Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Январь
2020

Шикояти сокинон аз суръати пасти Интернет. Хадамот аз 4G мегӯяд

0
Шикояти сокинон аз суръати пасти Интернет. Хадамот аз 4G мегӯяд

Мақомоти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон гуфтанд, барои беҳтар кардани суръату сифати Интернет дар минтақаҳои дурдасту кӯҳии кишвар тарҳи махсусро омода кардаанд, ки як бахши он пурра гузаштан ба низоми 4G аст. Сокинони ноҳияҳои дурдаст аз набуди Интернет ва ё суръати ба қавли онҳо бениҳоят сусти он изҳори ташвиш доранд. Масъулони ширкатҳо мегӯянд, барои харидани таҷҳизоти нав сармояи кофӣ надоранд.  

Илҳом Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, охири ҳафтаи гузашта ба Радиои Озодӣ гуфт, талош доранд мушкили дастрасӣ ба Интернетро дар ноҳияҳои дурдаст ба зудӣ ҳал кунанд. Ӯ ҷузъиёти лоиҳаро шарҳ надод, аммо таъкид кард, ки "беҳтар намудани сифати хидматрасониҳои интернет, афзоиши суръати он, аз ҳадафҳои асосӣ аст".

"Барои он ки суръати интернет хуб шавад, марҳила ба марҳила дар минтақаҳо бояд интернети сифати 4G  татбиқ гардад ва мо дар ҳамкорӣ ба  ширкатҳои мобилӣ инро амалӣ мекунем," -- афзуд ӯ.

Талошҳо барои беҳтар намудани дастрасӣ ба Интернет дар ноҳияҳои кӯҳистон дар ҳоле садо медиҳад, ки баъзе аз кормандони идораҳои давлатӣ дар минтақаҳои дурдасти кишвар низ аз набуди интернет ва ё суръати пасти он нигаронанд. 

Ҷумъахон Ясақиев, сокини ҷамоати Бартанги ноҳияи Рӯшон, барои ирсоли як ҳуҷҷат аз тариқи интернет даҳҳо километр роҳро тай карда, ба маркази ноҳия меравад. Ӯ гуфт, корманди бахши муҳосиботи ҷамоати Бартанг аст ва сифати интернет то ҳадде паст аст, ки дар идораашон "ҳеч кор карда наметавонад".

"Барои фиристодани як санад ба маркази вилоят ва ё Душанбе 50 километр роҳ рафта, аз маркази Рӯшон мефиристем. Интернет дар маркази ноҳия нисбатан беҳтар аст," -- афзуд ӯ. 

Ҷумъахон Ясақиев гуфт, барои ҳалли мушкили дастрасӣ ба интернет 2 сол пеш ба ширкати “Тселл”, ки фароҳамкунандаи интернет дар маҳаллаашон аст, муроҷиат намуда буданд, аммо то ҳол посух нагирифтаанд.

Султони Абдуқаҳҳор аз ҷамоати деҳоти Даштиҷуми ноҳияи Шамсуддин Шоҳини вилояти Хатлон низ бо ирсоли як нома ба Радиои Озодӣ гуфт, "дар ин ҷо ҳама аз интернет истифода мебаранд, аммо интернети сифати  2G мебошад, ки суръаташ хеле паст аст".

Хуршед Фозилов, сокини Панҷакенти вилояти Суғд, мегӯяд, мушкили дастрасии интернет дар ин шаҳр ва маҳаллаҳои атроф низ ба назар мерасад: "Вақте мегӯянд, ҳукумати электронӣ мекунем, бе Интернет ташкилу рушди он чӣ гуна мумкин аст? Коре карда намешавад. Барои фиристодани як санад хеле мунтазир мемонӣ." 

Дар ширкати мобилии "Тcell" дар бораи мушкили дастрасии интернет дар ноҳияҳои дурдасти кишвар шарҳе надоданд. Намондагони бархе аз ширкатҳои дигари фароҳамкунандаи интернет гуфтанд, ҳоло бо насби таҷҳизоти замонавию пуриқтидор талош доранд, вазъи дастрасӣ ба интернетро, ки боис ба ташвиши сокинон гардидааст, беҳтар намоянд.

Холиқназар Ҷумъаев, сухангӯи ширкати “Babilon”, ба Радиои Озодӣ гуфт, яке аз сабабҳои суръати пасти интернет дар навоҳии дурдаст ин аст, ки дар маҳаллаҳо на интернети сифати 4G, балки 2G насб шудааст. Ӯ гуфт, Тоҷикистон минтақаҳои зиёди дурдаст дорад, ки дар онҳо на ҳама ширкатҳои дастраскунандаи интернет антеннаҳои худро доранд.

Намояндагони ширкатҳои дигар таъкид намуданд, ки барои беҳтар кардани суръати интернет беш аз ҳама технологияи пешрафта лозим аст ва барои дастрас намудани он вазъи молии хубе надоранд.

Ҳарчанд бархе аз сокинону коршиносон пайваста аз суръати сусти интернет интиқод мекунанд, мақомоти Хадамоти алоқа пайваста мегӯянд, "ҳоло вазъ беҳтар шудааст". Илҳом Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон низ гуфт, "дар маҷмӯъ суръати интернет дар муқоиса ба солҳои пеш беҳтар шудааст."

Аммо бархе аз огоҳони умур ба ин назаранд, ки баръакс вазъи дастрасӣ ба интернет сол то сол бадтар мешавад. Коршинос ва блогери тоҷик Рустам Гулов гуфт, дар бозори мухобиротӣ фазое ба вуҷуд омадааст, ки ширкатҳо барои беҳтар кардани суръат ва сифати интернет дасткӯтоҳанд.

"Вақте ҳамаи ширкатҳои дастраскунандаи интернет  маҷбуранд, аз “Тоҷиктелеком" - як ширкати мутааллиқ ба Хадамоти алоқа интернетро бихаранд, чунин шеваи кор рақобатро дар бозор аз байн бурда, ба фаъолияти кори ширкатҳо таъсири манфӣ мерасонад. Хадамоти алоқа имкони рушди ширкатҳоро намедиҳад ва намегузорад, ки онҳо бо хоҳиши худ интернет харанд, рушд кунанд. Бозорро бояд озод гузошт."

Суръати сусти Интернет дар Тоҷикистон на фақат аз тарафи созмонҳои ҷаҳонӣ, балки аз ҷониби истифодабарандагон ҳам зиёд интиқод мешавад. Бо ин вуҷуд, баҳори соли 2019 Хадамоти зиддиинҳисорӣ арзиши интернетро дар Тоҷикистон ду баробар гарон кард ва ба норозигии сокинону созмонҳои ҷамъиятӣ сабаб шуд. Дертар иҷрои қарорро боздоштанд. 

Бар пояи раддабандии Speedtest Global Index дар моҳи январи соли 2019 аз рӯйи суръати интенети мобилӣ, Тоҷикистон дар рӯйхати 137 кишвари ҷаҳон дар мақоми аз ҳама охир қарор гирифт. Барои муқоиса Қазоқистон дар ин раддабандӣ дар ҷойи 85, Қирғизистон дар ҷойи 111 ва Узбекистон дар ҷойи 129 ҳастанд.

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксу видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10





Губернаторы России
Москва

Собянин: Завод по производству препаратов из плазмы крови человека появится в РФ





Москва

США и Европа "подготавливают" Россию и Ближний Восток для переселений?!


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин поздравил всех социальных работников с профессиональным праздником



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Джиган

Пополнение в семье: дочь Джигана и Оксаны Самойловой «стала мамой»




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Футбольная сборная России забила Белоруссии 4 безответных мяча

Мастер-классы по созданию крафтовых украшений проходят в центре Москвы

Псковичка стала призером соревнований по прыжкам в высоту в Москве


Арина Соболенко

«Сейчас даже счёт не помню»: Андреева сенсационно победила Соболенко и вышла в полуфинал «Ролан Гаррос»



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Подросток случайно убил пристававшего к нему незнакомца в центре Москвы



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России