Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Ноябрь
2020

Ҷабборов: Бо ҳадафи ислоҳот як шӯрои конститутсионӣ ташкил мешавад

0
Ҷабборов: Бо ҳадафи ислоҳот як шӯрои конститутсионӣ ташкил мешавад

Иҷрокунандаи вазифаи президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Ҷапаров) гуфт, ки барои роҳандозии ислоҳоти конститутсионӣ, ки ба тақвияти салоҳиятҳои президентӣ равона шудааст, ислоҳоти конститутсионӣ ба роҳ монда мешавад. Рӯзи 3-юми октябр, зимни  муроҷиат ба сокинони Ӯш, Ҷабборов интиқодҳои нафаронеро рад кард, ки мегӯянд, Ҷабборов дар фикри заъиф кардани низоми парлумонӣ ва тасарруфи қудрат мебошад. Ӯ гуфт, “ҳама пешниҳодҳои марбут ба ислоҳот ба таври озод бо мардум баррасӣ мешавад. Дар 10-15 рӯзи наздик мо таҳияи тарҳи пешниҳодҳоро анҷом хоҳем дод ва онро ба Шӯрои конститутсионӣ медиҳем, ки қарор аст  таъсис шавад. Тамоми шаҳрвандони хоҳишманд ва намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ барои узвият дар Шӯрои конститутсионӣ роҳ дода мешаванд. Пешниҳодҳо ба баррасии ҷомеа гузошта шуда аз роҳи референдум қарори ниҳоӣ гирифта мешавад”.

Ҷабборов дар гузашта як сиёсатмадори миллатгаро ва узви парлумон буд. Соли 2017 ӯро барои гаравгонгирии як рақиби сиёсиаш ба 11,5 соли зиндон маҳкум карданд, вале тарафдоронаш дар авҷи эътирозҳои баъди интихоботи 4-уми октябр ӯро аз зиндон раҳо намуданд. Дар паи ин ҳама ҷараёнҳо президент Сооронбой Ҷеенбеков ба истеъфо рафту Ҷабборови аз ҷониби парлумон нахуствазир интихобшуда иҷрокунандаи вазифаи президент шуд. Ӯ қарор аст то интихоботи нави президентии моҳи январи соли 2021 дар ин мақом кор кунад, вале рӯзи 3-юми ноябр бори дигар ӯ такрор кард, ки моҳи декабр аз вазифаи иҷрокунандаи вазифаи президент канор меравад ва дар интихобот номзад хоҳад шуд. Қонуни амалкунанда ба иҷрокунандаи вазифаи президенти Қирғизистон ҳақ намедиҳад, ки дар интихобот номзад шавад. Чунин кор роҳи қонунии ширкати ӯ дар интихоботро ҳамвор мекунад. Ҷабборов ҳамчунин гуфтааст, ки интихоботи нави парлумонӣ “баъди тағйири низоми ҳукумат дар кишвар” баргузор мешавад.

Ӯ гуфт, “баъди машваратҳо бо раиси парлумон ва раҳбарони гурӯҳҳои сиёсии маҷлис мо ба қароре омадем, ки интихоботи нави парлумонӣ то 1-уми июн баргузор шавад. Ин мутобиқ ба қонун аст. Интизор дорам, ки то моҳҳои апрел ва  маи соли оянда  ислоҳоти конститутсионӣ барои тағйир додани низоми ҳукумат қабул мешавад  ва интихоботи парлумонӣ баъди он баргузор хоҳад шуд”.

 

Ин дар ҳолест, ки баъди бекор шудани натиҷаҳои интихоботи 4-уми октябр Комиссиюни марказии интихоботҳои Қирғизистон қарор кард, ки интихоботи парлумонии навро 20-уми декабр баргузор кунад. Вале Ҷабборов рӯзи 22-юми октябр тағйирот ба қонуни интихоботро имзо кард, ки бар асоси он санаи интихоботи нави парлумонӣ ба мӯҳлати баъдӣ дар соли 2021 вогузор мешавад. Комиссиюни интихоботҳо хост, ки ин қарорро дар Додгоҳи олӣ бозбинӣ кунад, вале додгоҳ гуфт, ки бо сабабҳои фаннӣ дар заминаи пардохти ҳаққи заҳмат ин аризаро бармегардонад.

Палати конститутсионии Додгоҳи олии Қирғизистон рӯзи 2-юми ноябр гуфт, ки айни чунин аризаи ҳизби оппозитсионии “Реформа” ва ду шаҳрванди дигарро баррасӣ мекунад.   

 

Раиси ҳизби оппозитсионии “Ота-Макон” Омурбек Текебоев ба Радиои Озодӣ гуфт, ки барои тавсеа додани салоҳиятҳои парлумон мубориза мебарад ва ояндаи ислоҳоти пешниҳодкардаи Ҷабборов аз он бастагӣ хоҳад дошт, ки чӣ шахсе барандаи интихоботи президентӣ мешавад.

Депутати собиқ Исҳоқ Масалиев ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Ҷабборов аллакай ба таблиғоти президентии номзадиаш шурӯъ карда дар мулоқот бо сокинони манотиқи кишвар барномаи худро муаррифӣ мекунад. Масалиев ба ин назар аст, ки Ҷабборов аллакай бисёр курсиҳои ҳукуматиро бо шахсони мавриди назари худ табдил карда дар талоши ин аст, ки барои дарозмуддат дар қудрат бимонад. Дар қиболи ин тарафдорони Ҷабборов пойфишорӣ  мекунанд, ки кори ӯ мутобиқ бо  қонунҳои кишвар мебошад.

 

 То 3-юми ноябр панҷ сиёсатмадор расман Комиссиюни марказии интихоботҳоро огоҳ карданд, ки дар интихоботи президентӣ ширкат хоҳанд кард. Дар ин феҳрист исми раҳбари ҳизби оппозитсионии “Бутун Қирғизистон” Адахон Мадумаров, раҳбари ҳизби “Эл учун” Арстанбек Абдилдаев, собиқ раҳбари ҳизби “Эгемен Қирғизистон” Бектур Асанов, таърихшинос Кубан Чороев ва як фаъоли мухолифон Назарбек Нишонов ёд мешавад.





Губернаторы России
Москва

Собянин анонсировал большую летнюю спортивную программу





Москва

ONYX отправляется в Большой тур по России


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Сергей Собянин назвал победителей конкурса «Педагоги года Москвы»



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Юрий Визбор

Вечер бардовской песни, посвященный Юрию Визбору, пройдет 19 июня в Обручевском




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

На ВДНХ пройдет Удмуртский национальный праздник Гербер

Команда Центрального округа Росгвардии стала призером на чемпионате по пожарно-спасательному спорту в Москве (видео)

Волонтеры Президентской академии в Санкт-Петербурге вносят свой вклад в развитие и повышение доступности спорта для граждан


Миомир Кецманович

Кецманович отказался от борьбы в игре с Медведевым на "Ролан Гаррос"



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Симферополь

Сожалеют, что бросающих черепах не бросили в тюрьму



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России