Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Ноябрь
2020

Новости за 04.11.2020

Чаро барандаи интихоботи Амрико ҳанӯз эълон нашудааст?

Ozodi.org 

Чанд соат баъди баста шудани нуқтаҳои раъйдиҳӣ ҳанӯз ҳам маълум нест, ки дар интихоботи рӯзи 3-юми ноябр кадоме аз номзадҳо баранда шуд: президенти амалкунанда Доналд Трамп ва ё рақиби демократи ӯ Ҷо Байден.

Ҳимояти  Twitter ва Facebook аз тасмими тамғагузории матну видеоҳои интихоботии Трамп

Ozodi.org 

Шабакаҳои  азими   иҷтимоии Facebook ва Twitter, ки аллакай барои тасмимашон дар заминаи назорат аз иттилои дурӯғин ва хабарҳои  марбут ба интихобот дар ин шабакаҳо таҳти заррабин қарор гирифтанд, аз тасмими худ барои тамғагузории навиштаву видеоҳои президент Доналд Трамп дар бораи натиҷаҳои интихобот ҳимоят карданд.  Дар як навиштааш рӯзи 4-уми ноябр Трамп бидуни асос дар бораи гӯё тақаллуб шудани овозҳо сухан карда ҳатто худро барандаи интихобот эълон намуд. Twitter ҳамон замон иқдом кард ва ин... Читать дальше...

Мардуми Амрико раъй дод ва мунтазири натиҷаи интихобот аст

Ozodi.org 

Дар Амрико то рӯзи 3-уми ноябр рӯзи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ бештар аз 100 миллион нафар бо истифода аз почта, ё ҳузурӣ раъй доданд. Ҳоло ҳама мунтазир аст, бубинад, кӣ президент мешавад? Доналд Трамп мемонад, ё Ҷо Байден, курсии ӯро мегирад?



Сирру асрори қатли журналистон дар Тоҷикистон. Гунаҳкоронро накофтанд ё наёфтанд? ВИДЕО

Ozodi.org 

Пайвандони баъзе аз журналистони кушташуда дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон (1992-1997) бо гузашти қариб се даҳсола ҳанӯз дар бораи омилон ва фармоишгарони қатли онҳо маълумот надоранд.

Асрори марги хабарнигорони тоҷик ва пайвандони мунтазири адолат

Ozodi.org 

Бо гузашти се даҳсола аз қатли чанд журналист дар Тоҷикистон пайвандонашон дар бораи қотилони онҳо маълумоте надоранд ва ҳанӯз мунтазири тантанаи адолат ҳастанд. Тафтишот рози куштори онҳоро то кунун ошкор накардааст.

Невада мегӯяд, ки то 5-уми ноябр ҳисобу китоби овозҳоро бозмедорад

Ozodi.org 

Иёлати Невада бидуни шарҳу тавзеҳе гуфт, ки то 5-уми ноябр ҷараёни ҳисоби раъйҳои интихобкунандагонро бозмедорад. Дар иёлати Невада шумори овозҳои тарафдорони президент Доналд Трамп ва рақиби демократи ӯ Ҷо Байден ба ҳам наздик аст. Рӯзи 4-уми ноябр мақомоти иёлати Невада дар Твиттер навиштанд, ки ҳанӯз бояд раъйи мардумро, ки тавассути почта дар рӯзи овоздиҳӣ дастрас шуд ва ҳам то ҳафтаи оянда мерасанд, ҳисоб кунанд. Невада дар қатори Ҷорҷиа, Мичиган, Каролинаи Шимолӣ, Пенсилвания ва Висконсин яке аз шаш иёлат аст... Читать дальше...

Twitter ва Facebook ба хотири пешгирӣ аз хабарҳои носаҳҳеҳ бархе саҳифаҳои хабариро масдуд карданд

Ozodi.org 

Twitter ва Facebook саҳифаҳои чандин расонаҳои ростгарои хабариро, ки дар бораи интихоботи ИМА иттилоъ медоданд,  бо далели нақзи сиёсати истифодаи ин шабакаҳо масдуд карданд. Бархе аз ин саҳифаҳо ҳанӯз 3-юми ноябр масдуд шуданд, чун матолиби нашркардаи онҳоро чандин расонаи Русия бознашр карда  барҷаста нишон доданд.  Twitter гуфт, ки ин саҳифаҳо баъди он баста шуданд, ки сиёсати зидди  “ҳамоҳангӣ”-и шабакаҳои иҷтимоиро нақз карда, маводи ба ҳам монанд нашр карданд, дар ҳоле, ки худро расонаҳои мустақил вонамуд мекунанд. Читать дальше...

Амрико дар интизори натиҷаҳои интихобот

Ozodi.org 

Ҳисоби натиҷаҳои овоздиҳӣ дар интихоботи президентии Амрико метавонад, то чанд рӯз тӯл кашад. Дар ҳоле ки ҳам Доналд Трамп ва ҳам Ҷо Байден дар бораи роҳи худ ба пирӯзӣ сӯҳбат мекунанд, ба қавли нозирон, натиҷаҳои овоздиҳӣ дар бораи маҳбубияти танготанги ҳар номзад гувоҳӣ медиҳад.



Даргириҳои нав дар Қаробоғи кӯҳӣ ва даъвати Русия ба шеваи назорати оташбас

Ozodi.org 

Ҷонибҳои даргир дар Озарбойҷону Арманистон рӯзи 4-уми ноябр дар бораи даргириҳои нав дар минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳӣ хабар дода ҳар тараф иддао кард, ки дар ҷанг дастболо мешавад.  Дар паи шаш ҳафта даргириҳои нав дар минтақае, ки  се даҳсола пеш ҳам шоҳиди ихтилофҳои мусаллаҳона ва марги ҳазорҳо нафар шудааст, Русия гуфт, ки бояд роҳҳои ба хатми даргириҳо водор кардани тарафҳо андешида шавад. Ҷониби Арманистон рӯзи 4-уми ноябр иддао кард, ки дар як ҳамлаи озарбойҷониҳо барои таҳти назорат... Читать дальше...

Иҷрокунандаи вазифаи сарвазир ва президенти Қирғизистон аз мақомаш истеъфо медиҳад

Ozodi.org 

Иҷрокунандаи вазифаҳои президент ва ҳамзамон сарвазири Қирғизистон Содир Ҷабборов дар суҳбат бо яке аз телевизионҳои маҳаллӣ гуфт, то 14 ноябри соли равон аз мақоми худ истеъфо хоҳад дод. "Бар асоси Конститутсия, президент ва иҷрокунандаи вазифаҳои президент наметавонанд дар интихобот иштирок кунанд. Вале ман аз иҷрои вазифаҳои президент то 14 ноябри имсол даст мекашам ва дар интихобот иштирок хоҳам кард", - изҳор дошт Ҷабборов. Раиси Ҳизби "Қирғизистон" Канатбек Исоев ва сиёсатшинос Бакит Бакатев ҳам 4 ноябр гуфтанд... Читать дальше...

Дар Узбекистон Ҷоизаи байналмилалии "Ал-Хоразмӣ" - 50000 доллар таъсис ёфт

Ozodi.org 

Вазорати адлияи Узбекистон хабар дод, ки Девони вазирони ин кишвар тартиби тақдими Ҷоизаи байналмилалии ба номи Муҳаммад ал-Хоразмиро тасдиқ ва мукофотпулии онро 50 ҳазор доллари амрикоӣ муайян кард. Ҷоизаи "Муҳаммад ал-Хоразмӣ" ба донишмандон, аз ҷумла шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бешаҳрвандие дода мешавад, ки дар асоси пажӯҳишҳои илмии бунёдӣ ё амалӣ дар бахши риёзиёт ҳалли мушкили дақиқеро пешниҳод кардаанд. Ин ҷоиза дар ду сол як бор аз сӯи президенти Узбекистон бо пешниҳоди Шӯрои ҷумҳуриявии... Читать дальше...

Аз 9 ноябр дар Қазоқистон равуо байни минтақаҳо маҳдуд мешавад

Ozodi.org 

Дар шаҳри Петропавловск, маркази маъмурии вилояти Қазоқистон Шимолӣ шуруъ аз 9 ноябр постгоҳ гузошта мешавад. Мақомоти он вилоят мегӯянд, шумори гирифторони вабои коронавирус нисбати моҳи гузашта дар вилоят афзоиш ёфтааст. Дар бораи гузоштани постгоҳҳо муовини сарвазири он кишвар Ералӣ Тугжанов рӯзи сешанбе хабар дод. Ронандагони дохили ва хориҷӣ, ки аз вилоят убур мекунанд, вазифадор мешаванд, ки ҳангоми вуруд ба вилоят санади мубтало набудан ба коронавирус бо худ дошта бошанд. Ҳамзамон дар он вилоят шуруъ аз 9 ноябр театрҳо... Читать дальше...

Талант Мамитов раиси порлумони Қирғизистон интихоб шуд

Ozodi.org 

Канатбек Исоев баъди се ҳафтаи раиси порлумони Қирғизистон интихоб шудан истеъфо дод. Баъди истеъфои Исоев, Талант Мамитов аз сӯи вакилон раиси порлумон интихоб шуд. Канатбек Исоев гуфт, ки ба хотири иштирок дар интихоботи президентии 10 январи соли 2021 аз раисии порлумон истеъфо додааст. Исоев ҳамагӣ 13 октябри соли ҷорӣ раиси порлумон интихоб шуд. Вай дар натиҷаи буҳрони сиёсие раиси порлумон интихоб шуд, ки баъди интихоботи порлумонии 4 октябр ба вуҷуд омад. Иҷрокунандаи вазифаи президент... Читать дальше...

Пандемия ва амрикоиҳо: натиҷаҳои экзит-пол чӣ мегӯяд?

Ozodi.org 

Дар ИМА шаҳрвандон дар шароите ба интихобот рафтанд, ки мизони олудашавӣ ба коронавирус ва бистаришавии мардум хеле баланд аст. Вале бар пояи экзит-поли маркази таҳқиқотии Эдисон, пандемия яке аз чандин масоилест, ки мардуми ИМА-ро ташвиш медиҳад. Бо вуҷуди ин ки дар кишвар 9,4 миллион амрикоӣ олуда шудаву беш аз 230 ҳазор нафар ҷон додаанд, аз 10 овоздода танҳо ду нафарашон гуфтанд, ки COVID-19 масъалаи мавриди нигаронии онҳо аст. Нисфи овоздодаҳо дар интихоботи Амрико гуфтанд, ҳарчанд коронавирус ба иқтисод таъсиргузор шуд... Читать дальше...

Мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо Баҳрайну Иморот ба Дубай расид

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон имрӯз, 4-уми ноябр, бо раҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев барои баргузор кардани бозиҳои дӯстона бо тимҳои миллии Баҳрайн ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба Дубай сафар кард. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, дастаи мунтахаби Тоҷикистон баъди анҷоми ҷамъомади таълимиву тамринӣ, ки дар Душанбе шаш рӯз идома ёфт, рӯзи чоршанбе ба Дубай парвоз кард. Ба ҳайати даста 26 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар – шомиланд. Читать дальше...

Рақобати танготанги Байдену Трамп

Ozodi.org 

Президенти ҷумҳурихоҳ Доналд Трамп ва рақиби демократи ӯ Ҷо Байден дар иёлоти хеле муҳими таъминкунандаи пирӯзии номзадҳо бо ҳам дар рақобати танготанг қарор гирифтаанд. Пешбинӣ мешавад, ки давоми чанд рӯзи дигар натиҷаҳои интихобот номаълум хоҳанд монд. Байден субҳи 4-уми ноябр гуфт, ӯ ба пирӯзӣ наздик мешавад ва аз овоздиҳандагон хост, сабр кунанд, то натиҷаҳои расмиву ниҳоӣ ба даст биёяд. Трамп баъди ин демократҳоро дар “дуздии” интихобот гунаҳкор кард ва гуфт, худи ӯ интизори “пирӯзии бузург” аст. Читать дальше...

Мақомот гуфтанд, ки чаро қурби доллар афзуд. Сокинон аз болоравии нархҳо бим доранд

Ozodi.org 

Қурби расмии сомонӣ дар баробари доллар қариб як сомонӣ коҳиш ёфтааст. Агар 3-юми ноябр дар бонкҳо дар ивази як доллар 10 сомониву 34 дирам медоданд, рӯзи 4-уми ноябр қимати як доллар ба 11 сомониву 30 дирам расидааст.

Кохи Сафед танҳо ҳадаф нест. Демократҳо дар талоши ба даст овардани Конгресс

Ozodi.org 

Рӯзи 3-юми ноябр дар ИМА мардум на танҳо дар интихоби президентӣ, балки дар интихоботи Сенат ва Маҷлиси намояндагон ҳам иштирок карданд. Натиҷаҳои пешакӣ мегӯяд, ки назорат бар ду курсии муҳими Сенатро ҳарду ҳизб бо ҳам тақсим карданд. Дар Колорадо матбуот навишт, ки демократ Ҷон Ҳиккенлупер, собиқ шаҳрдори Денвер бар номзади ҷумҳурихоҳҳо сенатор Гори Гарднер пирӯз шуд. Дар Алабама собиқ мураббии футбол Томми Тубервайл аз номи ҷумҳурхоҳҳо пирӯз шуд ва Даф Ҷонси демократро мағлуб кард. Пешбинӣ мешуд... Читать дальше...


Музыкальные новости
Ренат Ибрагимов

В Москве почтили память певца Рената Ибрагимова





Rss.plus
Мультфильм

Мультфильм «Пушистый вояж» выйдет в прокат при поддержке Детского радио




Синоптики: Период заморозков в столичном регионе можно считать завершенным

Чипсы из брокколи: как приучить детей питаться правильно

Baza: журналист Кононенко умер от внутреннего кровотечения

В подмосковном Роспотребнадзоре рассказали о детских лагерях в преддверии лета




Трамп ва Байден пирӯзиро дар иёлоти калидӣ тақсим карданд

Ozodi.org 

Президент Доналд Трамп ва рақиби демократаш Ҷо Байден пирӯзиро дар иёлоте, ки дар натиҷаҳои овоздиҳӣ нақши хеле муҳим мебозанд, бо ҳам тақсим карданд. Дар иёлоти соҳилҳои шарқӣ дарҳои нуқтаҳои раъйдиҳӣ баста шудаанд ва дар қисматҳои дигар овоздиҳӣ дар ҳоли анҷом ёфтан мебошад. Дар қисматҳои ғарбии кишвар раъйдиҳандагон ҳамоно барои овоздиҳӣ мешитобанд ва ҳанӯз маълум нест, ки дар иёлоти калидии таъминкунандаи пирӯзии номзадҳо вазъ чӣ гуна аст. Интихоботи кунунии президентии ИМА-ро дар даҳсолаҳои охир бемисл меноманд... Читать дальше...

Мунтахаби Тоҷикистон бо Баҳрайну Иморот бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон имрӯз, 4-уми ноябр, бо раҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев барои баргузор кардани бозиҳои дӯстона бо тимҳои миллии Баҳрайн ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба Дубай сафар мекунад. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, дастаи мунтахаби Тоҷикистон баъди анҷоми ҷамъомади таълимиву тамринӣ, ки дар Душанбе шаш рӯз идома кард, рӯзи чоршанбе ба Дубай парвоз хоҳад кард. Ба ҳайати даста 25 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар... Читать дальше...

Як зодаи Қазоқистон дар Лаҳистон кушта шуд

Ozodi.org 

Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон хабар дод, ки рӯзи 2 ноябр дар шаҳри Опол-Любелски Лаҳистон як зодаи 16-солаи Қазоқистон парронда шудааст. Зодаи Қазоқистон аз ҷароҳати бардоштааш дар ҷои ҳодиса фавтидааст. Бино ба хабари вазорати хориҷаи Қазоқистон, вай барои таҳсил ба Лаҳистон рафта буд. "Дар натиҷаи ҷароҳат аз тир шаҳрванди Қазоқистон, соли таваллудаш 2004, дар ҷои ҳодиса фавтид. Тафтишот идома дорад", - омадааст дар хабар. Гумонбарон ҳоло пайдо нашудаанд. Ба иттилои додситонии шаҳри Люблин... Читать дальше...

Ҷабборов: Дар тарҳи Конститутсияи Қирғизистон низоми омехтаи интихоби вакилон навишта шудааст

Ozodi.org 

Содир Ҷабборов, иҷрокунандаи вазифаи президент ва сарвазири Қирғизистон гуфт, дар тарҳи нави Конститутсияи кишвараш низоми омехтаи интихоби вакилони порлумон ворид шудааст. Ҷабборов дар ин бора дар мулоқот бо сокинони шаҳри Ӯши Қирғизистон хабар дод. Вай гуфт, бар асоси тарҳи нави Конститутсия, нисфе аз вакилони порлумон тариқи ҳавзаҳои якмандатӣ ва нисфи дигар тибқи рӯйхати ҳизбӣ интихоб хоҳанд шуд. "Низоми ҳизбӣ давлати моро ба ҳам зад. Ба ман пешниҳод шуд, комилан ба низоми якмандатӣ бигзарем... Читать дальше...



Москва

Патриотическую акцию «Синий платочек» провели в Нижнем Новгороде в день прибытия «Поезда Победы»


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Сергей Собянин: Обеспечим ученикам комфортные условия



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Бато Багдаев

В День Пушкина театр кукол «Ульгэр» в райцентре Бурятии: Россия, Культура, Дети




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Звезды спорта. Кто они такие и почему их так называют?

Сергей Лёвкин: в Митине завершат возведение физкультурно-оздоровительного комплекса

Полезные приложения для поклонников спортивной ходьбы


WTA

Потапова проиграла Остапенко во втором круге турнира WTA 1000



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Подмосковье

Таунхаусы в Подмосковье за год подорожали в среднем на 6% — до $258,9 тыс



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России