Барои шиносоии ҷасади ду муҳоҷири тоҷик аз наздиконашон ДНК гирифтанд. ВИДЕО
Мақомоти Русия аз пайвандони ду муҳоҷири тоҷик, ки дар сӯхтори шаби 7‑уми ноябр дар вилояти Самара ҳалок шудаанд, барои шиносоии ҷасадҳо натиҷаи озмоиши DNA ё ДНК (аз русии Дезоксирибонуклеиновая кислота) талаб кардаанд.