Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Январь
2020

Ҷузъиёти боздошти даҳҳо нафар бо гумони узвият дар "Ихвон-ул-муслимин"

0
Ҷузъиёти боздошти даҳҳо нафар бо гумони узвият дар

Шумораи онҳое, ки бо гумони узвият дар созмони мамнӯи "Ихвон-ул-муслимин" дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон боздошт шудааст, дастикам 70 нафар будааст. Мақомот дар ин бора расман ҳеч хабар ва шарҳ намедиҳанд. Ду ҳафта пеш манобеи Радиои Озодӣ дар мақомоти интизомии Тоҷикистон аз боздошти 27 нафар хабар дода, гуфта буданд, ки эҳтимол ин рақам афзоиш ёбад.  

Ду манбаи боварбахши Радиои Озодӣ дар мақомоти интизомӣ рӯзи 20-уми январ гуфтанд, давоми ду ҳафтаи ахир шумораи боздоштшудаҳо дар чаҳорчӯби парвандаи "Ихвон-ул-муслимин” бештар шудааст.

Як мақоми Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки аз ҷараёни қазия огоҳ аст, гуфт, то имрӯз ҳадди ақал нисбат ба 70 нафар парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Ба гуфтаи манбаъ, ин афрод асосан бар асоси моддаи "ташкили фаъолияти созмони экстремистӣ" ва "узвият дар ташкилоте, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон манъ шудааст" (иловаи 3-и моддаи 307-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон) муттаҳаманд. Дар қонун барои ин ҷиноят аз 5 то 10 соли зиндон пешбинӣ шудааст. Вале мақомот ҳанӯз ин хабарро тасдиқ ё рад накардаанд. 

Ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ, "чанд нафари дигар ба бозпурсӣ даъват мешаванд, аммо маълум нест, ки нисбат ба онҳо низ парванда боз хоҳад шуд, ё не."

Мақомоти интизомии Тоҷикистон аз додани ҳар гуна шарҳ дар ин бора худдорӣ мекунанд.

Радиои Озодӣ рӯзи 20-уми январ ба раҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дархост фиристод, то қазияи боздоштҳои ахирро шарҳ диҳанд. 

Дар ҳамин ҳол, хабарҳои боздошт шудани шаҳрвандон дар робита ба узвият дар "Ихвон-ул-муслимин" тақрибан аз ҳама гӯшаҳои Тоҷикистон мерасад. Тибқи иттилои дарёфтӣ, дар миёни афроди боздоштшуда чанд устоди донишгоҳҳо низ ҳастанд.

Як мақоми баландпояи Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки 5 устоди ин донишкада аз сӯи мақомот дастгир шудаанд. Ӯ гуфт, мақомоти интизомӣ ба онҳо ҳушдор додаанд, ки аз суҳбат бо расонаҳо дар ин бора худдорӣ варзанд. Манбаъ афзуд, муаллимони боздоштшуда аз забони арабӣ дарс медоданд.

Сомонаи “Ахбор.ком” бо такя ба манобеаш рӯзи 19-уми январ навишт, Тоҷиддин Яъқубов, мудири кафедраи забонҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ дар миёни боздоштшудаҳо ҳаст. Манобеи Радиои Озодӣ низ ин хабарро тасдиқ мекунанд, аммо масъулони Донишгоҳи миллӣ аз суҳбат дар ин бора худдорӣ меварзанд.  

Ба ҷуз аз устодони донишгоҳҳо, инчунин, Абдухолиқ Ҳасанов, як тоҷири тоҷик бо гумони узвият дар созмони мамнӯи “Ихвон-ул-муслимин” дастгир шудааст. Ёсин Ҳасанов, фарзанди Абдухолиқ Ҳасанов, рӯзи 20-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, падарашро дар оғози моҳи январи имсол дастгир карда, то ҳол нишон надодаанд.

Ҳасанов гуфт, падараш вакили мудофеъ надорад ва намедонанд, ки нисбат ба ӯ бо кадом моддаи қонуни ҷиноӣ парванда кушодаанд: "Ҳангоми дастгир кардани падарам гуфтанд, ки ту ба Эрон рафта, аз онҷо бор меорӣ. Чаро зуд - зуд ба Эрон меравӣ? Ҳамин қадар гуфтанд. Падарам пештар аз Эрон маҳсулот меоварданд, вале дар байн корро қатъ карданд. Имсол боз шуруъ карда буданд. Ҳуҷҷатҳои бори аз Эрон овардаро низ бо худ бурданд," -- гуфт Ёсин Ҳасанов.

Боздошти афроди муттаҳам ба узвият дар созмони мамнӯи "Ихвон-ул-муслимин" баъд аз ҷашни Соли нав оғоз шудааст. Чанд манбаъ дар мақомоти интизомӣ қаблан ба Радиои Озодӣ гуфтанд, як шабакаи аъзои ин созмони мамнуъро дар кишвар ошкор кардаанд.

Тибқи иттилои манобеи Радиои Озодӣ, дар миёни боздоштшудаҳо Исмоил Қаҳҳоров, домоди хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо, руҳониёни маъруфи кишвар низ ҳасттанд. Фирдавс Раҳимзода, раиси Идораи амволи давлатии шаҳри Исфара аз ҷумлаи онҳоест, ки бо гумони узвият дар созмони "Ихвон-ул-муслимин" дастгир шудааст.

Боздошти даҳҳо нафар бо гумони узвият дар созмони мамнӯи "Ихвон-ул-муслимин", нишон надодани онҳо ба наздиконашон ва надоштани вакили мудофеи мустақил нигаронии баъзе аз ҳомиёни ҳуқуқро ба бор овардааст. Дар гузашта низ созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мақомоти Тоҷикистонро барои маҳдудияти озодии дину эътиқод танқид кардаанд. Чизе, ки мақомот ҳамвора рад карда, ҷорӣ шудани баъзе маҳдудиятҳоро ба мубориза бо ифротгароӣ рабт додаанд.

Созмони "Ихвон-ул-муслимин", ки номаш дар пайванд ба боздошти чанд нафар дар сархатти расонаҳои Тоҷикистон қарор дорад, аз соли 2006 боз дар кишвар манъ аст. Соли 2016 чанд имомхатиб дар вилояти Суғд бо ҷурми узвият дар ин созмони мамнуъ ба зиндон маҳкум шуда буданд.

"Ихвон-ул-муслимин" як созмони мазҳабӣ ва сиёсист, ки соли 1928 дар Миср таъсис ёфта, фаъолияташ дар бисёре аз кишварҳои арабӣ мамнуъст.

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксу видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10





Губернаторы России
Москва

Три из пяти участков новой трассы на юго-западе Москвы завершены — Собянин





Москва

Лидер движения «Всеармянский фронт» Аршак Карапетян 24 мая 2024 года встретился с членами Координационного совета российско-армянских организаций России и политологами


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: трасса из Солнцева до Варшавского шоссе откроется в 2026 году



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Олег Лундстрем

Внучатый племянник Олега Лундстрема нашёл в Ульяновске свою кровь




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Марафон серий «Команды МАТЧ» на телеканале «СуперГерои» ко Дню защиты детей

Аделина Панина: какие элементы фэншуй должны быть на кухне, чтобы есть и худеть

Бойцовская лига «Наше Дело» представит спортивную зону на Дне России


Уимблдон

Надаль пропустит Уимблдон из-за желания сыграть на Олимпиаде



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

МегаФон добавил инноваций системе экомониторинга в Череповце



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России