Юрий Чайка аз мансаби додситони кулли Русия канор меравад
Кремл рӯзи 20-уми январ эълон кард, ки Додситони кулли Русия Юрий Чайка аз мақомаш канор меравад.
Хадамоти матбуотии Кремл гуфт, президент Владимир Путин муовини раиси Кумитаи тафтишот Игор Красновро барои кор дар палатаи болоии парлумон ба баррасӣ пешбарӣ кард.
Ба гуфтаи мақомот, Юрий Чайка 68-сола аст ва аз соли 2006 ба инҷониб дар ин вазифа мебошад. Ӯ ин мақомро барои кори дигар номаълум тарк хоҳад кард.
Пешниҳоди Путин чанд рӯз пас аз он ба миён меояд, ки қонунгузорон дар палатаи поёнии порлумон, Думаи давлатӣ, Михаил Мишустин сарвари начандон хуб шинохташудаи андозро ба ҷойи Дмитрий Медведев, сарвазири пешин, таъйин карданд.
Медведев ва кабинети вай рӯзи 15-уми январ, пас аз суханронии ҳарсолаи Путин дар бораи вазъи кишвар, истеъфо доданд.