Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Ноябрь
2020

Новости за 06.11.2020

Гузоришгари СММ гуфт, дар Тоҷикистон бо баҳонаи "мубориза бо тундгароӣ" ба диндорон фишор меоранд

Ozodi.org 

Аҳмад Шаҳид, гузоришгари хоси Созмони Милали Муттаҳид дар умури озодиҳои мазҳабӣ, аз кишварҳои ҷаҳон хост, қонунҳоеро, ки ҳуқуқи ақаллиятҳои мазҳабӣ ва баргузории оинҳои диниро маҳдуд мекунанд, мавриди бозбинӣ қарор диҳанд.

Комроншоҳи Устопириён дар қаҳрамонии самбои ҷаҳон медали биринҷӣ гирифт

Ozodi.org 

Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони машҳури тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо, ки дар шаҳри Нови-Сади Сербистон ҷараён дорад, медали биринҷӣ гирифт. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Маҳмуд Абдуллоев, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, шаби 6-уми ноябр хабар дод.

Байден дар Ҷорҷиаву Пенсилвания аз Трамп пеш мегузарад

Ozodi.org 

Номзади демократҳо дар интихоботи президентӣ Ҷо Байден баъди дарёфти раъйи бештар дар иёлоти калидии Ҷорҷиа ва Пенсилвания, аз номзади ҷумҳурихоҳҳо  президент Доналд Трамп пеш гузашт. Натиҷаҳои соатҳои ахир ба ӯ умед медиҳанд, ки дар як интихоботи бисёр тунду пуррақобат дастболо ва вориди Кохи Сафед шавад. Баргаҳои раъйдиҳии Пенсилвания ҳанӯз дар ҳоли ҳисоб шудан ҳастанд, вале бино ба иттилои ахир, Байдени 77-сола бо наздики 10 ҳазор овозҳои тарафдорон  пеш гузаштааст. Тарафдорони бештари ӯ бар асоси ҳисобҳои овозҳое ҳисоб шудааст... Читать дальше...



Сокинони Тоҷикистон мегӯянд, аз субҳ то шом нерӯи барқ надоранд

Ozodi.org 

Як ҳафта аст, ки сокинони навоҳии Тоҷикистон аз камбуди нерӯи барқ шикоят доранд. Ба гуфтаи онҳо аз соати 8 то 17 интиқоли нерӯи барқ қатъ мешавад ва зиндагӣ бо чунин аҳвол мушкил аст. Мардум мегӯянд, мақомот лимити нерӯи барқро ҷорӣ кардаанд. Аммо мақомот мегӯянд, ҳеч гуна маҳдудият ё лимите нест.

Дар Тоҷикистон як узви "Шоҳидони Яҳво"-ро афв, дигареро ба ҳабс гирифтаанд

Ozodi.org 

Як узви “Шоҳидони Яҳво”, созмони масеҳии фаъолияташ мамнуъро дар Тоҷикистон бо гумони сохтакории санади тиббӣ ва саркашӣ аз хидмат дар артиш дастгир кардаанд. Рустамҷон Норови 22-сола як моҳ боз дар боздоштгоҳе дар шаҳри Хуҷанд аст.

Фаронса фаъолияти гурӯҳи миллигарои турк бо номи "Гургҳои хокистарӣ"-ро мамнуъ кард

Ozodi.org 

Фаронса фаъолияти як гурӯҳи ифротии Туркияро, ки худро "Гургҳои хокистарӣ" мехонад, дар қаламрави худ мамнуъ эълон кард. Вазорати умури хориҷии Фаронса рӯзи чаҳоршанбеи 5-уми ноябр хабар дод, ки ин гурӯҳи миллигарои ифротӣ, эътирозҳои хушунатомез алайҳи арманиҳо ташкил кардааст. Қабл аз ин, дар ду тазоҳуроти шабонаи зиддиарманӣ дар минтақои Лион ва Гренобл, аъзои ин гурӯҳ шиори "мо арманиҳоро хоҳем кушт" сар дода буданд. Онҳо парчамҳои Туркияро дар даст доштанд. Бинои ёдбуди қатли оми арманиҳо ба дасти Туркия... Читать дальше...

Ҷо Байден дар иёлати Ҷорҷиа аз Доналд Трамп гузашт. Шумориши овозҳо идома дорад

Ozodi.org 

Ҷо Байден, муовини пешини президент ва номзади Ҳизби демократ дар иёлати калидии Ҷорҷиа аз раиси ҷумҳур Доналд Трамп пеш гузашт. Дар пайи иттиҳоми бесобиқа ва бедалели Трамп дар бораи гуё тақаллуб шудани натиҷаҳои интихобот, ин тағйироти хеле ҷиддӣ ба шумор меравад.



Амалиёти полиси Олмон дар робита бо ҳамлаи мусаллаҳонаи Вена

Ozodi.org 

Рӯзи 6-уми ноябр дар манзил ва дафтарҳои кории чор нафар дар Олмон, ки эҳтимолан бо ифротгарои ҳамлагар дар Вена дар тамос буданд, кофтукоб анҷом шуд. Полиси Олмон гуфт, ки ҳарчанд иртибот ва ҳамкории ин нафарон бо Файзулло Куртини 20-сола, ҳамлагаре дар Вена, ки чор нафарро куштаву 20 касро захмӣ намудааст, дар даст нест, вале ин нафарон бозпурсӣ  мешаванд. Карл Неҳаммер, вазири умури дохилии Австрия рӯзи 5-уми ноябр дар парлумони кишвар гузориш дод ва гуфт, ки дар  қаламрави ин кишвар аз рӯи парвандаи... Читать дальше...

Шикоят аз бебарқӣ дар Тоҷикистон. Мардум аз маҳдудият мегӯянд, "Барқи тоҷик" боз аз таъмир. ВИДЕО

Ozodi.org 

Сокинони баъзе аз минтақаҳои Тоҷикистон мегӯянд, ки беш аз як ҳафта инҷониб аз соати 8-и субҳ то 5-и бегоҳ барқ надоранд ва аз эҳтимоли ҷорӣ шудани маҳдудият (лимит) нигарон ҳастанд. Намояндагони "Барқи тоҷик" сабаби қатъ шудани нерӯи барқро муваққатӣ дониста, онро ба таъмири дастгоҳҳо рабт доданд.

Аз рӯи куштори журналисти словакӣ чанд мақомдори собиқи полис боздошт шуд

Ozodi.org 

Дар робита бо куштори Ян Кутсяк, як журналисти таҳқиқгари Словакия дар соли 2018 чанд мақомдори собиқи полис боздошт шуданд. Сухангӯи додситонии  Словакия рӯзи 5-уми ноябр гуфт, ки ин нафарон бо гумони ташкили як шабакаи ҷиноӣ боздошт шуданд, вале ҷузъиёти аз ин беш надод. Телевизиони Markiza  як видеоеро бо собиқ раиси полис намоиш дод, ки дар ҷараёни рейдҳои ахир боздошт шудааст. Шабакаҳои дигар се мақомдори собиқи дигари баландпояи полисро нишон доданд, ки дар додгоҳ ҳозир шуданд. Ян Кутсяк ҳамроҳ... Читать дальше...

"Агар кисаам холӣ бошад, касал мешавам"

Ozodi.org 

Хабарнигори Радиои Озодӣ дар Душанбе аз чанд раҳгузар пурсид, ки чӣ чизе ба фикри онҳо ба сиҳатиашон зарар мерасонад. Яке гуфт, "ҳеч чиз", дигарӣ гуфт, ки агар пул надошта бошад, сарашро дард мегирад ва... Давомашро дар навор бубинед.

Бритониёву ИМА ба интихоботи нав дар Беларус даъват карданд

Ozodi.org 

Вазири хориҷаи Бритониё Доминик Рааб ва котиби давлатии ИМА Майк Помпео баъди нашри гузориши мустақил дар бораи натиҷаҳои тақаллубкоришудаи интихоботи президентии се моҳи пеш ва саркӯбҳои бераҳмонаи норозиён,  ба баргузории интихоботи нави президентӣ дар Беларус даъват карданд. Дар паи интихоботи баҳсбарангези президентии Беларус саросари кишварро эътирозҳои зидди Александр Лукашенко фаро гирифт. Лукашенко баъди 26 соли раҳбарӣ дар ин кишвар дубора баранда эълон шуд, вале Ғарб ва мухолифони ӯ ин натиҷаҳоро қабул надоранд. Читать дальше...

Раҳбари ҳайати нозирони САҲА Трампро дар “нақзи ҷиддии қудрат” айбдор кард

Ozodi.org 

Раҳбари ҳайати нозирони байналмилалии САҲА  дар интихоботи президентии ИМА гуфт, ки президент Доналд Трамп бо иддаои беасосаш дар бораи ин ки “интихобот дуздида шуд ва шумориши раъйҳо хотима ёбад” ба “нақзи ҷиддии қудрат” роҳ дод. Майкл Линк, раҳбари нозирони САҲА дар мусоҳиба бо нашрияи олмонии Stuttgarter Zeitung рӯзи 5-уми ноябр гуфт, ки иддаоҳои батакрори Трамп дар бораи ин ки интихобот дасткорӣ шудааст, “бепояву асос” аст. Ӯ гуфт, “як чизи аз ҳама  нороҳаткунанда ин буд, ки сарфармондеҳи амрикоӣ дар Кохи Сафед... Читать дальше...

Раҳбари олии Эрон интихоботи ИМА-ро “як намоишнома” хонд

Ozodi.org 

Раҳбари олии Эрон интихоботи президентии ИМА-ро масхара карда онро “як намоишнома” хонд ва гуфт, ки ин рақобат заъфи демократияро ба намоиш гузошт. Дар ИМА бо гузашти беш аз 24 соат аз замони баста шудани нуқтаҳои раъйдиҳӣ ҷараёни шумориши раъйҳо идома дорад. Рақобати миёни президенти ҷумҳурихоҳ Доналд Трамп ва рақиби демократи ӯ Ҷо Байден бисёр танготанг ҷараён дошт ва натиҷаҳо ҳам ҳамингуна аз ҳам тафовути хеле кам доранд. Трамп бидуни овардани далел ва шаҳодат иддао кард, ки дар ҷараёни овоздиҳиву шумориши раъйҳо дар Мичиган... Читать дальше...

Даъвои додгоҳии Трамп дар ду аёлат рад шуд

Ozodi.org 

Ду даъвои додгоҳие, ки тими интихоботии президент Доналд Трамп   дар иёлоти Мичиган ва Ҷорҷиа пеш гузошт, рад шуд, вале раиси ҷумҳурии ИМА бидуни овардани далел дар бораи қонуншиканиҳо  таҳдид кардааст, ки дар Невадаву дигар иёлот аз болои ҷараёни ҳисобу китоби овозҳо шикоят хоҳад кард. Тими Трамп дар чанд аёлате, ки он ҷо рақиби демократаш Ҷо Байден баранда шудааст, ба додгоҳ шикоят карда гуфт, ки гӯё рӯзи овоздиҳии 3-юми ноябр тақаллуби зиёд роҳ ёфт. Дар ҳоле, ки Трамп ҳеҷ асос ё далеле пеш наовардааст... Читать дальше...

Ҷо Байден мардуми Амрикоро ба "оромӣ" даъват кард

Ozodi.org 

Ҷо Байден, номзад ба мақоми раиси ҷумҳури Амрико аз Ҳизби демократ мардуми кишварашро ба “оромӣ” даъват кард. Ба оромӣ фаро хондани мардум дар ҳолест, ки шумориши охирин орои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ идома дорад.  Ҷо Байден рӯзи 5-уми ноябр дар як баёнияи расмӣ гуфт, агар ҳамаи орои интихобот шумурда шавад, бидуни шак, ӯ ба рақибаш Доналд Трамп, раиси ҷумҳури феълии Амрико пирӯз меояд. Ба Ҷо Байден зарур аст, 270 раъйи ҳайатҳои интихоботӣ аз иёлатҳои гуногуни Амрикоро ба даст биёрад ва ӯ назар ба Доналд Трамп ба ин марра наздиктар шудааст. Читать дальше...

Шабакаи Facebook гурӯҳеро манъ кард, ки дар паи интихобот ба хушунат даъват мекард  

Ozodi.org 

Шабакаи иҷтимоии Facebook фаъолияти  як гурӯҳи азимеро бо номи “Дуздиро хотима диҳед” манъ кард, ки аз ҷонибдорони президент Доналд Трамп буда дар талоши ташкили эътирозҳо алайҳи ҷараёни ҳисобу китоби овозҳои интихоботи президентӣ мебошад. Шабакаи азими иҷтимоӣ рӯзи 5-уми ноябр гуфт, ки аъзои ин гурӯҳ бо суръати калон афзоиш меёбад ва дар навиштаҳояш  изҳороти хушунатзо ва иттиҳомоти беасос дар бораи гӯё дуздида шудани овозҳо аз ҷониби демократҳоро пахш мекунад. Энди Стоун, як сухангӯи Facebook гуфт... Читать дальше...


Музыкальные новости
Бато Багдаев

Госцирк Бурятии возглавил Тудуп Батуев: Театр и цирк, Культура, Россия





Rss.plus
Владимир Путин

Как Россия побеждает в Африке: Волна военных переворотов приносит Путину новых союзников




Экс-главе красноярского фонда капремонта грозит 15 лет за взятку

Более 4 тыс. человек присоединились к акции «Мы помним» в Музее Победы

Скульптура в честь Булата Окуджавы появилась в Нижнем Тагиле

День просидели в аэропорту: в Сочи задержали вылет в Стамбул на 14 часов




Рекорди нави олудашавиҳо ба коронавирус дар ИМА

Ozodi.org 

Шумори ҳодисаҳои олудагӣ ба коронавирус дар ИМА рӯзи дуюм аст, ки рекордӣ мешавад. Пажӯҳишгоҳи Ҷон Ҳопкинс мегӯяд, ки  дар як шабонарӯзи гузашта дар ИМА беш аз 123 ҳазор ҳолати нави олудашавӣ ва 1220 ҳодисаи марг ба асари  вируси нав ба қайд гирифта шуд. Ин дар ҳолест, ки рӯзи 4-уми ноябр дар ин кишвар рекорди нави олудашавии якрӯзаи 99,660 нафар гузориш шуд ва ин омор он замон баландтарин нишондоди якрӯза ба шумор мерафт. Рӯзи 5-уми ноябр дар 19 аёлати ИМА афзоиши рекордии якрӯзаи олудашавӣ ба коронавирус гузориш дода шуд. Читать дальше...

Дар Қаробоғи Кӯҳӣ аз  марги сокинони мулкӣ мегӯянд. Ҷангҳо идома доранд

Ozodi.org 

Шаби гузашта дар  Қаробоғи Кӯҳӣ ҷангҳо идома дошт ва ба иттилои мақомоти минтақаи ҷудоиталаб, дар паи тирандозиҳои ҷониби Озарбойҷон дастикам се мулкӣ кушта шуд. Ҷангҳо дар шаҳри Степанакерт - калонтарин шаҳри минтақа ва Шуши – шаҳраки стратегии кӯҳии воқеъ дар 10-километрии ҷануби Степанакерт идома дошт. Қаробои Кӯҳӣ - минтақае дар ҳудуди Озарбойҷон эътироф шудааст, вале аксар сокинонаш арманитаборҳо буда, ҳукумати Бокуро эътироф намекунанд. Баъди хатми ҷангҳо дар соли 1994, ки боиси кушта шудани ҳазорҳо нафар гардид... Читать дальше...

Собиқ президенти Косово бо иттиҳоми ҷиноёти ҷангӣ ба боздоштгоҳи Додгоҳи Гаага ворид шуд

Ozodi.org 

Ҳошим Точи, собиқ президенти Косово баъди истеъфои дирӯзааш вориди боздоштгоҳи додгоҳи ҷиноятҳои ҷангии Нидерланд шуд. Дар як изҳороти додгоҳи байналмилалӣ рӯзи 5-уми ноябр гуфта шуд,  Точи, ки солҳои ҷанги 1990-ум ба хотири дастёбӣ  юа истиқлолият аз Сербистон раҳбарии шӯришиёни Артиши озодихоҳии Косоворо ба ӯҳда дошт, ҳамроҳ бо ду собиқ узви ин гурӯҳ  ба “боздоштгоҳи Палатаи ихтисосии  Косово дар додгоҳи Гаага” интиқол дода шуд. Точи дар солҳои 1998-99 ба ин гурӯҳ раҳбарӣ кардааст. Ӯ рӯзи 5-уми ноябр дар изҳороте гуфт... Читать дальше...

Бо идомаи ҳисоби натиҷаҳои интихоботи ИМА, асабоният ҳам бештар мешавад

Ozodi.org 

Ҳисобукитоби овозҳо дар иёлоти калидии ҳалкунандаи натиҷаи овоздиҳӣ дар ИМА идома дорад. Пешбиниҳо ин аст, ки Ҷо Байдени демократ ба пирӯзӣ наздик мешавад, вале президенти амалкунанда Доналд Трамп дар ҳолати норизоият аз ин ҳолат, ба иттиҳоми  бедалели ин ки гӯё натиҷаҳо тақаллуб шудааст, дар ҳолати асабоният ва ҳамла ба ҷараёни демократии кишвар мебошад. Натиҷаҳои овоздиҳӣ ҳанӯз аз чор иёлоти калидӣ дар сетоаш ниҳоӣ нашудааст ва ҳам тафовути овозҳои миёни ду номзад дар ин иёлот зиёд нест, дар натиҷа... Читать дальше...

"Мо дигар тарс надорем". "Тихоновскаяи туркман" ба мубориза даъват кард

Ozodi.org 

Муҳоҷирдухтари туркман Дурсултон Таганова тахминан чор моҳ пеш тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ изҳороти зиддидавлатӣ нашр карда, дар раҳпаймоиҳои мухолифони туркман дар Туркия - макони зисти имрӯзааш иштирок кард. Ин духтари 29-солаи зодаи вилояти Лебап (Лабиоб) баъди он ки дар намоишҳои эътирозии назди консулгарии Туркманистон дар Истамбул иштирок кард, дар боздоштгоҳ се моҳ нигаҳдорӣ ва баъди ин ба як чеҳраи мухолифони туркман дар хориҷа табдил шуд. "Мо дигар ҳарос надорем". "Тихановскаяи" туркман... Читать дальше...

Тоҷикистон ба "Ютэйр" иҷозаи парвоз дод

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистон ба ширкати ҳавопаймоии "Ютэйр"-и Русия барои анҷом додани парвозҳои чартерӣ дар хатсайрҳои Душанбе-Маскав ва Хуҷанд-Сургут, иҷозат додаанд. Дафтари матбуоти Сафорати Русия дар Душанбе шоми 5-уми ноябр хабар дод, ки ширкати ҳавоии "Ютэйр" иҷозати мақомоти Тоҷикистонро барои парвозҳои чартерӣ дар хатсайри Душанбе-Маскав ва Хуҷанд-Сургут дарёфт кард ва аввалин парвозро рузи шанбеи 7-уми ноябр анҷом медиҳад. Ба ин тартиб, қарор аст дар моҳи ноябр аз Тоҷикистон ба Русия чаҳор парвоз сурат гирад. Читать дальше...



Москва

Новые городские проекты в сотрудничестве с парком Юрия Лужкова готовит Фонд Юрия Лужкова


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин сообщил о планах создания отечественной платформы электромобиля



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Булат Окуджава

Урганта исключили из программы концерта памяти Булата Окуджавы




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Гепарды – новые персонажи мультсериала «Команда МАТЧ»

Псковичи стали призерами соревнований по вольтижировке в Москве

Собянин рассказал о ходе строительства Троицкой линии метро


WTA

Азаренко вышла в 1/16 финала турнира WTA-1000 в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Жизнь

Правительство РФ сообщило о перевыполнении планов по достижению цифровой зрелости национальной экономики



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России