Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Ноябрь
2020

Путин аз фишори беруна ба Беларусу Қирғизистон гуфт ва Раҳмон аз ду ташаббуси Тоҷикистон

0
Путин аз фишори беруна ба Беларусу Қирғизистон гуфт ва Раҳмон аз ду ташаббуси Тоҷикистон

Президенти Русия Владимир Путин гуфт, ки “талошҳои фишорварии хориҷӣ” болои Беларус, Қирғизистон ва Молдова “ғайри қобили қабул аст”. Рӯзи 10-уми ноябр, зимни ифтитоҳи ҷаласаи сарони кишварҳои Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой Путин гуфт, ки Беларус ҳоло “таҳти фишори беруна қарор дорад”.

Давоми се моҳ аст, ки дар Беларус бо талаби истеъфои Александр Лукашенко мардум намоишҳои эътирозӣ барпо мекунанд. Лукашенкоро баъди интихоботи президентии баҳсбарангези 9-уми август баранда эълон карданд, вале мухолифон ва ҳам Ғарб мегӯяд, ки натиҷаҳои овоздиҳӣ тақаллуб шудааст.

Дар ин ҳама таҳаввулот ва ҳам саркӯби хушунатомези эътирозгарон Маскав аз Минск пуштибонӣ кард. Путин гуфт: “Баъди интихоботе, ки дар кишвари онҳо баргузор шуд, дӯстони беларусии мо таҳти фишори бесобиқа қарор доранд, дар муқобили таҳримҳо ва ҳам амалҳои таҳрикомезе қарор доранд, ки ба сарашон аз роҳи таблиғоту ҷанги иттилоотӣ мерезад”.

Лукашенко қаблан гуфта буд, ки дар пушти эътирозҳои ҷараёндошта дар Беларус Иттиҳоди Аврупо истодааст.

Путин инчунин гуфт, ки ду ҷумҳурии дигари собиқи Шӯравӣ – Қирғизистон ва Молдова ҳамчунин “фишори беруна”-ро эҳсос мекунанд.

Дар Қирғизистон дар паи эътирозҳои дастаҷамъӣ аз натиҷаҳои интихоботи парлумонӣ бӯҳрони сиёсӣ ба амал омад ва президенти он кишвар Сооронбой Ҷеенбеков охири моҳи октябр ба истеъфо рафт. Дар интихоботи президентии 1-уми ноябри Молдова номзади рӯ ба Аврупо Майя Санду баранда шуд ва ҳоло бояд дар даври дуюми интихобот дар муқобили номзади рӯ ба Маскав Игор Додон муборизаро идома диҳад.

Путин инчунин гуфт, ки оташбаси бар сари Қаробоғи Кӯҳӣ бо миёнҷигии Русия ҳосилшуда бояд роҳро ба сулҳ дар Арманистону Озарбойҷон ва ҳам минтақаи Қафқози Ҷанубӣ боз кунад. Путин афзуд, ки дар ҷаласаи сарони кишварҳои Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой изҳороти муштараке дар заминаи роҳҳои муқобила бо коронавирус қабул мешавад.

Даъвати Тоҷикистон ба пуштибонии ду ташаббус

Вебсайти президенти Тоҷикистон хабар дод, ки ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ба таври видеоконфронс баргузор шуд ва Эмомалӣ Раҳмон ҳам аз Душанбе истода дар кори он иштирок кард.

Дар суханронии худ Раҳмон даъват кардааст, ки ташаббуси Тоҷикистон дар заминаи ташкили “Маркази доимамалкунандаи зиддимуходиротии Созмони ҳамкории Шонгҳой ва Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”-ро пуштибонӣ кунанд. Ҳанӯз вокуниши кишварҳои узв ба ин даъват маълум нест.

Инчунин бар асоси муқаррароти ин созмон, раҳбарии давраии СҲШ дар соли 2021 аз Русия ба Тоҷикистон гузашт.

Ба узвияти СҲШ Чин, Ҳинд, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон шомил ҳастанд. Аксари таҳлилгарон ин эътилофро василаи сиёсии Русия ва Чин мешуморанд. Он дар ибтидо бо номи "Панҷгонаи Шонгҳой" таъсис ёфта, ҳадафаш ҳалли мушкилоти марзи байни Чин ва давлатҳои тозаистиқлоли Шӯравӣӣ пешин буд ва мусоидат кард, ки ин кишварҳо қисме аз қаламравҳои худро ба Чин диҳанд, то масъалаи даъвоҳои марзӣ аз байн равад.

Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон дар ин созмон мавқеи нозирро дошта, Арманистон, Озарбойҷон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка кишварҳои муколамакунандаи шарик ба шумор мераванд.





Губернаторы России
Москва

Собянин посетил парад кадетского движения «Не прервется связь поколений!»





Москва

Стоматолог Владимир Лосев: сколько времени нужно носить брекеты


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: 10 тыс. человек получили медпомощь в обновленных приемных отделениях



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Баста

Черный хлеб и сосиски: какие капризы Басты исполняют организаторы концертов по его райдеру




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

VK Fest 2024: Музыка и Развлечения на Открытых Площадках России

Представители KAMA TYRES приняли участие в 57-й легкоатлетической эстафете

На ВДНХ пройдет Удмуртский национальный праздник Гербер


Ролан Гаррос

Медведев пошутил о том, что часто проводит ночные матчи на турнирах «Большого шлема»



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Стоматолог Владимир Лосев: сколько времени нужно носить брекеты



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России