Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Январь
2020

Радиои Озодӣ мудири бахшҳои Осиёи Марказиро таъйин кард

0
Радиои Озодӣ мудири бахшҳои Осиёи Марказиро таъйин кард

Радиои Озодӣ Ҳамид Исмоилов, яке аз хабарнигорони собиқадори узбекистониро мудири бахшҳои Осиёи Марказӣ таъйин кард. Қарор аст, ӯ аз аввали моҳи феврал корашро оғоз кунад.

Ҷеймӣ Флай, мудири Радиои Озодӣ, гуфт: “Бахшҳои Осиёи Миёна дар ин авохир бархе аз таъсиргузортарин гузоришҳоро тавлид кардаанд. Бинобар ин мо хушҳолем, ки Ҳамид розӣ шуд, то ба мо бипайвандад ва бо такя бар ин дастовардҳо фаъолияти моро боз ба сатҳи болотаре бирасонад.”

Флай афзуд: “Осиёи Марказӣ як минтақаи бисёр чолишбарангез аст, аммо таҷрибаи тӯлонии рӯзноманигорӣ, тахассус ва дониши жарфи Ҳамид дар бораи минтақа мудирияти роҳбурдӣ барои фаъолияти моро фароҳам хоҳад кард ва итминон ҳосил хоҳад шуд, ки ҳамкорони мо аз ҳимояти лозим барои идомаи гузоришгарӣ бо кайфияти боло барои мухотабонамон дар Осиёи Марказӣ бархурдор хоҳанд шуд."

Ҳамид Исмоилов қаблан дар бахши ҷаҳонии Би-би-сӣ кор мекард. Дар онҷо 14 сол раёсати шуъбаи Осиёи Миёна ва Қафқозро ба уҳда дошт ва гузоришҳое ба шаш забон барои тақрибан даҳ кишвари минтақа таҳия кардааст. Баъдҳо ӯ сардабири иҷроияи Би-би-сӣ барои Аврупо буд.

Ба унвони як хабарнигор, шоир ва достоннависи барҷаста ӯ нахустин нависандаи муқим дар бахши ҷаҳонии Би-би-сӣ ва пешгоми ибтикороте дар заминаи кор бо расонаҳои ҷадид ва подкаст барои бахши ҷаҳонии Би-би-сӣ дар Русия буд. Ӯ ба изофаи забонҳои русӣ, туркӣ ва форсӣ, ба ҳамаи забонҳои роиҷ дар Осиёи Миёна ҳарф мезанад.

Ҳамид Исмоилов дар ин симат ҷойгузини Венера Ҷуматаева шуд, ки то ин замон мудири муваққати бахшҳои Осиёи Миёна буд.  Ӯ ба мақоми пешинааш ба раҳбарии бахши қирғизии Радиои Озодӣ бармегардад. 

Ҷеймӣ Флай гуфт: “Венера тайи 10 моҳи гузашта дар дастёбӣ ба муваффақиятҳои бузурги Радиои Озодӣ дар минтақа нақше умда ифо кардааст. Аз ин ки ӯ моил шуд дар як давраи муҳим дар нақши мудир барои Радиои Озодӣ хидмат кунад, мо қадрдонӣ мекунем ва хушҳолем, ки ӯ боз ҳам ба пешбурди кори мо кумак мекунад.”

Шуъбаи Осиёи Миёнаи Раидои Озодӣ аз бахшҳои қазоқӣ, қирғизӣ, узбакӣ, тоҷикӣ ва туркманӣ иборат аст. Ин радио намунае барои расонаҳои маҳаллӣ дар яке аз саркӯбгартарин манотиқи ҷаҳон барои иттилоърасонии мустақил ва ҳирфаӣ аст.

Радиои Озодӣ шабакае аз рӯзноманигорон дорад, ки барои беш аз 37 миллион нафар ба 26 забон ва дар 22 кишвар ахбору иттилои дақиқ ироа медиҳад, ҳарчанд дар он ҷойҳо озодии расонаҳо маҳдуд аст ва рӯзноманигории ҳирфаӣ ба такомул нарасидааст. Видеоҳои ин расона беш аз 3,6 миллиард бор дар Фейсбук, Ютуб ва Инстаграм дар соли 2019 аз сӯи мухотабон дида шудаанд.

Рвдиои Озодӣ як ширкати расонаӣ бо сиёсати таҳририяи мустақил аст, ки бо кумаки ройгони Конгресси Амрико сармоягузорӣ мешавад.





Губернаторы России
Москва

Сергей Собянин: фонд музея "Царицыно" собрал 61 тыс. произведений искусства





Москва

«СВЯТОЙ ЛЕНИН» легально изготавливает армии и спецслужбы. 6 серия. СЕРЬЁЗНЫЙ НОВОСТНОЙ СЕРИАЛ.


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: Более трех миллионов человек посетили фестиваль «Москва на волне. Рыбная неделя»



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Юрий Башмет

В Самарской области пройдут мероприятия детской музыкальной академии Башмета




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Команда Центрального округа Росгвардии стала призером на чемпионате по пожарно-спасательному спорту в Москве (видео)

Вышел второй подкаст онлайн-лектория «Иннагрика» о возможностях аграрной генетики для молодых исследователей

VK Fest 2024: Музыка и Развлечения на Открытых Площадках России


Даниил Медведев

Медведев на отказе серба Кецмановича вышел в третий круг «Ролан Гаррос»



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Первые покупатели получили ключи от SWM G01F



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России