Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Ноябрь
2020

"Мо дигар тарс надорем". "Тихоновскаяи туркман" ба мубориза даъват кард

0

Муҳоҷирдухтари туркман Дурсултон Таганова тахминан чор моҳ пеш тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ изҳороти зиддидавлатӣ нашр карда, дар раҳпаймоиҳои мухолифони туркман дар Туркия - макони зисти имрӯзааш иштирок кард.

Ин духтари 29-солаи зодаи вилояти Лебап (Лабиоб) баъди он ки дар намоишҳои эътирозии назди консулгарии Туркманистон дар Истамбул иштирок кард, дар боздоштгоҳ се моҳ нигаҳдорӣ ва баъди ин ба як чеҳраи мухолифони туркман дар хориҷа табдил шуд.

"Мо дигар ҳарос надорем". "Тихановскаяи" туркман ба мубориза барои демократикунонии кишвараш садо баланд кард

Дар ин эътирозҳо аз шеваи бархӯрди мақомоти Туркманистон ба пандемияи коронавирусро интиқод карда, ба истеъфои президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов даъват карданд. Дар Туркманистон, бо вуҷуди ҳодисаҳои зиёди гирифтории мардум ба пневмонияи ғайримаъмулӣ, мақомот ҳеҷ гоҳ вуҷуди коронавирусро эътироф накарданд.

Таганова дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 30-юми октябр гуфт, "ман рӯзи 19-уми июл ҳамроҳ бо муҳоҷирони дигари ҳамватанам бо талаби ин, ки ҳукумат барои ҳимояти мардум аз ин вируси марговар иқдом бикунад, дар эътироз иштирок кардам".

Ӯ мегӯяд, "дар ҳоле, ки ҳукумат мегӯяд, ки дар Туркманистон коронавирус вуҷуд надорад, мардум мемиранд. Чандин хешу наздикони ман аз ин вирус даргузаштанд", гуфт Таганова. Ба гуфтаи ӯ, "мардумро бо ин пандемия танҳо гузоштанд".

Изҳори назарҳои Таганова дар миёни гурӯҳҳои дигари муҳоҷирон ҳам вокунишу пуштибонӣ ба бор овард ва дар кишварҳои дигар ҳам муҳоҷирони туркман, аз ҷумла дар ИМА, дар муқобили намояндагиҳои дипломатии ин кишвар тазоҳурот карданд.

                                           МАЪРАКАИ СИЁҲКУНӢ

Бино ба вокуниши мақомоти Туркманистон, Таганова ба як шахсияте табдил шуд, ки ҳукумати Ишқободро бештар аз ҳар дигар намояндаи мухолифон дар ҳарос гузошт. Хабарнигорони Радиои Озодӣ мегӯянд, ки дар вилояти Лебап мақомот даст ба маъракаи сиёҳкунии Таганова заданд. Оилаи ӯ таҳти фишор қарор гирифт ва маҷбур шуданд фаъолиятҳои оппозитсионии ӯро дар мазҳари ом маҳкум бикунад.

Мақомоти маҳаллӣ дар Лебап ва гурӯҳҳои занон ба мардуми маҳаллӣ талқин мекунанд, ки ӯ як хоин аст, дар фикри ташкили намоишҳои эътирозӣ мебошад ва ҳам ҳадафаш бесубот кардани кишвар аст.

Мақомот дар авҷи сиёҳкуниҳои худ Тагановаро ба Светлана Тихановская, яке аз раҳбарони калидии нирӯҳои мухолифини Беларус монанд карданд. Тихановская, ки дар интихоботи 9-уми август дар муқобили Александр Лукашенко номзад шуд, баъди интихоботе, ки ба гуфтаи мухолифон тақаллуб шуд, мардуми норозӣ аз натиҷаҳои овоздиҳиро ба эътирозҳои бемисли сарҷамъияти оппозитсионӣ баланд кард. Эътирозҳои Беларус наздики се моҳ мешавад, ки идома доранд.

Мақомот дар Лебап мардумро ҷамъ карда, ҳушдор медиҳанд, ки Таганова як нафаре мисли ӯст ва ниятҳои ҳамсон дорад.

Вале худи Таганова мегӯяд, худро бо Тихановская муқоиса намекунад, чунки худро "як фаъол" мебинад, на "қаҳрамон".

Таганова мегӯяд, "ман як шаҳрванди қаторӣ ҳастам, вале ҳаминро мефаҳмам, ки агар мо баланд шуда озодии худро талаб накунем, мо наметавонем як давлати демократии худро бунёд кунем, ба мо касе демократияро мисли як тӯҳфа тақдим намекунад".

Мисли Тихановская, ин фаъоли сиёсии Туркманистон ҳам хостори як ҳукумати наву демократӣ дар Ишқобод аст, ки аз роҳи интихоботи озоду одилона интихоб шавад. Ӯ бовар дорад, ки, ба гуфтааш, "президенти ғайриқонунӣ Бердимуҳаммадов" бояд аз курсӣ канор биравад.

Ӯ мегӯяд, "мо бояд аз роҳҳои қонунӣ тарки қудрат кардани ӯро талаб кунем ва дар интихоботи озоду одилона як раҳбари навро интихоб кунем". Ба гуфтаи Таганова, "мо интихоби дигар надорем, чунки шаҳрвандони Туркманистон дар як ҳолати сангин қарор доранд. Мо бояд ҳуқуқи худро талаб кунем".

Бо вуҷуди ин, ки Туркманистон як кишвари ғанӣ аз захираҳои энержӣ мебошад, мардумаш дар қашшоқӣ ба сар мебарад. Даромад аз захираҳои ҳангуфтро президент Бердимуҳаммадову хонаводааш ва ҳам чанд шахси наздики ӯ назорат мекунанд, ки ба элитаи сиёсии кишвар шомил мешаванд.

Солҳои охир бо поин омадани қимати энержӣ дар ҷаҳон дар ин кишвари дорои 6 миллион аҳолӣ, камбуди ғизову афзоиши нархҳо мушоҳида мешавад.

Ҳукумат гурӯҳҳои мухолифонро саркӯб карда, матбуоти мустақил, озодии баён ва ҳаракати шаҳрвандонро таҳти назорати сахт қарор додааст. Бисёр фаъолону журналистон ва шаҳрвандони кишвар, ки нисбати ҳукумат диди интиқодӣ доранд, ба зиндон ваё муассисаҳои табобати амрози рӯҳӣ андохта шуданд.

         РАҲПАЙМОИ ИСТАНБУЛ ВА ФАЪОШАВИИ ТАГАНОВА

Дар аксҳо аз раҳпаймоиҳои эътирозии Истамбул навиштаҷоте мисли инро дидан мумкин аст: "Чаро ба табибон ташхиси COVID-19 манъ шудааст?", "Мо ба истеъфои билофосилаи раҳбарият ва президенти Туркманистон талаб мекунем, ки дар ғами сиҳҳатии мардум нест".

Дигарҳо овезаҳоеро бо аксҳои Бердимуҳаммадов дар даст доранд, ки дар он саҳнаҳои сайругашти ӯ бо мошинҳои гарони варзишӣ, дучархасаворӣ ва дигар лаҳзаҳҳое аз хушгузарониҳои ӯ сабт шудааст ва ин дар ҳолест, ки мардумаш барои дастрасӣ ба ғизову маводи дорувор мубориза мебаранд.

Дар пайи ин намоиш пулиси Туркия эътирозгаронро пароканда карду Таганова ва даҳҳо нафари дигарро бо иттиҳоми вайрон кардани қоидаҳои карантини давраи коронавирус боздошт намуд. Дар давоми чанд соати баъдӣ, мақомоти Туркия ҳама боздоштшудаҳоро озод карданд, вале Таганова пушти панҷара монд.

Ҳуқуқшиносе, ки аз ҳуқуқи Таганова ҳимоят кард, гуфт, ки дар аризаи консулгарии Туркманистон ба пулис исми ӯ махсус зикр шуда буд. Консулгарӣ иддао кард, ки Таганова ва чор нафари дигар ба кори дипломатҳои туркман мудохила ва ба онҳо таҳдидҳои хушунатомез карданд.

Таганова, ки баъдан ба маркази депортатсионии Салимпошшо интиқол дода шуд, ҳамаи ин иттиҳомотро рад кард.

Мурод Қурбонов, раҳбари гурӯҳи оппозитсионии "Интихоби демократии Туркманистон" он замон гуфт, ки тасмими мақомоти Туркия барои ихроҷи Таганова бо дархости ҳукумати Туркманистон сурат гирифт.

Дар ҳоле, ки тасдиқи дурустии ин иддао имкон надорад, мақомоти Туркманистон, ки яке аз ҳукуматҳои саркӯбгар дар ҷаҳон аст, бо таъқиби мунтақидон дар дохилу хориҷи кишвар кайҳост ном баровардаанд.

Таганова дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки намояндагии дипломатии Туркманистон ҳамеша ба дархостҳои тамдиди шиносномаи шаҳрвандон дар хориҷи кишвар посухи рад медиҳад. Инро дигар туркманҳои сокини кишварҳои хориҷӣ ҳам тасдиқ мекунанд ва мегӯянд, ки ҳадафи онҳо ин аст, ки ин мардум ба ватан баргарданд.

Таганова мегӯяд, азбаски дар дохили кишвар кору даромад нест, бисёриҳо барои кор ба хориҷа мераванд, вале дар берун аз кишвар ҳам мақомот барои онҳо мушкил эҷод мекунанд.

"Онҳо шиносномаҳоро нав намекунанд. Агар як туркман дар хориҷа мурад, онҳо барои интиқоли ҷасад ба хона ёрӣ намекунанд",-гуфт Таганова. "Ҳатто дар давраи пандемия, ки мардум бекор монд, ба касе ёрӣ накарданд. Онҳо ба мардум на дар дохил ва на дар хориҷ ёрӣ намекунанд. Ман ба ҳамин хотир ба намоишҳо (-и зиддиҳукуматӣ) ҳамроҳ шудам".

Таганова рӯзи 12-уми октябр аз боздошт раҳо шуд. Барои озодии ӯ 11 созмони ҳомии ҳуқуқи инсон талош карданд. Онҳо аз Туркия тақозо карданд, ки ӯро ба ватан истирдод накунанд, чун дар ватан ӯро боздошти худсарона ва шиканҷа интизор аст.

                        БАҲОЯШРО ХОНАВОДА ПАРДОХТ МЕКУНАД

Таганова дар ниҳоят дар Истамбул озод шуд ва ба ӯ визаи яксолаи муҳоҷират тақдим гардид. Вале подоши фаъолиятҳои Тагановаро аъзои оилааш дар шаҳри Туркманобод пардохт мекунад.

Рӯзе, ки Таганова дар Истамбул озод шуд, пУлиси Туркманобод бародари хурдии ӯ Бобоҷонро барои бозпурсӣ даъват карда, телефонашро мусодира намуд. Бобоҷон ба хоҳараш гуфт, ки мақомот ӯро дар "тақаллуб" гумонбар мекунанд ва агар пояшро ба Туркманистон гузошт, ҳамон замон ҳабс мешавад.

Модари Таганова -Марямгул Боймуродова гуфт, ки бори аввали оилаи онҳо миёнаҳои моҳи июн таҳти фишор қарор гирифт. Ин замоне буд, ки духтари онҳо дар бораи ҳукумат дар шабакаҳои иҷтимоӣ шарҳҳои интиқодӣ менавишт.

Боймуродова дар сӯҳбат бо бахши туркманистонии Бунёди Ҳелсинки барои ҳуқуқи башар ва гурӯҳи "Мемориал" гуфт, ки мақомот аз онҳо дар бораи зиндагиву кори Таганова дар Туркия суол карданд ва талаб намуданд, ки шумораи телефонашро дар Туркия бидиҳанд. Мақомот инчунин аҳли хонаводаро аз "паёмадҳо"-и фаъолиятҳои Таганова ҳушдор доданд.

Ду гурӯҳи ҳомии ҳуқуқ баъдан гуфтанд, ки пулиси Туркманистон падару модар, бародар, амма, амак ва ҳам шавҳари собиқи Тагановаро бозпурсӣ карданд.

Дар як сабти видеоӣ хешовандонаш маҷбур шуданд духтари худро "хоин" номанд.

Худи Таганова мегӯяд, ки аз фишорҳои болои хонаводааш огаҳ аст. Ӯ мегӯяд, "бешубҳа, ин фишорҳо ба ман ҳам таъсир мерасонанд", вале афзуд, ки муборизаашро "барои озодӣ ба ҳайси як фаъоли Ҳизби интихоби демократии Туркманистон идома медиҳад.

Таганова гуфт, "мо дар гузашта тарс доштем, вале дигар набояд низ ҳаросем".





Губернаторы России
Москва

В Москве выбрали лучших педагогов в рамках городского конкурса — Собянин





Москва

ONYX отправляется в Большой тур по России


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин анонсировал большую летнюю спортивную программу



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Певица

Певица Валерия и Иосиф Пригожин улетели из России в Турцию




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

На ВДНХ пройдет Удмуртский национальный праздник Гербер

Волонтеры Президентской академии в Санкт-Петербурге вносят свой вклад в развитие и повышение доступности спорта для граждан

Четырёх футболисток самарских "Крыльев" сняли с поезда за дебош


Елена Рыбакина

Рыбакина, Путинцева и Бублик стартуют на Ролан Гаррос. Кто в соперниках и чего ждать?



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Происшествия

Прокуратура не будет требовать уничтожить “Вредные советы” Остера



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России