Комроншоҳ ба "набард"-и ҷаҳонӣ омодагӣ мегирад
Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони номдори тоҷик, қарор аст, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо ҳамроҳи Хушқадам Хусравов, Акмалиддин Каримов ширкат варзад. Мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон рӯзҳои 5-9-уми ноябр дар шаҳри Нови Сади Сербия баргузор мешавад.