Мақомот гуфтанд, ки чаро қурби доллар афзуд. Сокинон аз болоравии нархҳо бим доранд
Қурби расмии сомонӣ дар баробари доллар қариб як сомонӣ коҳиш ёфтааст. Агар 3-юми ноябр дар бонкҳо дар ивази як доллар 10 сомониву 34 дирам медоданд, рӯзи 4-уми ноябр қимати як доллар ба 11 сомониву 30 дирам расидааст.