Зиндагӣ дар пойтахти Тоҷикистон: арзон барои хориҷиён, гарон барои худиҳо
Мувофиқи баҳогузориҳои байналмилалӣ зиндагӣ дар пойхтахти Тоҷикистон – Душанбе хеле арзон аст. Баҳое, ки сокинони Душанбе бо ишора ба даромади худ ба он розӣ нестанд. Ба гуфтаи онҳо, сол то сол харҷашон бештар ва даромадҳояшон камтар мешавад.