқид кард, рӯзҳои 11 ва 12-уми январ барои пароканда кардани тазоҳургарон гази ашковар ва тирҳои резиниро ба кор бурдаанд.

Айни замон панҷ кишваре, ки дар ҳавопаймо шаҳрвандонашонро талаф доданд, аз мақомоти Эрон хостаанд, ҳодисаро пурра таҳқиқ кунад ва гунаҳкоронро ҷазо бидиҳад.  Баъд аз мулоқот дар рӯзи 16-уми январ дар Лондон, вазирони умури хориҷии Афғонистон, Бритониё, Канада, Шветсия ва Украина гуфтанд, ки Эрон бар изофаи тафтиши шаффофу мустақил ва комил бояд ба аъзои хонаводаҳои қурбониён ҷуброн бипардозад.





Губернаторы России
Москва

Сергей Собянин посетил фестиваль «Москва — на волне. Рыбная неделя»





Москва

НА ДЕТСКОМ ФЕСТИВАЛЕ ИСКУССТВ «НЕБО» СОСТОИТСЯ 5 ПРЕМЬЕР И ПОКАЖУТ НОВИНКИ ОТ ВЕДУЩИХ МОСКОВСКИХ ТЕАТРОВ


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин посетил фестиваль "Москва – на волне. Рыбная неделя"



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Певица

Певица Валерия и Иосиф Пригожин улетели из России в Турцию




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Вышел второй подкаст онлайн-лектория «Иннагрика» о возможностях аграрной генетики для молодых исследователей

Команда Центрального округа Росгвардии стала призером на чемпионате по пожарно-спасательному спорту в Москве (видео)

Представители KAMA TYRES приняли участие в 57-й легкоатлетической эстафете


Сюзанн Ленглен

Матч Котова и Вавринки перенесли на корт Сюзанн Ленглен



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Мир

Пять морей и одно озеро: в России создадут новые круглогодичные курорты - стали известны подробности



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России