Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Ноябрь
2020

Мунтахаби Тоҷикистон бо Баҳрайну Иморот бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад

0
Мунтахаби Тоҷикистон бо Баҳрайну Иморот бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон имрӯз, 4-уми ноябр, бо раҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев барои баргузор кардани бозиҳои дӯстона бо тимҳои миллии Баҳрайн ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба Дубай сафар мекунад. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, дастаи мунтахаби Тоҷикистон баъди анҷоми ҷамъомади таълимиву тамринӣ, ки дар Душанбе шаш рӯз идома кард, рӯзи чоршанбе ба Дубай парвоз хоҳад кард. Ба ҳайати даста 25 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар – шомиланд.

Мунтахаби Тоҷикистон 7-уми ноябр бо мунтахаби Баҳрайн ва 12-уми ноябр бо мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бозиҳои дӯстона баргузор мекунад. Ҳарду бозии дӯстона дар Дубай доир мегардад.

Нимҳимоятгари «Локомотив»-и Пловдиви Булғористон Парвизҷон Умарбоев баъди бозии аввали дӯстона рӯзи 8-уми ноябр дар Дубай ба мунтахаби Тоҷикистон мепайвандад. Зимнан, 3-юми ноябр “Локомотив” дар бозии даври 1/16 финали Ҷоми Булғористон бар тими «Загоретс» бо ҳисоби 4:3 ғолиб шуда, ба даври баъдӣ роҳ пайдо кард. Дар ин бозӣ яке аз голҳои «Локомотив»-ро футболбози тоҷик ба самар расонд. 

Бояд гуфт, ки ин ду бозии санҷиширо дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба бозиҳои марҳилаи дувуми мусобиқаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 анҷом медиҳад.

Ёдовар мешавем, барои мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи дувуми мусобиқаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» се бозии дигар мондааст. Ба иллати пандемияи коронавирус бозиҳои чаҳор даври охирини марҳилаи дувуми мусобиқаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар Осиё ба соли оянда мавқуф гузошта шуд.

Футболбозони тоҷик дар майдони худ бо мунтахаби Муғулистон, баъдан дар меҳмонӣ бо мунтахаби Ҷопон ва сипас дар хона бо мунтахаби Мянмар рақобат хоҳанд кард.

Ҳоло дар гурӯҳи “F» мунтахаби Ҷопон бо 12 имтиёз дар мақоми аввал қарор дорад. Дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Тоҷикистон бо ҳафтимтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои дувуму севумро касб кардаанд.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстона бо тимҳои миллии Баҳрайн ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»), Муҳриддин Ҳасанов («Хуҷанд»);

Ҳимоятгарон: Давронҷон Эгашев («Бунёдкор», Узбекистон), Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Зоир Ҷӯрабоев, Табрези Давлатмир, Ваҳдат Ханонов (ҳама аз «Истиқлол»), Манучеҳр Сафаров («Локомотив-Помир»), Алишер Баротов («Хуҷанд»);

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон), Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Узбекистон), Комрон Турсунов («ТРАУ», Ҳиндустон), Илҳом Баротов («Истаравшан»), Алишер Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммаджон Раҳимов (ҳама аз «Истиқлол»), Абдулмуъмин Забиров («Хуҷанд»), Шарафҷон Солеҳов («Файзканд»), Хуршед Абдуллоев («Душанбе-83»);

Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов, Шериддин Бобоев, Рустам Соиров (ҳарсе аз «Истиқлол»), Ҷаҳонгир Эргашев, Тоҳир Малодӯстов (ҳарду аз «Хуҷанд»), Ислом Зоиров («Локомотив-Помир»).

Сармураббӣ – Усмон Тошев.





Губернаторы России
Москва

Собянин: 10 тыс. человек получили медпомощь в обновленных приемных отделениях





Москва

Стоматолог Владимир Лосев: сколько времени нужно носить брекеты


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Пожарной охране Москвы исполнилось 220 лет — Сергей Собянин



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Игорь Бутман

Концерты оркестра Бутмана посмотрели более 50 миллионов китайцев




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Больше всего работников с креативными идеями работает в ритейле и спорте

МегаФон привёз спасателям и пожарным грузовик связи

Команда Центрального округа Росгвардии стала призером на чемпионате по пожарно-спасательному спорту в Москве (видео)


Ролан Гаррос

Соболенко победила на старте открытого чемпионата Франции по теннису



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Встреча с Виктором Крикуновым и Вячеславом Пучковым прошла в музее истории АПЗ



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России