Тоҷирон ва моликони корхонаҳо гуфтанд, ки бебарқӣ ба корашон зиён расонд
Моликони баъзе аз дӯкону корхонаҳо дар маҳаллаҳои наздик ба шаҳри Душанбе аз идома ёфтани маҳдудияти нерӯи барқ нигарон ҳастанд. Онҳо мегӯянд, камбуди барқ дар тақрибан як моҳи охир ба кору даромадашон сахт зарба задааст.