Афсари собиқи тоҷик зери дастгоҳи нафаскашӣ ҷон додааст
Аҳрор Иброҳимов, яке аз афсарони баландрутбаи собиқи тоҷик бар асари сирояти коронавируси нав ҷон додааст. Яке аз дӯстонаш Маҳмаднасир Шодиев рӯзи 11-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Аҳрор Иброҳимов пас аз гирифторӣ ба бемории СОVID-19 ду ҳафта дар шифохонаи вилоятӣ дар Хуҷанд зери дастгоҳи нафаси сунъӣ буд ва рӯзи 5-уми ноябр ба худ наомада ҷон дод. Яке аз табибони шифохонаи Хуҷанд гуфт, дар воқеъ Аҳрор Иброҳимов бар асари сирояти СОVID-19 ҷон вафот кардааст.
Аҳрор Иброҳимов аз соли 1994 дар Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд фаъолият мекард. Маҳмаднасир Шодиев гуфт, ҷасади салафанпечи ӯро барои муддати кӯтоҳе дар саҳни ҳавлии хонавода барои видоъ гузошта ва сипас дар зодгоҳаш ноҳияи Мастчоҳ ба хок супурдаанд.
Дар Тоҷикистон бино ба омори расмӣ то кунун бештар аз 84 нафар бар асари бемории СОVID-19 ҷон додаанд. Аммо мутахассисон омори вазорати тандурустӣ шубҳабарангез номида гуфтаанд, ки миқёси сирояти коронавируси нав ва талафот аз он дар Тоҷикистон ба маротиб зиёд аст.